Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тренинг барои гуруҳи мониторингӣ: усулҳои гузаронидани мониторинг ва омодасозии гузориш

Dushanbe, 03/12/2018 - 10:46, UNIQUE ID: 181203_3
Press releases

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо барои аъзои гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг мегузаронанд.

3-7-уми декабри соли 2018 коршиносони Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон Агнешка Клосовска ва Александра Ивановска барои аъзои гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг мегузаронанд. Тренинг дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» баргузор мегардад.

 

Ҳадафи тренинг боло бурдани сатҳи дониши аъзои гуруҳ дар самти усулҳои гузаронидани боздид аз ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодӣ, омодасозии гузориш аз рӯи хулосаҳои натиҷаи сафар, инчунин коркарди стратегияи чорабиниҳои баъди боздид гузаронидашуда аст.

 

Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён дар баробари шиносоӣ бо шартҳои мониторинге, ки аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ гузаронида мешаванд, инчунин бо усулҳои аз ҷониби Механизмҳои миллии пешгирикунандаи дар асоси Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо амалишаванда ошно мегарданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мониторинги беморхонаҳои руҳӣ, муассисаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва объектҳои барои ноболиғон равона карда мешавад.

 

Коршиносон бо иштирокчиён ҳуқуқҳои асосии шахсони дар чунин ҷойҳо қарордошта (масалан, ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ҳуқуқ ба шикоят, ҳуқуқ ба шароити кофии зиндагӣ) ва намунаҳои нақзи онҳоро баррасӣ менамоянд. Ҳангоми тренинг аъзои гуруҳи мониторингӣ инчунин имкони беҳтар сохтани таҷрибаи гузаронидани суҳбат бо шахсони дар ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодӣ қарордоштаро пайдо мекунанд.

 

Гуруҳи мониторингӣ бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2013 ташкил ёфта, дар асоси Муқаррарот фаъолият мекунад. Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилоф, ТҶ «Авеста» ва Ассосиатсияи волидони кӯдакони дорои маълулият дохил мешаванд.

 

Гуруҳи мониторингӣ боздид аз ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодиро аз моҳи феврали соли 2014 оғоз намуд. Аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи ноябри соли 2018 гуруҳ аз 59 муассисаи пӯшидаву нимапӯшида - тавқифгоҳҳои муваққатӣ, СИЗО, муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷтимоӣ, муассисаи нигоҳдории кӯдакони дар мухолифат бо қонун қарордошта, муассисаҳои руҳиву наркологӣ боздид ба амал овард.

 

Макони баргузории тренинг - меҳмонхонаи «Роҳат», 3-7-уми декабри соли 2018

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Таҳмина Ҷӯраева - ҳамоҳангсози Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодӣ, ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» муроҷиат намоед, тел.: +992 224 41 45, почтаи электронӣ: juraeva.t@gmail.com.

Қисми муҳаррирон: