Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оиди пардохти 9,36 миллион евро ҷиҳати дастгирии буҷет дар доираи “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ” эълон карданд

Dushanbe, 19/12/2018 - 12:07, UNIQUE ID: 181219_10
Press releases

Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оиди пардохти 9,36 миллион евро ҷиҳати дастгирии буҷет дар доираи “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ” эълон карданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо имрӯз оиди пардохти 9,36 миллион евро ҳамчун қисми транши дуюми “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ II” дар Тоҷикистон эълон карданд.     

Адолат, самаранокӣ, ва сифати беҳтари тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ принсипҳои бунёдии ҳамин дастгирии буҷет маҳсуб меёбанд. Мақсади “Барномаи дастгирии рушди инсонӣ” ин мусоидат дар ноил гаштани ҳадафҳои асосии сиёсат дар бахши тандурустӣ ва дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ мебошад, ки ин дар навбати худ имконияти дастгирии боз ҳам самарабахшро ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ фароҳам меоварад.    

Дар доираи бахши тандурустӣ ҳадафи Барнома таҳкими таъмини саривақтӣ ва бо нархҳои дастрас маводи дорувории босифат ба муассисаҳои  кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  ва беморхонаҳои ноҳиявӣ мебошад. Дар доираи бахши ҳифзи иҷтимоӣ, Барнома ба Тоҷикистон дар иҷроиши талаботҳои техникӣ, ки барои татбиқи ислоҳоти низоми нафақа ва таъмини фарогирии умумимиллӣ ба ҳама гурӯҳҳои марбут зарур мебошанд, кӯмак мерасонад.

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 “Барномаи дуюми Дастгирии рушди инсониро” ба ҳайси барнома ҷиҳати дастгирии татбиқи ислоҳот дар бахшҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон имзо намуданд.

Қисми муҳаррирон: