Delegation of the European Union to Tajikistan

Дурнамои Иттиҳоди Аврупо оиди пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароии зӯровар дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он

Dushanbe, 02/05/2018 - 14:14, UNIQUE ID: 180502_10
Press releases

Ҳайати волои Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии зӯровар", ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе 03-04 майи соли 2018 баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Ҳайати волои Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароии зӯровар", ки таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе 03-04 майи соли 2018 баргузор мегардад, ширкат меварзад.

Иттиҳоди Аврупо як вохӯрии иловагиро дар ҳошияи Конфронс барои баррасии дурнамои Иттиҳоди Аврупо оиди пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароии зӯровар дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он ташкил мекунад. Чорабинии Иттиҳоди Аврупо бо ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм ҷаноби Жил де Кершов кушода хоҳад шуд.

Осиёи Марказӣ ва минтақаи васеъ айни замон ба душвориҳои ҷиддии амниятӣ дучор мешаванд, ки бояд ба таври фарогир, дар чорчӯбаи манфиатҳои минтақа ва ҷаҳони дигар ҳалли худро пайдо кунанд. Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҳамчун шариконе, ки бо Афғонистони ноустувор ҳамсарҳаданд, инчунин масъулияти муҳими ҷилавгирии он мушкилотро ба ӯҳда доранд, ва ба ҳамкориҳои фаромарзӣ ва равобити ҳамаҷонибаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он саҳм гузоранд.

Иттиҳоди Аврупо муқаррарот дорад, ки минбаъд низ ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар минтақа, аз ҷумла Афғонистон, кӯмак расонад. Ин масъала дар конфронси Тошканд оиди Афғонистон низ қайд карда шуда буд. Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад, ки ба таври ҳамаҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии зӯроварӣ (PCVE) мусоидат намояд.

Аз ин лиҳоз, Иттиҳоди Аврупо маркази "Ҳидоя", яке аз шарикони татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупоро оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии зӯровариро барои табодули таҷриба даъват кардаст.

Editorial Sections:

Author