Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оиди ислоҳоти Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ натиҷаҳои худро ҷамъбаст мекунад

Dushanbe, 09/04/2018 - 00:00, UNIQUE ID: 180502_3
Press releases

Лоиҳаи “Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон – Марҳилаи IV”, ки бо Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, бо мақсади баҳодиҳӣ ба дастовардҳои лоиҳа 10 апрели соли 2018 дар меҳмонхонаи Азия Гранд, кӯчаи Турсунзода 21/A, Душанбе ҷаласаи Кумитаи Роҳбарикунандаро мегузаронад.

Лоиҳаи “Низоми иттилоотии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон – Марҳилаи IV”, ки бо Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, бо мақсади баҳодиҳӣ ба дастовардҳои лоиҳа 10 апрели соли 2018 дар меҳмонхонаи Азия Гранд, кӯчаи Турсунзода 21/A, Душанбе  ҷаласаи Кумитаи Роҳбарикунандаро мегузаронад.

 

Лоиҳа бадастоварии чаҳор натиҷаи асосиро мавриди диққат қарор додааст: Рушди низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ, ки дар таъминоти барномавии DHIS2 асос ёфтааст; Дар истеҳсол нигоҳдории ҳисоботҳои омории ҳарсола; Беҳтаркунии сифати маълумот, омӯзиши мутахассисони омор ва кормандони роҳбарикунандаи низоми тандурустӣ; Дастгирии вебсомонаи Маркази Ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ.

 

Низоми иттилоотии идоракунии тандурустӣ, ки дар таъминоти барномавии DHIS2 асос ёфтааст, дар ҳолати корӣ аз оғози иҷрои лоиҳа дастгирӣ шуда истода буд. Вақти кори бефосилаи низомҳо ва серверҳо беш аз 98-99% буд. 15 масъалаи муҳими техникӣ оид ба такмилдиҳии низом ҳал карда шуд. Дастгирии техникӣ ба муштариён дар ҳамаи ноҳияҳо пешниҳод шуда буд.  Зиёда аз 750 арзнома барои кӯмаки техникӣ иҷро шуд. Низом дар ҳамаи ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи марказҳои ноҳиявии саломатӣ ва беморхонаҳои ноҳиявии марказӣ, Марказҳои омор ва иттилооти тиббии шаҳрӣ ва вилоятии Раёсатҳои тандурустӣ, ва инчунин Маркази Ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ, ва муассисаҳои ҷумҳуриявии тандурустӣ истифода бурда мешавад.

 

Ҳисоботи омории ҳарсолаи соли 2016 беҳтар карда шуд ва нашр гардид. Аввалин бор “Китоби дарсии методӣ оиди таҳлили вазъияти саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ” барои кормандони роҳбарикунандаи низоми тандурустӣ ва мутахассисони омор кор карда баромада шуда, интишор гардид. Ҳисоботҳои омории ҳарсолаи Маркази Ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ барои баҳодиҳӣ ба иҷрошавии Стратегияи миллии тандурустӣ барои солҳои 2010 – 2020 бо муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалии рушд истифода карда мешаванд.

 

Сифати маълумот бо роҳи татбиқ намудани 15 қоидаи нав ва аз нав дида баромадани 1,000 қоидаи тафтиши автоматии маълумот беҳтар карда шуд. Унсурҳои асосии низоми идоракунии сифати маълумот муайян ва санҷида шуда буданд. 70 корманди роҳбарикунандаи низоми тандурустӣ ва 70 мутахассиси омор доир ба масъалаҳои сифат ва истифодабарии маълумот, ва доир ба масъалаҳои қабул намудани қарори бо далелҳо асоснокшуда омӯзонида шуда буданд. Низоми такмилдодашудаи идоракунии сифати маълумот ва нерӯи кадрии беҳтар кардашудаи муассисаҳои тандурустӣ ба қабул намудани қарорҳои бо далелҳо асоснокшуда ва истифодабарии босамартари захираҳои низоми тандурустӣ мусоидат мекунад.

 

Вебсомонаи Маркази Ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ, www.medstat.tj., навсозӣ карда шуда буд. Таҷрибаи татбиқ намудани лоиҳа дар платформаи http:capacity4dev.ec.europa.eu/  оварда шуда буд. Вебсомона дастрасиро ба ҳуҷҷатҳо ва муассисаҳои омории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ба шарикони байналмилалии рушд медиҳад. 

 

Иҷрои лоиҳа моҳи январи соли 2017 оғоз шуд ва моҳи апрели соли 2018 хотима меёбад. Лоиҳа идомаи мантиқии кӯшишҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди Низоми миллии идоракунӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли  2008 ба маблағи тақрибан 4,5 млн евро андешида шуда истодаанд, мебошад. Лоиҳа бо  ширкати олмонии EPOS Health Management (ОЛМОН) татбиқ карда мешавад.

 

Иттиҳоди Аврупо вазифаи дастгирии ислоҳот дар бахши тандурустии Тоҷикистон ба давраи аз с. 2014 то 2020-ро бар зиммаи худ гирифтааст, бо ин мақсад фароҳам намудани 57  млн евро пешбинӣ шудааст.

 

Барои маълумоти беш лутфан тамос гиред: Сафар Сайфуддинов, Мутахассиси калони соҳаи омор ва эпидемиология, рақами телефон: + 93 505 4662.

Қисми муҳаррирон:

Муаллиф