Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коршиносон аз Тоҷикистон ва ИА ҷараёни татбиқи барномаи пешгириро барои литсейҳои касбию техникӣ ва коллеҷҳо муҳокима намуданд

Dushanbe, 04/10/2018 - 12:34, UNIQUE ID: 181004_8
Press releases

Қисмати барномаи Иттиҳоди Аврупо CADAP воситаҳои заруриро оид ба амалигардонидании барномаи пешгирикунӣ бо усули интихобӣ ва намунавӣ дар Тоҷикистон таҳия карда истодааст.

CADAP Prevention Workshop - Tajikistan

 

Дар маҷмӯъ бисту як ташкилоти шарики миллии барномаи CADAP аз Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ, Хадамоти наркологӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, шӯъбаҳои тиббию машваратии ҷавонон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати корҳои дохилӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар семинари оид ба муҳокимаи барномаи озмоишии (пилотии) пешгирии нашъамандӣ ва дар омӯзиш оид ба гузаронидани мусоҳибаҳои ҳавасмандкунанда иштирок намуданд.

 

Тренер аз Иттиҳоди Аврупо, Кшиштоф Осташевски, механизми татбиқи озмоишии (пилотии) барномаи пешгириро барои литсейҳои касбию техникӣ ва коллеҷҳо, якҷоя бо коршиносони маҳаллӣ муҳокима намуд (сенарияҳои сессияҳои таълимӣ, мониторинг ва арзёбии барнома, таҳияи саволнома, ба барнома ҷалб намудани ҷавононе, ки ба рафтори хавфнок дучор шуда метавонанд, корҳои ташкилотӣ ва логистика). Инчунин барои намояндагони даҳто литсейю коллеҷҳо омӯзиш оид ба услубҳои гузаронидани мусоҳибаи ҳавасмандкунанда ташкил карда шуд.

 

Аз соли 2016 қисмати пешгирикунандаи барномаи CADAP воситаҳои заруриро оид ба амалигардонидании барномаи пешгирикунӣ бо усули интихобӣ ва намунавӣ дар Тоҷикистон таҳия карда истодааст. Барнома аз соли 2017 ба таври озмоишӣ дар панҷ мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ш. Душанбе бо ҷалбу иштироки 43 наврас амалӣ карда шуд. Аммо шумораи иштирокчиёни барнома барои гузаронидани арзёбии самаранокии абзорҳои пешгирикунӣ нокифоя буд. Якҷоя бо шарикони миллӣ тасмим гирифта шуд, ки марҳилаи озмоиширо идома додан лозим аст ва фаъолияти барномаро бо литсейҳои касбию техникӣ ва коллеҷҳои ш. Душанбе оғоз кардан зарур аст. Даҳто литсей/коллеҷҳо, ки дар онҳо барнома ба таври озмоишӣ (пилотӣ) амалӣ шуда метавонад, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

 

С 2016 года компонент по профилактике программы CADAP разрабатывает инструменты по проведению селективной и индикативной профилактической программы в Таджикистане.

 

Барномаи CADAP 6 бо худ давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлатро бо шарикони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, баҳри мусоидат дар минбаъд тақвиятдиҳии сиёсат доир ба паст кардани талабот ба маводи нашъаовар равона шудааст. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (GIZ) амалӣ мегардад.

 

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Мавҷигул Азизулоева, Ҳамоҳангсози миллии Барномаи CADAP дар Тоҷикистон, тел.: (+992) 98 584 32 70, почтаи электронӣ: mavjigul.azizulloeva@giz.de.

 

Қисми муҳаррирон: