Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бастани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад

Dushanbe, 10/12/2018 - 12:11, UNIQUE ID: 181210_20
Press releases

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла «Азия Плюс» ва «Радиои Озодӣ», ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамояд.

Имрӯз ба шарафи 70- умин солгарди  Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон аҳамияти ҳифзи ин ҳуқуқҳои универсалии инсонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодии матбуотро баррасӣ намуданд.

 

Сафоратҳои Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мунтазам баста шудани сомонаҳои хабарӣ, аз ҷумла «Азия Плюс» ва «Радиои Озодӣ», ва инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ менамоянд. Мо боварӣ дорем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс барои озодона баён намудани фикру ақидаи худ умумиҷаҳонӣ буда, аз истифодаи он дар майдони ҷамъиятӣ ва ё интернет вобастагӣ надорад.

 

Мо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меоварем, ки озодии матбуотро дар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таъмин намояд. Мо боварӣ дорем, ки пешрафти дарозмуддат, амният ва субот дар Тоҷикистон масъулияти пурраи ҳукуматро ҷиҳати ҳифзи озодии сухан, озодии васоити ахбори умум ва ҳуқуқи рӯзноманигорон барои бе тарси сензура ва ё беҷазо кор карданро талаб менамояд. Илова бар ин, дастрасӣ ба интернети босуръат ва бо нархи дастрас барои рушди иқтисодии ҳар як кишвар бисёр муҳим аст.

Қисми муҳаррирон: