Delegation of the European Union to Tajikistan

Бизнес-Форуми водии Фарғона «Афзалиятҳои водии Фарғона барои содироти маҳсулоти меваю сабзавот».

Dushanbe, 08/05/2018 - 06:48, UNIQUE ID: 180508_2
Press releases

Аз 12 то 13 майи соли 2018 дар меҳмонхонаи «Бурана», деҳаи Арал, Ҷумҳурии Қирғизистон, Бизнес-Форуми водии Фарғона доир ба мавзӯи: «Афзалиятҳои водии Фарғона барои содироти маҳсулоти меваю сабзавот» баргузор мегардад.

Аз 12 то 13 майи соли 2018 дар меҳмонхонаи «Бурана», деҳаи Арал, Ҷумҳурии Қирғизистон, Бизнес-Форуми водии Фарғона доир ба мавзӯи: «Афзалиятҳои водии Фарғона барои содироти маҳсулоти меваю сабзавот» баргузор мегардад.

 

Иштирокчиёни Бизнес-Форум дурнамоҳои содироти маҳсулоти тару тоза ва коркардшудаи меваю сабзавотро аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Хитой, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ИИАО) ва дигар кишварҳо, инчунин масъалаҳои ташкили  ҳамлу нақл ва таъминоти маҳсулотро муҳокима менамоянд. Инчунин иштирокчиён  имконият доранд, ки маҳсулоти  худро намоиш диҳанд, робитаҳои соҳибкориро бо харидорони байналмилалӣ (шабакаҳои чакана ва паҳнкунандагон) аз Иттиҳоди Аврупо, ИИАО, Хитой ва ғайра ба роҳ монанд, меморандумҳои ҳамкорӣ ва протоколҳои ниятҳоро имзо намоянд ва сифату шартҳои таъминотро муҳокима намоянд.

 

Бизнес-Форумро консортсиуми ташкилотҳои Осиёи Марказӣ бо  роҳбарии ташкилоти байналмилалии австриягии Hilfswerk International дар чорчубаи  лоиҳаи “ Барномаи       такмилдодашудаи  дастгирии ташкилотҳои  соҳибкорӣ  оид  ба рушди соҳа – хизматрасониҳои  махсусгардонидашуда  ва  маҷмуӣ барои  КХМ-и  ба содирот  нигаронидашуда  дар бахши  коркарди озуқаворӣCANDY - IV” ташкил менамояд, ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо ”Осиёи Марказӣ – Инвест IV” маблағгузорӣ мегардад, бо иштироки муштараки Лоиҳаи минтақавии БРСММ “Аврупои Фарроҳ: Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ”, ки аз тарафи Ҳукумати Финландия ва Барномаи минтақавии GIZ «Содда намудани расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ” маблағгузорӣ мегардад. 

 

Дар  кори Бизнес-Форум соҳибон, директорони (шахсоне, ки қарор қабул мекунанд) корхонаҳои коркардкунӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ, содироткунандагони алоҳида аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин хонаҳои савдо ва намояндагиҳои соҳибкории ИА, Хитой, ИИАО ва дигар кишварҳо  иштирок менамоянд.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва оид ба саволҳои иштирок намудан лутфан ба Сабина Яворская, Иттиҳодияи Корхонаҳои Коркарди Меваю Сабзавоти Қирғизистон тавассути почтаи электронии appkkg@mail.ru  ва телефони зерин муроҷиат намоед: (+996 312) 46-27-44; моб. (+996 0555) 005 510.

Editorial Sections:

Author