Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Буриан сафари Тоҷикистонро анҷом додааст

Душанбе, 15/03/2019 - 10:36, UNIQUE ID: 190315_9
Press releases

11-14 марти соли 2019 Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ сафир Петер Буриан бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Дар шаҳри Душанбе эшон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот доир намуда, сӯҳбати хуби дуҷонибаро миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон атрофи масоиле, ки манфиати мутақобила доранд, давом дод. Дар ин вохӯрии ошкоро ва дӯстона тарафайн роҳҳои тақвияти кӯмаки Иттиҳоди Аврупоро ба Тоҷикистон баррасӣ намуданд то ин кӯмак ба афзалиятҳои "Стратегияи нави рушди миллии Тоҷикистон" ва "Стратегияи нави ИА нисбати Осиёи Марказӣ", ки моҳи июни соли ҷорӣ қабул карда мешавад, мутобиқтар бошад. Инчунин Вазир  Муҳриддин рағбати амиқи Тоҷикистонро ба оғози раванди гуфтушунид барои таҳия ва бастани "Созишномаи васеъ оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ" бо Иттиҳоди Аврупо изҳор намуданд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд ҳам кӯмаки худро ҷиҳати таъмини амну субот дар кишвар ва дар доираи васеъи масъалаҳо, аз таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба барои мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи нашъаовар сар карда то ҳамкории дуҷониба ҷиҳати паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, идома хоҳад дод.

Ҳангоми иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон сафир Петер Буриан низ бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вохӯрдааст. Сафир Буриан гуфти ин Вазирро, ки ислоҳоти милитсия на танҳо тағйир додани ном ва ё либоси он аст, балки такмили хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар асоси стандарту меъёрҳои баландтарини ҳуқуқи инсон мебошад, бо хушнудӣ истиқбол кард.

Инчунин сафир Петер Буриан дар мулоқот бо Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-полковники Раҷабалӣ Раҳмоналӣ вазъияти амниятиро дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба таври васеъ муҳокима намуда, оид ба беҳтар кардани боҳампайвастшавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он мубодилаи афкор намуд. Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Петер Буриан шарикони тоҷикашро дар бораи вазъи кунунии "Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ", ки дар ҳамкории зич бо шарикони Осиёи Марказӣ таҳия шуда истодааст, иттилоъ дод. Ӯ дар бораи вохӯрии навбатии вазирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, хабар додааст.

Сафир Буриан бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод мулоқот анҷом дода, "Стратегияи нави ИА нисбати Осиёи Марказӣ"ро, ки дар он ташаббуси волоияти қонун яке аз афзалиятҳои асосӣ боқӣ мемонад, муҳокима намуд. Инчунин имконияти дастрасии Тоҷикистон ба механизми махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳавасмандсозии рушди устувор ба истилоҳ "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратӣ + (НУИ+)" муҳокима карда шуд. Тарафайн ба шурӯъ намудани раванди гуфтушунид барои шомил шудани Тоҷикистон ба "НУИ+" изҳори хоҳиш карданд.  Дар ҳолати шомилшавӣ ба "НУИ+" Тоҷикистон метавонад ба бозори Иттиҳоди Аврупо зиёда аз 6600 молҳои дар Тоҷикистон истеҳсолшавандаро бо боҷи гумрукӣ аз рўи меъёри сифр содирот намояд. Cафир Буриан иброз дошт, ки шомилшавии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои баҳрагирандагони "НУИ+" ба фоидаи иқтисодӣ ва рушди устувории мамлакат хоҳад буд.

Қисми муҳаррирон: