Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафар ба ИА аз Тоҷикистон

10/05/2016 - 15:06
Travel to the EU

Ин саҳифа маълумот дар бораи сафар ва таҳсил дар Иттиҳоди Аврупо (ИА), инчунин тафсилоти тамос бо сафоратхонаҳои Аврупоро дар сурати ниёз ба маълумоти минбаъда дарбар мегирад.

Агар шумо ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) рафтанӣ бошед, ду роҳи гирифтани виза мавҷуд аст. Якум роҳ ин гирифтани визаи Шенген аст, ки ба шумо имконияти сафар ба ҳамаи кишварҳои минтақаи Шенген медиҳад. Кишварҳои минтақаи Шенген инҳоянд: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Лаҳистон, Литва, Люксембург, Малта, Маҷористон, Нидерланд, Олмон, Португалия, Словакия, Словения, Фаронса, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон.

Гарчи чаҳор кишвари зайл - Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейтсария - узви ИА набошанд ҳам, онҳо дар Созишномаи Шенген иштирок мекунанд. Бо визаи Шенген дар даст шумо метавонед ба ин кишварҳо ҳам равед.

Британияи Кабир, Булғористон, Ирландия, Кипр, Руминия ва Хорватия аъзоёни ИА ҳастанд, аммо ҷониби Созишномаи Шенген нестанд. Барои сафар ба Британияи Кабир ва Ирландия ба шумо гирифтани визаи алоҳида лозим аст. Чор кишвари дигари дар боло зикршуда ният доранд, ки дар оянда ба Созишномаи Шенген қатӣ шаванд. Нисбати шахсони дорои визаи Шенген ё шиноснома ин кишварҳо низоми махсуси бевизаро истифода мебаранд модоме, ки виза ба минтақаи Шенген ақаллан ду бор ворид шуданро иҷозат диҳад ва шумораи воридшавиҳо ва ё мӯҳлати истиқомат аз ҳадд нагузашта бошад.

Якчанд намуди визаҳои Шенген вуҷуд дорад. Визаи Шенгени навъи "C" (Си) ба шумо на зиёдтар аз 3 моҳ/90 рӯз дар давоми шаш моҳ истиқомат карданро иҷозат дода, ба шумо инчунин имкон медиҳад, ки якбор ё чандбор ба минтақаи Шенген ворид шавед. Визаи навъи "C" барои ҳаргуна сафарҳо ба монанди туризм, командировка ва ё дигар мақсад дода мешавад. Мақсади сафари худро шумо бояд дар ҳуҷҷатҳое, ки ба сафорат барои гирифтани виза месупоред, муайян намоед. Сафорат ҳуҷҷатҳои шуморо баррасӣ карда, ҷавобашро дар асоси ҳуҷҷатҳоятон медиҳад.

Визаи Шенгени навъи "D" (Ди) то як сол эътибор дошта, ба шумо барои то 180 рӯз истодан дар минтақаи Шенген имкон медиҳад. Масалан, агар шумо барои визаи донишҷӯӣ муроҷиат карданӣ ва вақти хонданатон дар хориҷа беш аз 90 рӯз аст, пас шумо бояд иҷозати иқоматро дар кишвари таҳсили худ бигиред то дар онҷо зиёдтар истода тавонед. Иҷозати иқомат ба шумо имкон медиҳад, ки дар минтақаи Шенген бемалол сафар карда тавонед. Инчунин, агар шумо ба кишвари минтақаи Шенген барои кор рафтанӣ ва онҷо дар шаш моҳ зиёд аз 90 рӯз истоданӣ бошед, зарур аст, ки иҷозати иқоматро дар ин кишвар ба даст оваред. 

Барои визагирӣ шумо бояд ба сафорати кишваре, ки тавассути он ба минтақаи Шенген дохил шуданӣ ва ё дар ин кишвар аксари вақт истоданӣ бошед, муроҷиат намоед. Мӯҳлати пешниҳоду баррассии ҳуҷҷатҳо барои визагирӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё сафоратҳои кишварҳо фарқ мекунад. Сипас беҳтар аст ба сафорат ё намояндагии дипломатии дахлдор барои фаҳмидани вақту тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро муроҷиат намоед. Шояд зарур меояд, ки пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо, номи худро қаблан сабт намуда, дар сафорати дахлдор мулоқот анҷом бидиҳед. Маълумотро оиди ҳуҷҷатсупорӣ ва саволҳои маъмулӣ дар сомонаи ИА метавон ёфт: http://ec.europa.eu/dgs/home-affairs/what-we-do/policies/borders-and-visas/visa-policy/required_documents/index_en.htm

Роҳи дуюм ин гирифтани визаи миллии ягон давлати узви ИА мебошад. Ингуна визаҳо фақат барои муддати кӯтоҳ ба касоне, ки ба ин ё он кишвар рафтанӣ ва онҷо кам истоданӣ бошанд, дода мешаванд. Барои гирифтани визаи миллӣ шумо бояд ба сафорати кишваре, ки онҷо рафтаниед, муроҷиат намоед. Визаи миллӣ имкон медиҳад, ки танҳо ба ин давлати Аврупо якбор ва ё чандбор ворид гардед. Барои маълумоти бештар дар бораи талаботи нав ва тартиби ҳуҷҷатсупорӣ, дастурҳои дар сомонаи кишвари дахлдор бударо, лутфан бихонед.

Иҷозати иқомат танҳо аз тарафи мақомоти давлати хориҷӣ дода мешавад. Иҷозати иқомат барои муддати кӯтоҳ ва ё дароз содир мешавад. Иҷозати кӯтоҳмуддат барои на зиёдтар аз 5 сол дода мешавад ва он барои мақсадҳои ба монанди кор ё таҳсил ва ё барои мақсадҳои оилавӣ дода мешавад. Бо иҷозати иқомат дар ягон давлати ИА шумо низ метавонед дар минтақаи Шенген озодона сафар кунед. Маълумоти муфассал оиди талаботи ба даст овардани иҷозати иқомат, лутфан аз сомонаҳои кишварҳои дахлдор ҷустҷӯ намоед.

Сафоратҳои мамолик-узвҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон танҳо ду сафоратхонаи давлатҳои узви ИА визаҳоро содир мекунанд, ин сафорати Олмон ва сафорати Британияи Кабир мебошанд. Ғайр аз ин, сафорати Олмон барои якчанд давлатҳои дигари ИА визаҳо медиҳад. Дар зер шумо метавонед рӯйхати ҳамаи давлатҳои узви ИА ва наздиктарин сафоратхонаҳо ва сомонаҳои онҳоро дарёфт кунед.

Австрия

Ба Олмон нигаред

Белгия

Ба Олмон нигаред

Британияи Кабир (Англия)

Cафорат дар Тоҷикистон:https://www.gov.uk/government/world/organisations/british-embassy-dushanbe

Бо визаи миллии Британияи Кабир шумо ба минтақаи Шенген даромада наметавонед!

Булғористон (Болгария)

http://www.mfa.bg/embassies/afghanistan     Cафорат дар Афғонистон

http://www.mfa.bg/embassies/kazakhstan/en/972/index.html  Cафорат дар Қазоқистон

http://www.mfa.bg/embassies/uzbekistan  Cафорат дар Ӯзбекистон

Бо визаи миллии Булғористон шумо ба минтақаи Шенген даромада наметавонед!

Дания

http://rusland.um.dk/  Cафорат дар Москва

Ирландия

https://www.dfa.ie/irish-embassy/russia/  Cафорат дар Москва Бо визаи миллии Ирландия шумо ба минтақаи Шенген даромада наметавонед!

Испания

Ба Олмон нигаред

Италия

Ба Олмон нигаред

Кипр

http://www.mfa.gov.cy/mfa/embassies/embassy_moscow.nsf/index_ru/index_ru?OpenDocument Cафорат дар Россия

janetta@elcat.kg Консулгарӣ дар Қирғизистон

grekconsul@gmail.com Консулгарӣ дар Ӯзбекистон

Бо визаи миллии Кипр шумо ба минтақаи Шенген даромада наметавонед!

Латвия

http://www.mfa.gov.lv/en/kazakhstan  Cафорат дар Қазоқистон (Остона)

kukelis@hotmail.com    Консулгарӣ дар Қазоқистон (Алмаато)

Лаҳистон (Полша)

http://astana.msz.gov.pl/ru/              Cафорат дар Қазоқистон (Остона)

almaty.kg.sekretariat@msz.gov.pl  Консулгарӣ дар Қазоқистон (Алмаато)

http://taszkent.msz.gov.pl/ru/      Cафорат дар Ӯзбекистон

Литва

https://kz.mfa.lt/kz/en/  Cафорат дар Қазоқистон

Люксембург

Ба Олмон нигаред

Малта

http://foreignaffairs.gov.mt/en/Embassies/ME_Moscow/Pages/The-Embassy.aspxCафорат дар Москва

Маҷористон (Венгрия)

http://www.mfa.gov.hu/kulkepviselet/KZ/en/mainpage.htm Cафорат дар Қазоқистон (Остона)

http://www.mfa.gov.hu/kulkepviselet/Almati/en/mainpage.htm Консулгарӣ дар Қазоқистон (Алмаато)

Нидерланд (Голландия)

Ба Олмон нигаред

Олмон (Германия)

http://www.duschanbe.diplo.de/Vertretung/duschanbe/de/04Visa_20neu/visa-seite-dt.html Инчунин, сафорати Олмон дар Тоҷикистон визадиҳиро барои Австрия, Белгия, Испания, Италия, Люксембург,  Фаронса, Финляндия, Нидерланд, Португалия ва Шветсия ба зиммаи худ гирифтааст. Ҳамаи дархостҳои визагӣ ва саволҳои дар бораи кишварҳои мазкур метавонед ба сафорати Олмон равона кунед.

Португалия

Ба Олмон нигаред

Руминия

http://astana.mae.ro/en/node/371 Cафорат дар Қазоқистон

http://taskent.mae.ro/en  Cафорат дар Ӯзбекистон

Бо визаи миллии Руминия шумо ба минтақаи Шенген даромада наметавонед!

Словакия

http://www.mzv.sk/Astana  Cафорат дар Қазоқистон

http://www.mzv.sk/Tashkent  Cафорат дар Ӯзбекистон

Словения

http://moscow.embassy.si/  Cафорат дар Москва

evroat@globalnet.uz   Консулгарӣ дар Ӯзбекистон

Фаронса (Франтсия)

Ба Олмон нигаред

Финляндия

Ба Олмон нигаред

Хорватия

http://cn.mvep.hr/   Cафорат дар Чин

http://ru.mvep.hr/  Cафорат дар Россия

Бо визаи миллии Хорватия шумо ба минтақаи Шенген даромада наметавонед!

Чехия

http://www.mzv.cz/astana Cафорат дар Қазоқистон

http://www.mzv.cz/tashkent  Cафорат дар Ӯзбекистон

bishkek@honorary.mzv.cz Консулгарӣ дар Қирғизистон

Шветсия

Ба Олмон нигаред

Эстония

http://www.astana.vm.ee   Cафорат дар Қазоқистон

Юнон (Гретсия)

Ба Олмон нигаред

Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия
Университатштрассе 8/1°,
1090 Вена, Австрия
Телефон: (+43-1) 409-82-66
Факс: (+43-1) 409-82-66-14, 409-82-66-21 
Нишонаи электронӣ: info@tajikembassy.at 
Сомона: http://www.tajikembassy.at 

Хадамоти консулӣ 
Нишонаи электронӣ: consular@tajikembassy.at

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, Нидерланд, Люксембург, намояндагӣ дар Иттиҳоди Аврупо, НАТО, ЮНЕСКО  
Гулгашти Генерал Жак, 16
1050 Брюссел, Белгия
Телефон: 00 32 (0)2 640-69-33
Факс: 00 32 (0)2 649-01-95
Нишонаи электронӣ: info@tajemb.be 
Сомона: http://www.tajikembassy.be

Хадамоти консулӣ
Нишонаи электронӣ: consular@tajemb.be

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса 
14 avenue d'Eylau
Париж, 75016 
Телефон:+33 (0) 170 92 93 42
Факс +33 (0) 177 72 64 99
Нишонаи электронӣ: info@tajembfrance.fr  
Сомона: http://www.tajembfrance.fr

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон
Перлебергерштрассе 43,
10559 Берлин, Олмон
Телефон: +49-30-347-9300
Факс: +49-30-347-93029, +49-30-347-93018
Нишонаи электронӣ: info@botschaft-tadschikistan.de  
Сомона: http://www.botschaft-tadschikistan.de

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
Гроув Хауз
26-28 Хаммерсмит Гроув
Лондон, W6 7BA
Телефон:+44 (0) 208 834 1003
Факс +44 (0) 208 834 1100
Нишонаи электронӣ: info@tajembassy.org.uk 
Сомона: http://www.tajembassy.org.uk/

"ЭРАЗМУС+"  ЧӢ БОШАД?

"Эразмус+" ин барномаи Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш барои солҳои 2014-2020 мебошад. Он аз таҷрибаи барномаҳои қаблии Аврупо, ки дар муддати беш аз 25 сол дар соҳаҳои маориф, омӯзиш ва ҷавонон чи дар худи Аврупо ва чи дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ мешуданд,  истифода мебарад. Ҳоло "Эразмус+" чанд барномаҳои зеринро, ки аз тарафи Комиссияи Аврупо дар солҳои 2007-2013 амалӣ мешуданд, дарбар мегирад:

  • "Барномаи таълими якумрӣ"
  • "Ҷавонон дар барномаи амалиётӣ"
  • Барномаи "Эразмус Мундус"
  • "Темпус"
  • "Алфа"
  • "Эдулинк"
  • Барномаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои саноатӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ. Барномаҳои мазкур ба дастгирии соҳаҳои таҳсилоти олӣ, таҳсилоту омўзиши касбӣ, маорифи мактабӣ, таълими калонсолону ҷавонон (аз ҷумла дар самти байналмилалӣ) равона шуда буданд.

ХУСУСИЯТҲОИ МУҲИМИ БАРНОМАИ "ЭРАЗМУС+"

  • Эътироф ва бакорбарии малака ва ихтисос
  • Интишор ва истифодабарии натиҷаҳои лоиҳаҳои таҳсилотӣ
  • Дастрасии озод ба маводҳои таълимӣ, ҳуҷҷату воситаҳое, ки аз тарафи "Эразмус+" омода шуданд
  • Ҳамкориҳои байналмилалӣ
  • Бисёрзабонӣ

"Эразмус+" ҳамкорӣ ва табодули дониш байни соҳаҳои гуногуни маориф, омӯзиш ва ҷавононро ривоҷу равнақ дода, маҳдудиятҳои сунъиро, ки миёни барномаҳою лоиҳаҳои мухталиф ҷой доштанд, бартараф мекунад. Инчунин, ин  барнома фикрҳои ҷадидро парварида, корфармоёни нав ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба фаъолияти худ ҷалб намуда, шаклҳои нави ҳамкориҳо пешниҳод мекунад ва сипас барномаҳои пештараро боз ҳам беҳтар хоҳад гардонд. "Эразмус+" ба як асбоби пурсамаре, ки ҷиҳати ҳалли ниёзҳои воқеӣ дар роҳи рушди сармояи инсонӣ ва инкишофи иқтидори иҷтимоӣ дар Аврупо ва берун аз он равона аст, мубаддал хоҳад гашт.

"Эразмус+" барои доираи васеи фаъолияту лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, омӯзиш, ҷавонон ва варзиш грантҳоро пешниҳод хоҳад кард. Ин барнома ба донишҷӯён, таҳсилкунандагон, кормандон ва ихтиёриён имконият медиҳад, ки онҳо ба хориҷа рафта, маҳорату малакаи худро баланд созанд ва соҳиби кор шаванд. Ҳамчунин, барнома ташкилотҳоро ба шарикии байнамилалӣ даъват намуда, ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои маориф, омӯзиш ва ҷавонон мусоидат мекунад. Самти нави барнома ин дастгирии лоиҳаҳои варзишӣ мебошад, агар онҳо ба ҳалли мушкилоти фаромарзӣ ба монанди мубориза алайҳи бозиҳои сохта, истифодабарии допинг, зӯроварӣ ва нажодпарастӣ равона шуда бошанд.

БУҶА ЧӢ ҚАДАР БОШАД?

Мувофиқи сарлавҳаи якуми буҷаи Иттиҳоди Аврупо буҷаи умумии индикативии ин барнома дар 7 соли оянда (2014-2020) ба 14 миллиард 774 миллион евро баробар аст. Буҷаи солонаи барнома бошад, аз ҷониби мақомоти буҷавии Иттиҳоди Аврупо муайян мегардад.

Оиди марҳилаҳо ва тартиби тасдиқи буҷаи Иттиҳоди Аврупо шумо метавонед дар сомонаи зайл шинос шавед:http://ec.europa.eu/budget/documents/budget_current_year_en.htm

Инчуни назар кунед

Қисми муҳаррирон: