Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа системаи нави электронии идоракунии иттилоотиро оғоз намуд

Dushanbe, 14/02/2019 - 13:30, UNIQUE ID: 190214_10
Press releases

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа системаи нави электронии идоракунии иттилоотии соҳаи сууртаи иҷтимоӣ ва нафақаро оғоз намуд ва ба таври автоматӣ саҳмияҳои суғуртавиро дар барнома ба қайд мегирад, пардохтҳоро ҳисоб мекунад ва кормандону муштариён дар бораи ҷойгиркунии ариза ва дархостҳои онҳо дар даври суғурта зудтар огоҳ мекунад. Низоми нави автоматӣ маълумот ва иттилоотро тавассути пойгоҳи мутамарказ бо дигар системаҳои ҳисобдории компютерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодила менамояд. Лоиҳа бо кӯшиши якҷояи байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (АСИН) ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо "Кӯмаки техникӣ барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон" таҳия гардидааст.

EU supports pension system in Tajikistan

 

Ду шўъбаи Агентии шаҳри Хисор ва ноҳияи Варзоб бо дастгоҳи нави барнома дастрас шуданд, инчунин оид ба  системаи автоматӣ таълим(трениниг) гирифтанд ва бо барномаи  марказии  АСИН, системаи ҳисоботдиҳӣ ва "равзанаи ягона"-и Кумитаи андоз пайваст шуданд. Кормандони ин ду ноҳия дар бораи чӣ гуна истифодаи шаклҳои нави автоматикӣ, ҳисоботи моҳона ва дар бораи андозҳои иҷтимоӣ ва саҳмҳои корӣ ба суратҳисоби инфиродӣ, омӯзонида мешаванд.

 

Системаи автоматӣ яку ним сол то ин ҷониб омода карда шудааст. Гурӯҳи кории якҷояи Агентӣ ва  ИТ- дастаи Лоиҳа тартиботи маъмурие таҳия намуданд, ки барои коркарди  саҳмияҳо ва кӯмакпулиҳо  ва пардохтҳои пулӣ, барои баррасӣ ва талаботти  кормандон оид ба таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо заруранд, инчунин барнома сабтҳои электронии шахсии  кормандон  ва нафақахуронро  нигоҳ медорад.

 

Илова ба таҳияи ин нармафзор, Агентӣ ва Лоиҳа раванди тоза ва интиқол додани маълумот ва иттилоотро аз усули истифодаи коғаз ва сабти электронӣ ба системаи сабти иттилоотии автоматикӣ ва системаи коркарди нав гузаштанд. Ин амал аз нимаи моҳи июн то охири моҳи октябри соли 2018 тақрибан 5 моҳро дар бар гирифт. Гурӯҳи корӣ маълумотро дар бораи 1662 корфармо ва тақрибан 800 000 суратҳисобҳои шахсӣ дар Хисор ва 441 корфармо, 192,000 ҳисоби шахсӣ дар ноҳияи Варзоб интиқол дод. Ҳамагӣ 75,000 корфармоён ба системаи суғуртаи иҷтимоии саросари Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

 

Дар марҳилаи пилотии татбиқи система, кормандони ду райони пилотӣ метавонанд ба идораҳои Агентӣ ташриф оварда дархости даврҳои суғуртавии шахс, рақамҳои иҷтимоӣ ва суғуртави ё пардохти нафақаро дастрас карда пур кунанд. Системаи нав ба таври автоматӣ равандҳои худро коркард мекунад ва ба баррасии муроҷиатҳои онҳо, дар муқоиса ба системаи кӯҳнаи коғазӣ, нисбатан зудтар ба роҳ монда шудаат. Агар маълумоти давраҳои суғуртаи даври  гузашта ва маълумоти корфармои онҳо дастрас бошанд, Агентӣ ва Лоиҳа таъин ва пардохти нафақаро зуд ба роҳ мемонанд.

 

Дар давоми шаш моҳи оянда, барои муайян кардани коркарди хуби ин  система ба амалиётҳои пилотӣ, баҳогузорӣ дода мешавад. Интизор меравад, ки низоми нав, агар аз ҷониби  Хукумат тасдиқ шавад, дар муддати чанд соли оянда ба идораҳои дигари минтақавӣ ва ноҳиявӣ интиқол дода мешавад.

 

Барои дастрасии иттилои бештар дар бораи Лоиҳа метавонед бо хонум Азима Шукурбекова, Мутахассиси Лоиҳа оид ба тренинг бо телефони (+992) 90 4770622 ё почтаи электронии azima_2@yahoo.com тамос гиред.

Қисми муҳаррирон: