Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсон эътимодномаи худро ба Президент Эмомалӣ Раҳмон супурд

Душанбе, 20/11/2018 - 11:32, UNIQUE ID: 181120_8
Press releases

Имрӯз Сафир Мэрилин Йосефсон эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурд. Акнун Сафир Йосефсон вазифаи худро ба ҳайси Сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври расмӣ оғоз кард.

Marilyn Josefson, EU Ambassador to Tajikitstan

 

Зимни маросими эътимодномасупорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои деринаву пурсамари миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки дар оянда муносибатҳои тарафайн дар бахшҳои мухталиф,  муҳим ва мутақобилан судманд боз ҳам рушд меёбанд.

Сафир Йосефсон аз номи Иттиҳоди Аврупо ҷониби Тоҷикистонро ба муносибати дастоварди калон - ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрик карда, гуфт, ки  ӯ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад то Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо ҳам пайвастатар гарданд ва ӯ дар самти таҳким ва густариши муносибатҳои ҳамаҷониба фаъолона кор хоҳад кард. Ӯ гуфт: "Ҳамкории самараноки Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар ҳақиқат на танҳо матлуб, балки муҳим аст. Мо якҷоя бо мушкилоту ситезаҳои муштарак рӯ ба рӯ ҳастем. Хусусан ман инҷо дар назар сулҳу амниятро, тағйирёбии иқлим, идоракунии устувори захираҳои обию энергетикӣ, навоварӣ ва пешравии технологӣ, тараққиёти баробару устувор ва рушди тартиботи байналмилалӣ мабнӣ бар қоидаҳо, волоияти қонун ва ҳуқуқҳои инсонро дорам. Ҳар ду ҷониб дар ин самт метавонанд саҳми арзандаи худро гузоранд. Бо идома додани ҳамкориҳои зич дар сатҳҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ атрофи мавзӯъҳои мухталиф ба мо имкон медиҳад, ки ободию бехатарию устувории халқҳоямонро ва ҷомеаҳои худамонро таъмин намоем". Охири ин ҳафта дар шаҳри Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва вохӯрии Вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳои муҳим ба мо имкон медиҳанд, ки дар якҷоягӣ оиди роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоямон дар соҳаҳои мазкур андешаронӣ намоем.   

Marilyn Josefson, EU Ambassador to Tajikitstan
  

Қаблан хонум Йосефсон дар Намояндагии доимии Шветсия дар назди Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел кор мекард. Ғайр аз ин, ӯ таҷрибаи бойи кориро дар Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид ба даст овардааст. 

Қисми муҳаррирон: