Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи намояндагии ИА дар Тоҷикистон

10/05/2016 - 15:06
About us - structure and organisation

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 130 Намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупост, ки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мебаранд.

Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соли 2003 таъсис ёфта, моҳи маи соли 2004 расман ба ҳайси намояндагии дипломатӣ ваколат пайдо намуд. Қаблан Намояндагӣ таҳти раёсати Сардори Намояндагии муқими Қазоқистон (аз соли 2001 – Алан Ваддамс, аз соли 2005 – Адриан ван дер Меер, ва аз соли 2008 – Норбер Жустен) фаъолият мебурд. Амалиёти ҳаррӯзаи Намояндагиро дар шаҳри Душанбе Кордони ваколатдори муваққатӣ (аз соли 2004 – Б. Плинкерт, аз соли 2008 – Ш. Адриан) идора менамуд. Дар соли 2009 раванди баланд бардоштани мавқеи Намояндагӣ ба дараҷаи комилҳуқуқӣ оғоз гардид, ки бо ташрифи Сардори Намояндагии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2010 мукаммал гардид.

Аз якуми декабри соли 2009 бо эътибор пайдо намудани Шартномаи Лиссабон Намояндагии Комиссияи Аврупо ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Нақш ва вазифаҳои Намояндагӣ:

  • Иттиҳоди Аврупоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ менамояд;
  • Фаъолияти хешро аз рӯи масоили равобити дутарафа дар соҳаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва савдо, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи фароҳам овардани кӯмаки беруна (-и молиявӣ ва машваратӣ), аз ҷумла дар татбиқи Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ месозад;
  • Аз рӯи масоили сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар чорчӯбаи Стратегияи шарикии навини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ фаъолият мебарад;
  • Арзишҳо ва манфиатҳои Иттиҳоди Аврупоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва ҳимоя месозад;
  • Ба вусъати ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ (дар Осиёи Марказӣ) кӯмак мерасонад, яъне идораи барномаҳои миллӣ ва минтақавии ғайримарказонидашударо ба ӯҳда дорад;
  • Ба ҳамоҳангсозии амалиёти ҳамҷоягӣ бо сафоратҳои мамлакат-узвҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, аз рӯи масоили дар салоҳияти Иттиҳоди Аврупо буда, алахусус дар соҳаи савдо ва фароҳам овардани кӯмаки беруна.

Марҳамат ба сомонаи нави Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон!

EU Ambassador to Tajikistan Marilyn Josefson

Барои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 1 январи соли 2015 рӯйдоди муҳимест - панҷсолагии эътибор пайдо намудани "Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо".

Давраи гузашта пур аз муваффақият ва ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун буда, барои густариши равобити дуҷониба ва кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон пояи устувор гузошт. Тибқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбати минтақаи Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шарики муҳим ва боэътимоди Иттиҳоди Аврупо боқӣ хоҳад монд.

Барномаи ҳамкориҳои сиёсӣ бо Хадамоти корҳои хориҷии Аврупо, ки бо роҳи гуфтугӯ тавассути Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар ин замони мураккаб амалӣ мегардад, рамзу маънои хос дорад. 

Мақсади сомонаи мо он аст, ки мардум битавонад аз ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла гуфтугӯиҳои сиёсӣ дар атрофи рӯйдодҳои муҳими минтақаи Осиёи Марказӣ ва беруни он, густариши ҳамкориҳо бо тариқи амалисозии лоиҳаҳои сершуморе, ки ба пуштибонии бахшҳои тандурустӣ, маориф, равобити тиҷоратӣ ва умуман рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро равона карда мешаванд, огоҳ бошад.

Ғайр аз ин, сомонаи мо маркази иттилоотӣ хоҳад гашт, зеро дар инҷо шумо метавонед аз натиҷаҳои тендерҳо, эълонҳои озмун ва ҷойҳои кори нав маълумот бигиред.

Умедворам, ки шумо ҳар рӯз аз хондани маводи сомонаи мо ҳаловат бурда, аз тавсеаи робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабар мегардед.

Миннатдории хешро барои ташрифи Шумо ба ин сомона баён менамоям.

Мэрилин ЙОСЕФСОН,
Сардори Намояндагӣ,
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Қисми муҳаррирон: