Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари ҳайати олимақоми Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон

Душанбе, 12/07/2017 - 13:32, UNIQUE ID: 170712_25
Press releases

Имрӯз ҳайати олимақоми Иттиҳоди Аврупо (ИА) бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҳайат дар Душанбе як қатор мулоқотҳоро бо масъулини давлатӣ доир намуда, инчунин бо намояндагони давлатҳои узви ИА ва шарикони рушди муқими Тоҷикистон вохӯрд.

Signature of the Financing Agreement by DG Stefano Manservisi and Matt Reed, AKF CEO

DEVCO DG Stefano MANSERVISI and ZARIFZODA Pochokhon Habibullo, head of Shamsiddin Shohin District

DEVCO DG MANSERVISI is being briefed about the new Farkhor bridge project
 
EU delegation and local authorities at the Tajik-Afghan border
 
Yodgor FAYZOV, head of the Aga Khan Foundation office in Tajikistan, DEVCO DG Stefano MANSERVISI and ZARIFZODA Pochokhon Habibullo, head of Shamsiddin Shohin District

Стефано Мансервиси, Директори Генералии Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ, ва  Петер Буриан,  Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ, имрӯз ба шаҳри Душанбе омаданд то равобити ҷорӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намоянд, аз ҷумла, бо раванди амалисозии Дурнамои нави рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ошно гарданд.

 

Намояндагони ИА имкон доштанд, ки бо Президенти  Чумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид  ва намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати молия ва Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрда, ҳамкориҳоро миёни Тоҷикистону ИА мавриди муҳокимаи амиқ қарор диҳанд.

 

Иттиҳоди Аврупо дастгирии хешро ба Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот ва амалисозии Дурнамои рушди Тоҷикистон тавассути кӯмаки молиявию техникӣ таъкид намуд, ки асосан ба соҳаҳои  тандурустӣ, маориф ва рушди деҳоти Тоҷикистон равона шудааст.

 

Директори Генералии ҳамкорӣ ва рушд Стефано Мансервиси арз намуд, ки "Тоҷикистон соҳаҳои маорифу тандурустиро дар навбати аввал дастгирӣ карда, роҳи дурустро ба сӯи тараққиёт интихоб кардааст. Бо вуҷуди ин, рушд ҳамеша муассисаҳои қавӣ ва таъмини волоияти қонунро металабад, инчунин нақши муҳими ҷомеаи шаҳрвандиро дар соҳаҳои иҷтимоӣ дар рушди кишвар бояд дар ёд дошт".

 

Ин саҳар ҳайати ИА ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сафар кард. Он ҷо Иттиҳоди Аврупо дар мувофиқа бо Ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон лоиҳаи наверо оғоз намуд, ки сохтмони кӯпруки навро дар ноҳияи Фархор, таъмири роҳ ва мустаҳкамкунии соҳили дарёро дарбар мегирад, ки ин ба рушди бахши хусусии маҳаллӣ ва бозорҳо мусоидат карда, ба сулҳу субот, устуворӣ ва ривоҷи савдо дар ин минтақа саҳми арзанда хоҳад гузошт. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Бунёди Оғохон ва хазинаи ПАТРИП (Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон) амалисозӣ мегардад. Буҷаи лоиҳа 16 миллион евро буда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 давлати узв иборат буда, дар дунё донори бузургтарин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи кӯмаки дутарафаро аз Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба маблағи 251 млн. евро барои солҳои 2014-2020 мегирад. Дар ин давра, ҳамкориҳои баҳри тараққиёт байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан се соҳаи зеринро дар бар мегирад: маориф (асосан таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбомӯзии ибтидоӣ), тандурустӣ (асосан сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ) ва рушди деҳот (дастгирии ислоҳоти аграрӣ, рушди соҳибкорӣ дар деҳот, ислоҳот дар бахши обёрӣ ва захираҳои об, инчунин мусоидат ба идоракунии захираҳои табиӣ). Инчунин, ИА Тоҷикистонро дар татбиқи ислоҳоташ дар системаи идоракунӣ, сиёсати тиҷоратӣ ва идоракунии молияи давлатӣ дастгирӣ мекунад. 

Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз кӯмакҳои минтақавӣ ва мавзӯъӣ дар соҳаҳои зерин  баҳра мегирад, аз чумла идоракунии сарҳадот, назорати маводи нашъаовар, маориф, демократия ва ҳуқуқи инсон, рушди сохторҳои ғайридавлатӣ, нерӯ, нақлиёт, сабзиши корхонаҳои хурду миёна, сулҳу субот, захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти ҳастаӣ. Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб фаъолият намуда, барои рушди мамлакат ҳамасола тақрибан 35 млн. евро ба намуди грант кӯмак мерасонад.

Қисми муҳаррирон: