Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳамоҳангсоз муваффақияти идоракунии лоиҳаи ҷомеаҳои шаҳрвандиро баррасӣ менамояд

Dushanbe, 17/01/2019 - 10:00, UNIQUE ID: 190118_10
Press releases

Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон (минбаъд ХАОМ - Тоҷикистон) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, вохӯрии Кумитаи ҳамоҳангсозро мегузаронад.

Дар чаҳорчубаи лоиҳа барои 54 ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар минтақаҳои Суғд, Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омӯзишҳо гузаронида шуданд. Намояндагони Ташкилотҳои Ҷамъиятӣ (минбаъд ТҶ), роҳбарон ва менеҷерони молиявӣ, ба воситаи омӯзишҳо ба тағйиротҳо дар қонунгузорӣ оид ба фаъолияти ТҶ, аз ҷумла, қонунгузорӣ дар бораи ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои ТҶ, ва вазъияти молиявии онҳо омӯзонида шуданд. Рӯзи дуюми омӯзиш, ба маҳосибон барои фарогирӣ ва маблағгузории буҷа, ҳамчунин талаботҳо, тартиб ва талаботи маблағгузоронро омӯзонид. Рӯзи охирин ба навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ, муҳокима ва тарҳрезии лоиҳаҳо ва талаботҳои маблағгузорони маҳаллӣ ва байналмилалӣ равона шуда буд. Натиҷаҳои саволномаҳои пеш ва баъд аз омӯзиш нишон медиҳанд, ки сатҳи дониши ТҶ ба таври назаррас афзуд.

Дар чаҳорчӯбаи ҷаласа натиҷаҳои бадастомада дар соли аввали лоиҳа, шаффофият, рушд ва пешрафти лоиҳаҳои рушди деҳот, ташвиқ ва ҳамкориҳои мутақобилаи судманд байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин нақшаи корӣ барои соли 2019 ва арзёбии ниҳоии лоиҳа баррасӣ карда мешавад.

Дар ҷаласаи мазкур Зулфия Давлятбекова - менеҷери барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимжон Сайфиддинов - директори ХАОМ - Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, DVV International, Caritas Германия , Blacksmith International, AKF Тоҷикистон ва Намояндагии USAID дар Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Бо сухани ифтитоҳи директори ХАОМ - Тоҷикистон Азимжон Сайфиддинов, Зулфия Давлятбекова, мудири барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ хоҳанд кард. Тариқи презентатсия Илҳом Махкамбаев - директори барнома аз ХАОМ – Тоҷикистон дар бораи кори иҷрошуда ва нақшаҳои оянда маълумот медиҳад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба суроғаи ш. Душанбе, 734024, кўчаи Малика  Собирова 63/2, тел.: (+992) 44 610 21 11, почтаи электронӣ: info@ef-ca.tj муроҷиат намоед.

Қисми муҳаррирон: