Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаҳо

10/05/2016 - 15:06
Cooperation

Чӣ тавр Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҳадафҳои стратегии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намуда, ба натиҷаҳои мушаххас ноил мегардад.

Ҳадафҳои стратегии Лоиҳаҳои ИА, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мешаванд, дар Стратегияи шарикии Иттиҳоди Аврупо барои соли 2010 ва Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ барои соли 2010 баён карда шудаанд. Кӯмаки ИА махсусан ба дастгирии рушди демократӣ ва идоракунии муносиб, ислоҳоти меъёрӣ-ҳуқуқӣ, рушди институт сионалӣ, ба вуҷуд овардани потенсиали маъмурӣ ва рушди инфрасохтор равона карда шудааст.

Маблағи умумии кӯмаки ИА, ки аз соли 1992 инҷониб барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, беш аз 750 миллион евро арзёбӣ карда мешавад. Кӯмаки мазкур, ҳам дар намуди дастгирии буҷет ва ҳам дар намуди кӯмаки техникӣ, аввал дар доираи Барномаи кӯмаки молиявии истисноӣ (БКМИ) ва Барномаи амнияти озуқаворӣ (БАО), ҳоло бошад, тариқи Воситаи ҳамкорӣ барои рушд (ВҲР) ба таври афзоянда пешниҳод карда мешавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи мақсадҳои умумии ҳамкории ИА, дастгирии сиёсат ва самтҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонед дар Стратегияи ИА оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, ки ӯҳдадории пардохти 251 миллион евроро барои ҳамин давра пешбинӣ намудааст ва Намунавии Бисёрсола барои солҳои 2014-2020, ки он ба буҷети миёнаи солонаи 35 миллион евро баробар мебошад, пайдо намоед.

Илова ба кӯмаки дар доираи Воситаи ҳамкорӣ барои рушд (ВҲР), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд барномаҳои минтақавӣ ва мавзӯии ҷорӣ вобаста ба соҳаҳо, аз қабили идоракунии марз ва назорати маводи мухаддир, маориф, об/муҳити зист ва амнияти ҳастаӣ, ҳуқуқҳои инсон ва демократия, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун, рушди соҳибкории хурд ва миёна, энергетика, нақлиёт ва сулҳу субот иштирок карда истодааст.

Лоиҳаҳои охирин

 

Инчуни назар кунед

Қисми муҳаррирон: