Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИА

10/05/2016 - 15:06
EU relations with Country

Дастурамал оид ба фаъолияти муштараки Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ ва оиди ҳамкории Намояндагии ИА дар Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили стандартҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Айни замон, равобити сиёсӣ миёни ИА ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣи дуҷониба ва Стратегияи шарикии навини Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ пеш бурда мешавад.

Ҳуҷҷатҳои стратегӣ

Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ аз санаи 1-уми январи соли 2010, баъд аз тасдиқшавӣ аз ҷониби ҳамаи кишварҳои ИА эътибор пайдо намуд. Азбаски Созишнома асосҳои васеъшавии муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориро муқаррар намуда, ба баланд бардоштани сатҳи савдои дутарафа ва ҳаҷми сармоягузорӣ равона шудааст, он ба густариши равобити тарафайн ва баланд бардоштани аҳамияти симои ИА дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ равобити дутарафаро дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ вусъат медиҳад. Тавассути гузаронидани вохӯриҳои мунтазами вазирони корҳои хориҷии ИА ва Осиёи Марказӣ, Стратегия муколамаи сиёсиро тақвият дода, инчунин шоҳиди ҷорӣ шудани муколамаи таркибӣ оид ба масоили ҳуқуқи инсон гардида, ба иқдомоти ИА дар соҳаҳои маориф, волоияти қонун, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об оғоз бахшид. Он ҳамчунин ба вусъатёбии ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва нақлиёт, хавфҳо ва душвориҳои умум (аз ҷумла, идораи сарҳад ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир), инчунин равобит дар соҳаҳои савдо ва иқтисодиёт кӯмак намуд.

Кишварҳои ИА ва Осиёи Марказӣ ҷонибдории хешро ба Стратегияи ИА барои Осиёи Марказӣ изҳор намуданд ва татбиқи пурраи стратегияи мазкур давом дорад. Ҳамасола Шӯрои ҳамкории ИА бо Тоҷикистон ҷаласаи сатҳи баландро миёни ИА ва Тоҷикистон баргузор менамояд.

Ҳамкорӣ бо мақсади рушд

Намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар айни замон Барномаи намунавии бисёрсола барои солҳои 2014-2020-ро амалӣ намуда истодааст, ки он заминаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушд миёни ИА ва Тоҷикистонро ташкил медиҳад

Тибқи барномаи мазкур, дар ин давра ҳамкорӣ миёни ИА ва Тоҷикистон се масъалаи марказиро фаро мегирад:

  • рушди деҳот;
  • соҳаи тандурустӣ;
  • соҳаи маориф ва омӯзиши касбӣ.

Намояндаи махсуси ИА барои Осиёи Марказӣ, Сафир Питер Буриан (Peter Burian) соли 2015 ба Тоҷикистон ташриф овард ва аҳамияти муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуд. Вай ваъда дод, ки ИА дастгирии худро идома медиҳад, аммо зарурати гузаронидани ислоҳоти бештарро дар соҳаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Наздиктар ба мардуми Тоҷикистон

Бо мақсади наздиктар гардонидани ИА ба мардуми Тоҷикистон, ИА ҳамасола Ҳафтаи Аврупоро ташкил мекунад. Ин имконияти муаррифӣ намудани фарҳанги Аврупоро ба Тоҷикистон ва пешниҳоди маълумот оиди фаъолияти Намояндагии ИА мебошад. Ғайр аз ин, бисёре аз донишҷӯёни тоҷик аллакай ба таҳсил тавассути барномаи Erasmus Plus муваффақ гаштанд, ки ин ба онҳо барои таҳсил кардан дар кишварҳои ИА имкон фароҳам меоварад.

Муносибатҳои иқтисодӣ миёни ИА ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣи дуҷониба ва Стратегияи шарикии навини Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ба таври васеъ амалӣ мегарданд. Стратегияи шарикии навин барои соли 2010.

Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ ба беҳтар намудани равобити дуҷониба миёни ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, дар қатори дигар масъалаҳо, ба савдо ва сармоягузории дуҷониба мусоидат менамояд. Ҳамин тариқ, Стратегияи шарикии навин таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ-итқтисодиро мавриди ҳадафҳои калидии худ қарор медиҳад.

Қарзҳо ва сармоягузорӣ

ИА якчанд барномаҳои қарзӣ ва сармоягузориро таҳия намудааст, ки дар гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо баҳравар гардида буд.Тоҷикистон аввалин қарзи худро аз Бонки Сармоягузории Аврупо соли 2011 гирифта буд ва худи ҳамон сол ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаро оиди Маблағгузорӣ барои Барномаи дастгирии рушди захираҳои инсонӣ марбут ба соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва идоракунии молияи давлатӣ ба имзо расонданд.

Муҳокимаҳои сатҳи баланд

Мавзӯи муносибатҳои иқтисодӣ аксар вақт дар рӯзномаи Шӯрои ҳамкории ИА бо Тоҷикистон қарор дорад, ки он ҳамасола муҳокимаҳои сатҳи баландро баргузор менамояд. Муҳокимаҳои мазкур аҳамияти ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзоиши назаррасро дар савдои дуҷониба, ки ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди он гаштаанд, таъкид менамоянд.

Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ИА ва Тоҷикистон дар асоси Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорие, ки моҳи октябри соли 2004 ба имзо расида, аз 1 январи соли 2010 ба эътибор даромад, ба танзим дароварда мешаванд. Созишномаи мазкур шартномаи ғайриимтиёзиеро дар назар дошта, тарафайн дар доираи он ба якдигар форамтарин шароит барои савдо тавассути таърифаҳои мусоид ва манъ кардани маҳдудиятҳои миқдорӣ фароҳам меоваранд. Ғайр аз ин, Созишномаи мазкур наздикшавии тадриҷии базаи меъёрию ҳуқуқӣ ва тартиботи давлатиро, аз ҷумла қоидаҳои техникӣ, талаботи санитарӣ ва фитосанитарӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва масъалаҳои гумрукӣ, ба стандартҳои муҳимтарини ИА дар бахши тиҷорат пешбинӣ мекунад. Ин барои соридоти молҳои истеҳсоли Тоҷикистон ба бозорҳои ИА замина мегузорад.

Инчунин Тоҷикистон дар Низоми умумишудаи имтиёзҳои ИА иштирок мекунад. Ин Низом як механизми савдои дуҷонибае аст, ки тавассути он ИА барои водироти молҳои истеҳсоли баъзе минтақаҳо ва кишварҳои тараққикардаистода ба бозори ИА тариқи боҷи арзон шароити мусоидро муҳайё мекунад. Имтиёзҳо барои воридоти молҳои Тоҷикистон ба ИА асосан ба ду соҳа, яъне маҳсулоти саноат чун фулузоти ранга ва маснуоти бофандагӣ, бахшида шуданд.

Гарчи муносибатҳои тиҷоратии дуҷонибаи ИА ва Тоҷикистон маҳдуд бошанд ҳам, онҳо солҳои охир тавсеа ёфта истодаанд. 10,1% ҳаҷми умумии савдои берунии Тоҷикистон дар соли 2014 ба ҳисоби ИА омад. Ин тавр ИА ба шарики панҷуми бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон баъд аз Чин, Русия, Қазоқистон ва Туркия мубаддал гашт. ИА аз Тоҷикистон асосан алюминий, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маснуоти бофандагиро ворид менамояд ва ба Тоҷикистон асосан техника, таҷҳизоти нақлиётӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти озуқа ва нӯшокиҳо, ва маҳсулоти кимиёвиро содир мекунад.    Илова бар ин, ИА шарики муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Он лоиҳаҳои кӯмакро дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ амалӣ месозад.

Сармоягузории мустақими хориҷӣ (СМХ) аз чониби ИА ҳоло маҳдуд аст. Ҳоло дар кишвар шумораи ками корхонаҳои муштарак фаъолият доранд.

ИА ворид шудани Тоҷикистонро ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) дастгирӣ намуд ва дар ин маврид ёрии хешро расонд, зеро узвият дар СУС ба Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамроҳ гардад. Ин амал дар навбати худ бояд ба рушди робитаҳои тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон такон бахшад. Тоҷикистон барои ҳамроҳ шудан ба СУС соли 2001 ариза дода буд. Раванди гуфтушунид то 26-уми октябри соли  2012 идома ёфт, ки он вақт Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба СУС бастаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшавиро пазируфта, онро ба Шӯрои генералии СУС пешниҳод кард.  Шӯрои генералии СУС  10 декабри соли 2012 дар бораи ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба СУС Протоколи махсусро имзо намуд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ба СУС ҳамроҳ шудани  Тоҷикистонро 9 январи соли 2013 ба тасвиб расонид. Санади ба тасвиб расидани Протокол баъдан аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва расман ба Котиботи СУС 31 январи соли 2013 пешниҳод гардид. Тоҷикистон 2 марти соли 2013 узви комилҳуқуқи СУС шуд.

Узвият дар СУС ба кишварҳои нав ҳамроҳгашта манфиати фаврӣ намедиҳад, балки замина барои рушди минбаъда ва озодиҳо дар низоми тиҷоратии мамлакати узви СУС фароҳам меоварад. Новобаста аз ин, Тоҷикистон дарҳол узви фаъоли СУС гардида, моҳи октябри соли 2014 Нақшаи фаъолияташро  қабул намуд ва дар он чорабиниҳои барои иҷрои ӯҳдадориҳои кишвар зарур номбар гардиданд, ки аз узвияти он дар СУС бармеоянд. Дар баробари дигар донорҳо, ИА кӯшиш дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистонро дар амалӣ сохтани як қатор чорабиниҳои дар Нақшаи мазкур дарҷгардида дастгирӣ намояд.

Муколамаҳо оид ба ҳуқуқҳои инсон байни ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн ва мусоидат ба таҳқими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар сатҳи бисёрҷониба, ба монанди Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Созмони Миллали Муттаҳид, платформаеро пешниҳод менамояд. Мансабдорон аз ИА бо шарикони худ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои муҳокимаи масъалаҳо вобаста ба ҳуқуқҳои инсон вохӯриҳо анҷом медиҳанд. Муколама оид ба ҳуқуқҳои инсон ҷаласаи сатҳи баланд ба шумор меравад.

Аз сабаби он, ки Муколамаи аввалин 30-ми октябри соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, як қатор Муколамаҳои дигари гузаронидашуда кӯшиш ба харҷ доданд, ки ҳуқуқҳои инсонро дар Тоҷикистон беҳтар гардонанд. Бар хилофи вохӯриҳои қаблӣ, Муколама оид ба ҳуқуқҳои инсон соли 2015 дар шаҳри Брюссел баргузор гардид. ИА аз фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон истиқбол намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими минбаъдаи сохторҳои институтсионалӣ, аз ҷумла, ҷорӣ намудани вазифаи Ваколатдор оид ба Ҳуқуқҳои Кӯдакон даъват ба амал овард. Қабули барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ҳамчун як қадами мусбат эътироф гардид. ИА фаъолияти ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мубориза бо шиканҷа истиқбол намуда, зарурати саъю талошҳои иловагиро баҳри муқовимат бо беҷазогӣ таъкид намуд.

Асосҳои сиёсат

Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи шарикии навини Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ Ҳам Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни ИА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Стратегияи шарикии навини ИА барои Осиёи Марказӣ дорои муқаррароте мебошанд, ки ба рушди ҳуқуқҳои инсон ва демократикунонии кишварҳое, ки аъзои ИА нестанд, мусоидат менамояд.

Дар давраи солҳои 2015-2019, ИА Нақшаи махсуси фаъолиятро оид ба ташвиқи Ҳуқуқҳои инсон ва демократиятаҳия намуд. Нақшаи мазкур аз 97 амал иборат буда, баҳри ҳаллу фасл намудани масъалаҳои роҷеъ ба ҳуқуқҳои инсон ва демократия тарҳрезӣ шудаанд. Ҳам Барномаи қолабии стратегии ИА оид ба ҳуқуқҳои инсон ва демократия, ки соли 2012 қабул гардид, ва ҳам Нақшаи чорабиниҳои ҷорӣ барои фаъолиятҳои Намояндагии ИА дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ҳуқуқҳои инсон замина фароҳам меоваранд.

ИА Тоҷикистонро дар таъмини пурраи риояи ҳамаи меъёрҳои САҲА ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон дастгирӣ менамояд. Таҳким бахшидани волоияти қонун ва беҳтар намудани фаъолияти низоми ҳуқуқӣ зарур аст.

Боз як шакли ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон, яъне иқдоми ИА оид ба “Волоияти Қонун” дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна амалӣ шуда истодааст. Дар Тоҷикистон, ин иқдом як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, семинарҳо оид ба тайёр намудани судяҳо ва ҳуқуқи ҷиноӣ ва сафарҳои омӯзишӣ ба кишварҳои Аврупо барои хизматчиёни давлатӣ ва олимонро дар бар мегирад.

САДҲИ

Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқҳои инсон барои ИА воситаи муҳими маблағгузорӣ ва дастгирӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, ИА таваҷҷӯҳи худро ба ташвиқи низоми плюралистӣ, ки нақши ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким мебахшад, равона намудааст. Дар доираи барномаи мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду сол як маротиба тақрибан 900 000 евро мегирад.

Ҳамкорӣ миёни Комиссияи Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳҳои мутамарказ, минтақавӣ, зерминтақавӣ ва миллӣ тавассути лоиҳаҳои гуногун, ки аз Брюссел, Остона, Бишкек ва Душанбе идора мешаванд, амалӣ мегардад.

Ҳамкорӣ байни Комиссияи Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки моҳи октябри соли 2004 ба имзо расид ва аз 1 январи соли 2010 ба эътибор даромад, танзим мешавад.

Бо мақсади ҳамкорӣ ба хотири рушд, Стратегияи нави нисбати кишвар ва барномаи бисёрсолаи амалисозии English (en) он барои солҳои 2014-2020 омода ва қабул гардиданд, ки тибқи ин ҳуҷҷатҳо кӯмаки молиявии мустақим ба Тоҷикистон ба ҳаҷми 251 миллион евро муқаррар шудааст, яъне дар давраи мазкур кишвар ҳар сол тақрибан 35 миллион евро кӯмак хоҳад гирифт, ки ин нисбат ба давраи кӯмакрасонии молиявии гузашта беш аз 80 фоиз зиёд аст. 

Мушкилоту ситезаҳои доғи рӯз дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ин паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди поянда ва ҳамаҷониба мебошанд. Ин  ситезаҳо аз сабаби зиёдшавии ниёзҳои  насли сершумори ҷавонон, ки имконоти бештару хубтарро дар соҳаҳои маорифу иқтисодиёт меҷӯянд,  ба вуқӯъ меоянд. Бо мақсади ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳал намудани мушкилоту ситезаҳои мазкур, Иттиҳоид Аврупо кӯшиш дорад, ки кӯмаки худро ба дастгирии ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва рушди пояндаи деҳот равона кунад.

Дар ин соҳаҳо бошад, ҳалли масъалаҳои зайл дар назар аст:

Маориф
 

  • Бо назардошти ниёзҳои ҳаррӯзаи ҷомеа беҳтар намудани сифати маълумоти миёна ва омӯзиши касбию техникӣ, ки ин ба хатмкунандагони мактабҳо имкон медиҳад, ки барои кору зиндагӣ беҳтар омода шаванд.
  • Тақвияти тартиб, раванд ва иқтидори банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва идоракунии молиявӣ дар вазоратҳое, ки барои таҳсилоти миёна ва омӯзиши касбию техникӣ масъул ҳастанд.

Тандурустӣ

  • Таҳкими иқтидори идоракунӣ ва роҳбарӣ дар соҳаи тандурустӣ
  • Тавсеаи фарогирии аҳолӣ бо хизматрасонии тиббие, ки хусусан барои аҳолии осебпазир ва дар сатҳи кӯмаки аввалия дастрас, мувофиқ, одилона ва сифатнок бошад.

Рушди деҳот

  • Таҳкими низоми идоракунӣ дар сатҳи вилоят, ноҳияю маҳалла ва тақвияти иқтидори деҳот дар таъмини рушди фарогир ва мухтор.
  • Баланд бардоштани тобоварии хочагиҳои хурди деҳконӣ дар муқобили хатарҳои табиӣ ва маҳдудияти маводу захираҳо
  • Сабук кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим тавассути таъсиси низоми ҳамбаста барои идоракунии об ва дигар захираҳои табиӣ ва ҷорӣ намудани низоми мудирият дар ҳудуди ҳавза(ча)ҳои дарёҳои интихобшуда.
     

Барномаи бисёрсолаи нишонагузори нав бо маблағи умумии 360 миллион евро идомаи ҳамкориро дар сатҳи минтақавӣ дар соҳаҳои зерин пешбинӣ мекунад: энергетика, ҳифзи муҳити зист ва об, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии ҳамбастаи сарҳадот, мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун, маориф (барномаи "Эразмус Плюс"), нақлиёт ва энергетика (барномаҳои ТРАСЕКА, "Таҳвили байнидавлатии нафту газ ба Аврупо (ИНОГЕЙТ)").

Инчунин, тавассути барномаҳои махсус мисли “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон”, дастгирии сохторҳои ғайридавлатӣ, муҳоҷират ва паноҳҷӯӣ ва маблағҳое, ки аз тариқи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ҷудо мешаванд, аз ҷумла "Шарикии ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф", "Хазинаи ҷаҳонӣ барои мубориза алайҳи Вируси норасоии масунияти одам/Бемории норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа" ва "Иттифоқи ҷаҳонӣ баҳри ваксинатсия ва эмгузаронӣ", ки дар он Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он донорҳои асосӣ мебошанд, Тоҷикистон баҳра  мегирад.

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон дигар лоиҳаҳои мушаххас дар асоси "Санади мусоидат ба сулҳу субот” ва "Санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ" амалӣ карда мешаванд.

Барномаи Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ (ТҒД/МХМ), и аз соли 2007 амалӣ шуда истодаанд, чорабиниҳои вобаста ба рушдро, ки аз ҷониби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ амалӣ карда мешаванд, дастгирӣ намуда, таваҷҷӯҳи худро ба ноилшавии ҳамкории самаранок бо ин гурӯҳҳо равона намудааст. Он воситаи муҳими ҳамкориҳоро дар доираи муколамаи ИА бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд меорад.

Ташкилотҳои Ҷомеаи Шаҳрвандӣ ва Ҳукумати маҳаллӣ (ТҶШ/ҲМ) дар доираи Барномаи Рушд барномаи мазкурро пурратар мекунанд. Барномаҳои ТҒД /МХМ ва ТҶШ/ҲМ ҳамкории беҳтарро таъмин намуда, ба муколамаи сохторӣ дар соҳаи рушд миёни ассотсиатсияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллии ИА ва кишварҳое, ки узви ИА нестанд, мусоидат менамояд. Дар доираи барномаи ТҶШ/ҲМ Тоҷикистон соле як маротиба 750 000 евро мегирад.

Ҳадафи асосии барномаи ТҶШ/ҲМ паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар заминаи рушди устувор мебошад. Он ба таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути дастгирии иқдомоти худ равона карда шудааст.

Семинарҳо дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷомеаи Шаҳрвандӣ

Дар доираи ҳамкориҳои худ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, Намояндагии ИА бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯъҳои муҳимро вобаста ба соҳаи ҳуқуқҳои инсон мавриди баррасӣ қарор медиҳад. ИА соле як маротиба дар мавзӯи Ҷомеаи Шаҳрвандӣ семинар ташкил менамояд, ки дар ҳар семинар мавзӯҳои мухталиф муҳокима карда мешаванд.

Дар Муколамаи Ҷомеаи Шаҳрвандӣ, ки соли 2014 баргузор шуда буд, мавзӯи “Озодии ВАО” муҳокима гардид. Муҳокимаҳои ҳамаҷониба ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла, вазъи умумии озодии ВАО, дастрасӣ ба иттилоот, мафҳуми амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигории масъул ва одоби касбӣ, гузариш ба пахши рақамиро фарогир буд.

Эҳтиёҷот чӣ қадар аст?

Тоҷикистон дар муқобили офатҳои гуногуни табиӣ ва такроршаванда ба монанди сел, ярч, мавҷҳои сард ва зилзила осебпазир аст. Солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво аз сабаби тағйирёбии иқлим таъсири бади худро расонида истодааст. Обхезиҳо мураттаб ба вуқӯъ омада, ба баъзе ҷамоатҳо метавонанд хеле фалокатовар бошанд. Ба наздикӣ аз ҳама обхезии калон моҳи маи соли 2016 дар нӯҳ ноҳияи кишвар рух дода, боиси куштори панҷ нафар ва хароб гардидани 1598 хонавода шуд. Сарраёсати Аврупоӣ оид ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳимояи авом (ECHO) тавассути Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмарро (ФБҶСС) ба зарардидагон кӯмаки фаврии башардӯстона расонидааст.

Камбизоатӣ ва камрушдӣ низ осебпазирии аҳолиро меафзояд. Масалан, норасоии нерӯи барқ на танҳо шароити ҷомеаҳоро душвор месозад, балки бевосита ба зиндагии мардум таъсири манфӣ мерасонад, азбаски бисёр оилаҳо хонаҳояшонро бо нерӯи барқ гарм мекунанд.

Инчунин, Тоҷикистон дар муқобили "Обхезиҳои тӯфонӣ аз кӯлҳои пиряхӣ" (ба истилоҳ "ГЛОФ") осебпазир аст. Ин падидаест, ки ҳангоми он кӯлҳои кӯҳсорӣ воқеъ дар назди пиряхҳои баландкӯҳ метавонанд соҳилҳои худро шикаста, ба ҷамоатҳое, ки дар водиҳои поён зиндагӣ мекунанд, таъсири харобиовари худро бирасонанд.

Ғайр аз ин, ин кишвари кӯҳистонӣ дар минтақаи пурхатари сейсмикӣ ҷойгир аст. Заминҷунбиҳо дар инҷо тез тез иттифоқ меяфтанд. Заминҷунбии охирини калон моҳи декабри соли 2015 дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) зарба зада, ба ҷамоатҳои маҳаллӣ зарари калон расонид ва боиси пешниҳоди кӯмакҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз ЭКО, гардид.

Мо чӣ тавр кӯмак мекунем?

"ЭКО" аз соли 1992 инҷониб тақрибан 182 млн. евроро ба Тоҷикистон чун кӯмаки башардӯстона пешниҳод намуд, аз он ҷумла ёриҳо ба қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои навадҳо, барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ ва обтаъминкунӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, расонидани кӯмаки фавқулоддаи ғизоӣ пас аз офатҳои табиӣ ва талошҳо ҷиҳати баланд бардоштани омодагӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ ва таҳкими қобилияти ҷамоатҳо ва мақомоти давлатии тоҷик барои вокуниш ба офатҳои табиӣ.

Аз соли 2003 инҷониб, таҳти барномаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ номаш "ДИПЭКО" фаъолияти "ECHO" асосан ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ, ба ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва бо шарикон аз доираи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар равона шудааст.

Лоиҳаҳое, ки аз ҷониби "ДИПЭКО" маблағгузорӣ мешаванд, дараҷаи тобоварии ҷомеаҳои маҳаллӣ ва муассисаҳоро баланд бардошта, осебпазирии онҳоро паст мекунанд. Ин бо дастгирии татбиқи стратегияҳое, ки ба омодагии беҳтари ҷомеаҳои маҳаллӣ ва муассисаҳо, ба кам кардани таъсири офатҳои табиӣ ва ба вокуниши беҳтари ҷомеаҳои маҳаллӣ ва муассисаҳо ба офатҳои табиӣ мусоидат мекунад, амалӣ карда мешавад. Дар давоми давраи ҷории "ДИПЭКО" (солҳои 2016 – 2017), "ECHO" 10 лоиҳаро, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва СММ татбиқ мешаванд, маблағгузорӣ карда истодааст. Диққату мақсади лоиҳаҳои мазкур ин асосан таҳким ва институтсионалӣ кардани дастовардҳо дар ҷодаи коҳиши хафви офатҳои табиӣ (КХОТ), баланд бардоштани тобоварии ҷамоатҳо дар муқобили хатари офатҳои табиӣ ва пурзур намудани қобилияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар самти КХОТ мебошад. Бо назардошти осебпазирии баланд ва заифӣ дар муқобили офатҳои табиӣ, Тоҷикистон барои барномаи "ДИПЭКО" як кишвари афзалиятнок аст. Маблағи умумӣ (якҷоя бо маблағ барои Қафқози Ҷанубӣ) дар давраи ҷории "ДИПЭКО" 5,8 млн. евро мебошад, ки аз он тақрибан 2 миллион евро дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Ин тариқ, Тоҷикистон гирандаи бузургтарини маблағҳои "ECHO" дар минтақа аст.

Ҳифзи шаҳрвандӣ

Механизми Иттиҳоди Аврупо барои ҳифзи авом дар соли 2009 ҷавобан ба обхезиҳо дар вилояти Хатлон ба кор даромадааст. Дастаи баҳодиҳӣ ва ҳамоҳангии амалиёт ба ҷо сафарбар карда шуд ва кӯмак дар шакли хаймаҳо, бастачаҳои беҳдоштӣ ва доруворӣ зуд ба зарардидагон таъмин шудааст.

Қисми муҳаррирон: