Delegation of the European Union to Tajikistan

Масоили ҳамкории байнисоҳавӣ дар мадди назари мақомоти идоракунии сарҳадоти Тоҷикистон

Dushanbe, 14/06/2017 - 11:35, UNIQUE ID: 170614_3
Press releases

Дар Душанбе семинар оиди ҳамкорӣ байни мақомоти давлатие, ки дар назорати сарҳад вобаста шудаанд, баргузор мегардад.

Дар Душанбе семинар оиди ҳамкорӣ байни мақомоти давлатие, ки дар назорати сарҳад вобаста шудаанд, баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур Қушунҳои сарҳадии (КДАМН), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумат ва хадамотҳои фитосанитарӣ ва ветеринарии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, ки масоили ҳамкорӣ дар нуқтаҳои сарҳадӣ ва баҳодиҳии таҷрибаи байналхалқиро дар ин самт дида мебароянд.  Ин семинар аз тарафи мутахассисони барномаи идоракунии сарҳадот, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ шуда истодааст, гузаронида мешавад.

 

Бо назардошти он ки ҳамкории байнисоҳавӣ ва мубодилаи саривақтии маълумот дар дохили мақомот, байни сохторҳо ва дар сатҳи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои татбиқкунии босамари Идоракунии муштараки сарҳад мебошад, чорабинии мазкур асосан дар самти мубодилаи маълумот, таҳлили маълумот, идоракунии воридшавии ахборот дар дохили мақомот, байни мақомотҳо ва давлатҳо, равона гардидааст. Дар асоси таҷрибаи Латвия, намунаи пурсамари ҳамкорӣ байни мақомотҳо ва Давлатҳо ба иштирокчиён пешниҳод мегардад.

 

Аввалин фаъолияти БОМКА дар Осиёи марказӣ соли 2003 оғоз гардид ва аз ҳамон вақт БОМКА тавонист ҳамкориро бо Ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи марказӣ дар самти идоракунии сарҳадот пурзӯр намояд. Аз соли 2003 то 2014 Иттиҳоди Аврупо ба барномаи БОМКА 33.6 миллион Евро ҷудо намуд ва баҳри амалӣ гардонидани марҳилаи 9-уми ин барнома барои солҳои (2015-2018) боз қариб 5 миллион Евро ҷудо намуда истодааст.

 

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо намояндаи БОМКА дар Тоҷикистон Саидмусаяб Алямов тариқи почтаи электронии said.alyamov@icmpd.org тамос гиред.

Рэдакцыйныя раздзелы: