Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгирии истеъмол ва истеҳсоли устувор – оғози барномаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони "Switch Asia" дар Осиёи Марказӣ

Bishkek, 01/07/2019 - 10:00, UNIQUE ID: 190702_5
Press releases

Иттиҳоди Аврупо татбиқи барномаи бо номи "SWITCH-Asia" ["Дарҷи Осиё"]-ро дар соли 2007 барои дастгирии “Истеъмол ва истеҳсоли устувор” ва гузариш ба иқтисодиёти "сабз" дар Осиё оғоз намуд; аз соли 2019 барномаи мазкур Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

EU SWITCH Asia Launch

 

Рӯзи ҷумъа, 5 июли соли 2019 маросими оғозшавии расмии Барномаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони “СВИТЧ - Эйша” дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар меҳмонхонаи "Ориён" барои муаррифии ин барнома дар Осиёи Марказӣ, баррасии матлабҳо ва имкониятҳои марбут ба  “Истеъмол ва истеҳсоли устувор” ва муайян кардани нақшаи корӣ барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекстон барои се соли оянда баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур аз ҷониби "Хазинаи истеъмол ва истеҳсоли устувор" дар ҳамкории наздик бо Комиссияи Аврупо, Директорати генералӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ, ва намояндагиҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо ташкил карда мешавад. Намояндагони ҳукуматҳои миллӣ, Иттиҳоди Аврупо, идораҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ҷонибҳои манфиатдор (соҳибкорон, олимон, созмонҳои ғайридавлатӣ, корҳонаҳои хурду миёна ва ғайра) дар муҳокимаҳои интерактивӣ оид ба аҳамият ва зарурати пешбурди моделҳои  “Истеъмол ва истеҳсоли устувор” дар Осиёи Марказӣ бо мақсади дастгирии гузариши панҷ кишвари ин минтақа ба иқтисодиёти камкарбон, каммасриф ва даврагард иштирок хоҳанд кард.

 

Чорабинӣ пайҳам бо Форуми ИА ва Осиёи Марказӣ ва Вохӯрии Вазирон (6-7 июл), ки дар он стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оиди Осиёи Марказӣ пешниҳод мешавад, баргузор мегардад. Стратегияи мазкур, аз ҷумла, банди мушаххасро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, захираҳои об ва татбиқи Созишномаи Париж оиди тағйирёбии иқлим дар бар мегирад.

 

Фаҳмиши зарурат барои зуд гузаштан аз моделҳои истеъмол ва истеҳсоли ноустувор ба иқтисодиёти "сабз" ва рушди устувор торафт зиёд шуда истодааст. Ин гуна гузариш иқдомҳои сиёсати мувофиқ, механизмҳои амалисозӣ дорои иқтидори муносиб, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маърифат дар якчоягӣ бо навоварӣ ва масъулиятро талаб мекунад. 

 

Қазоқистон ва Қирғизистон дар раванди таҳияи стратегияҳои миллӣ барои гузариш ба иқтисоди "сабз" қарор доранд ва корҳонаҳои хурду миёна ва бахш хусусиро ба ин кор ҷалб мекунанд. Ҳукумати Ӯзбекистон бошад, қадамҳои чашмрасро барои муайян кардани уҳдадориҳои худ дар самти таъмини самаранокии энергетикӣ ва рушди манбаъҳои нерӯи таҷдидшаванда, махсусан нерӯи офтоб, бардоштааст. Ба ин тариқ, Тоҷикистон ҳам барои татбиқи барномаҳои калони экологӣ омода аст ва Қазоқистон бошад, бештар тадбирҳои муассири сарфаҷӯии энергетикиро андешида, технологияҳои безарари экологӣ ва идоракунии устувори захираҳои табииро татбиқ карда истодааст.

 

Монанди ин, Қирғизистон кӯшиш мекунад модели безарари экологии рушдро тавассути амалисозии лоиҳаҳои гуногун – аз кишоварзии органикӣ то технологияҳои чароғони каммасриф ва нерӯи таҷдидшаванда ва инчунин эҷоди минтақаи махсуси иқтисодиро барои ширкатҳое, ки технологияҳои "сабзро" истифода мебаранд, ҷорӣ намояд. 

 

Ғайр аз ин, Қирғизистон мехоҳад заминаи меъёриву ҳуқуқиеро таҳия карда, афзалиятҳои рушди иқтисоди "сабзи" кишварро муайян намояд.

 

Гузариш ба истеъмол ва истеҳсоли устувор тағйиротҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, институтсионалӣ, рафторӣ ва технологиро тақозо мекунад. Ин кор дар натиҷаи истифодабарии муштараки принсипҳо, тарзҳо ва стратегияҳо дар самти истеъмол ва истеҳсоли устувор муяссар мегардад. Дар давоми  солҳои оянда (2019-2022), панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз кӯмакҳои коршиносони "Хазинаи истеъмол ва истеҳсоли устувори" барномаи “СВИТЧ - Эйша” ва низоми додани грантҳо барои маблағгузории лоиҳаҳои таҷрибавӣ ҷиҳати озмоиши тарзҳои нав дар самти татбиқи истеъмол ва истеҳсоли устувор дар минтақа баҳраманд хоҳанд шуд. 

 

Барномаи маросими оғози лоиҳа дар ин ҷо дастрас аст.

 

Маълумоти бештар дар бораи барномаи “SWITCH-Asiaдар ин ҷо аст.

 

Тамос барои матбуот:

 

Хонум Сара Габай

Коршинос дар соҳаи муошират ва дониш

"Хазинаи истеъмол ва истеҳсоли устувори" барномаи “SWITCH-Asia

sara@switch-asia.eu

EU Switch Asia Logo

Барномаи "SWITCH-Asia" дар соли 2007 бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо оғоз шуд ва дар тӯли беш аз даҳ сол ин барнома ба пешбурди рушди истеъмол ва истеҳсоли устувор дар бисёре аз кишварҳои Осиё ва Осиёи Марказӣ равона шуда буд – дар марҳилаи аввал 19 кишвар ва аз соли 2019 - 24 кишвар бо барнома фаро гирифта шуданд. Ин дар натиҷаи талошҳои муштараки ҳар се унсури зерини барномаи "SWITCH-Asia" имконпазир гардид:


Унсури минтақавӣ дар самти корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ  аз ҷониби дафтари Барномаи СММ оид ба муҳити зист татбиқ мешавад. 

Хазинаи истеъмол ва истеҳсоли устувор аз ҷониби гурӯҳи созмонҳои зерин татбиқ мешавад: "Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ" ("GIZ"), "Институти стратегияҳои ҷаҳонии экологӣ", "Аделфи";

Низоми грантҳои Барномаи “SWITCH-Asia аз ҷониби Директорати генералии ҳамкорӣ ва рушди байналмилалии Комиссияи Аврупо идора мешавад.

Инчуни назар кунед

Қисми муҳаррирон: