Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ум ҷаласаи Кумитаи ҳамкориашонро гузарониданд

Bruxelles, 09/03/2018 - 17:03, UNIQUE ID: 180309_14
Press releases

Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ум ҷаласаи Кумитаи ҳамкориашонро гузарониданд

9 марти соли 2018 дар шаҳри Брюссел Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкориашонро гузарониданд. Тарафайн дар ҷаласа бори дигар ҷонибдории муштаракро барои таҳкими муносибатҳо дар доираи "Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ" таъкид карданд.

 

Ҷаласа барои мубодилаи афкор атрофи Стратегияи нави ИА нисбати Осиёи Марказӣ, ки ҳоло дар марҳилаи омодашавӣ аст, имкон дод. Иштирокчиён ҳамфикр шуданд, ки Стратегияи ояндаи ИА бояд хусусан ба ислоҳот, кушодани ҷомеа ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон мусоидат намояд; ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ кунад; боҳампайвастшавии оқилонаву устуворро, ки ба ҳама манфиат меорад, ҳавасманд намояд; ва дар ҷодаи амният ҳамкории зичро ба роҳ монад. ИА ва ҶТ ба мувофиқа расиданд, ки кори муштаракро барои пойдор шудани раванди сулҳу субот дар Афғонистон, ки бо роҳбарӣ ва иштироки худи халқи Афғонистон бояд бошад, идома медиҳанд.

 

Ислоҳоти демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ қисми ҷудонашавандаи ҳамкории ИА бо ҶТ боқӣ хоҳад монд. ИА ба тамоюли манфӣ, яъне маҳдудтар шудани фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҶТ, ишора намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати таъмини суботи дарозмуддат ва рушди иқтисодии кишвар зарур меояд, ки ба изҳори ақидаҳои гуногуни демокративу сиёсӣ имкон дода шавад.

 

Кумитаи ҳамкорӣ аҳамияти ба таври бояду шояд ҳалл намудани мушкилоти берунӣ ва дохилии кишварро таъкид кард. Тарафайн розӣ шуданд, ки ҳамкориро атрофи ин масъалаҳо идома медиҳанд. ИА аз ҷониби ҶТ моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ташкил кардани конфронси минтақавиро оид ба мубориза бар зидди терроризм ва пешгирии ифротгароӣ бо хушнудӣ писандид.

 

Кумитаи ҳамкорӣ талошҳои мақомоти Тоҷикистонро барои ҳалли мушкилоти ҷории иқтисодиву молиявӣ ва дар ин маврид кӯмаки ИАро баррасӣ намуд. ИА уҳдадории худро дар бобати давом додани ҳамкориҳо ҷиҳати рушди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои ҳаётан муҳим аз қабили рушди деҳот, тандурустӣ ва маориф, ки барои тараққиёти иқтисодӣ, ривоҷи бахши хусусӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ аҳамияти калон доранд, ва инчунин дар бобати пешниҳоди кӯмаки техникӣ барои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, муҷаддадан тасдиқ намуд. ИА аҳамияти сиёсати макроиқтисодӣ равона ба пойдории субот ва аҳамияти пешрафти минбаъдаро дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ таъкид кард. Ҳарду ҷониб нахустин ҷаласаи Зеркумитаи ИА ва ҶТро оид ба ҳамкорӣ баҳри тараққиёт, ки 20 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, ба хушнудӣ истиқбол намуданд.

 

Билохира, Кумитаи ҳамкорӣ аҳамияти ҳамгироии минбаъдаи Тоҷикистонро ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва идоракунии иқтисодӣ дар мамлакатро бо мақсади ҷалби теъдоди бештари ширкатҳои ИА, сармоягузории мустақими хориҷӣ ва ба даст овардани фоидаҳо аз томгароӣ ва боҳампайвастшавиро таъкид намуд. Дар ин маврид, боҳампайвастшавии рақамӣ низ хеле муҳим аст.

 

Ҷаласаи Кумитаи ҳамкориро дар якҷоягӣ ҷаноби Люк Девин, Директори Сарраёсати ҳамкорӣ бо Русия, шарикони кишварҳои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Хадамоти умури хориҷии Аврупо ва ҷаноби Завқӣ Завқизода, Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, сарварӣ карданд.

 

Ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамкорӣ соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

_______________________________________________

Мая Косиянчич, Сухангӯи ИА оид ба умури хориҷӣ, сиёсати амниятӣ/сиёсати ҳамҷоварӣ ва васеъшавӣ
+32 (0)2 29 86570
+32 (0) 498 984 425
Maja.Kocijancic@ec.europa.eu

Адам Казновский, Котиби матбуотӣ оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ
+32 (0) 2 29 89359
+32 (0)460 768 088
Adam.Kaznowski@ec.europa.eu

Алчео Смерилли, Котиби матбуотӣ оид ба сиёсати ҳамҷоварӣ ва васеъшавӣ
+32 (0) 2 29 64887
+32 (0) 460 769 536
alceo.smerilli@ec.europa.eu