Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАВРАИ ОМӮЗИШИИ БАЙНИСАРҲАДӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ХАВФҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, 08/06/2017 - 14:38, UNIQUE ID: 170608_23
Press releases

Лоиҳаҳои БОМНАФ - Иттиҳодияи Аврупо ва Идоракунии сарҳад – Идораи ҳамкории байналмилалии Ҷопун, ҳар ду лоиҳа ҳам ба таври муштарак ба БРСММ ҳам тааллуқ доранд, ахиран як барномаи муштараки омӯзиширо оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Бадахшон барои афсарони мақомоти сарҳадӣ ва шаҳрвандони ғайринизомии ҳар ду тарафи сарҳади байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон баргузор намуданд.

Эксперт по управления рисками стихийных бедствий, доктор Алишо Шомахмадов, помогает афганским и таджикским пограничникам разработать совместный план реагирования на стихийное бедствие.
EU-UNDP BOMNAF Disaster risk management training

Лоиҳаҳои БОМНАФ - Иттиҳодияи Аврупо ва Идоракунии сарҳад – Идораи ҳамкории байналмилалии Ҷопун, ҳар ду лоиҳа ҳам ба таври муштарак ба БРСММ ҳам тааллуқ доранд, ахиран як барномаи муштараки омӯзиширо оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ дар Бадахшон барои афсарони мақомоти сарҳадӣ ва шаҳрвандони ғайринизомии ҳар ду тарафи сарҳади байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон баргузор намуданд. Чорабинии мазкур дар гузаргоҳи сарҳадии Нусай-Рузвай гузаронида шуд, ки дар он ҷо “Пули Дӯстӣ” бар рӯи дарёи “Панҷ” сарҳади миёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Вилояти Бадахшони Афғонистон қарор дорад. Кормандони идораҳои сарҳадии тоҷику афғон аз гузаргоҳҳои сарҳадии ҳамсоя – Хумроғӣ (Тоҷикистон) ва Ҷомарҷи Боло (Афғонистон) – низ дар давраи омӯзишӣ иштирок доштанд.

Ҳарчанд гузаргоҳи сарҳадӣ ба Қалъаи-Хумб, маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз, наздик ҷойгир шудааст, дар мавзеъҳои дурдаст ҷойгир шудани деҳаҳо, хусусияти тектоникӣ ва шароити табиӣ аз он далолат мекунанд, ки аҳолӣ хусусан аз офатҳои табиӣ осебпазир аст, ки тарма, зилзила, обхезӣ ва ярчҳоро дар бар мегиранд.

Шароити обу ҳавои ғайри қобили пешгӯии афзоишёбанд, ки ба обшавии ғайричашмдошти барф, борон ва ҳарорати тағйирёбанда оварда мерасонад, вазъиятро шадидтар гардонидааст, алалхусус дар мавсими обшавии ҳамасолаи барф. Чун табиат сарҳадҳои сиёсиро эътироф намекунад, бо ҳам бевосита наздик будани аҳолии тоҷику афғон ҳамкории байнисарҳадиро дар сурати пеш омадани ҳама гуна офатҳои миқёсан калони табиӣ ногузир мегардонад. 

Дар семинари мазкур кормандоне иштирок доштанд, ки эҳтимолан барои кӯмак, наҷот ё кӯчонидани қурбониҳои потенсиалӣ сафарбар мегарданд. Барои ин курси омӯзишии серӯза бист нафар афсари Полиси сарҳадии Афғонистон, ҳаждаҳ афсари Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва понздаҳ пешвои ҷомеаи маҳаллии афғон ҷамъ шуда буданд. Дар назар аст, ки мусоидат намудан ба алоқаи байни ду тарафи Дарёи “Панҷ” ҳамкориро ҳам дар ҳолатҳои сар задани  офатҳои табиӣ ва ҳам ҳангоми рафти корҳои рӯзмарраи идоракунии сарҳадӣ афзоиш медиҳад.

Давраи омӯзишӣ чанд ҷанбаи Идоракунии хавфҳои офатҳои табииро фаро гирифт ва ба чораҳои сабукгардонӣ ҷиҳати омода будан ба вокуниш нишон додан ба ҳама гуна офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Татбиқи амалии мавзӯи мазкур иқдомҳоеро дар бар гирифт, ки барои таҳияи нақшаҳо ҷиҳати вокуниш нишон додан ва наҷот додани аҳолии зарардида пеш гирифта мешаванд. Иштироккунандагон вокунишҳои муносибро ба оқибатҳои офатҳои табиӣ бо зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус ба офатҳои барои минтақа хос ба монанди зилзила ва ярч мавриди муҳокимаи муфассал қарор доданд.

Баланд бардоштани дараҷаи огоҳии мардуми деҳаҳои дурдасти ин минтақаҳои сарҳадии душворгузар оид ба тарзҳои вокуниш ба офатҳои табиӣ муҳим аст, зеро кормандони наҷотдиҳӣ дар сурати муқаррар гардидан ба чунин минтақаҳои васеъ метавонанд бо душвориҳои таъминот, таъхирҳо ва монеаҳо дучор гарданд. Миқдори зиёди овезаҳои тасвирӣ, ки дастурҳоро оид ба вокуниш нишон додан ба офатҳои табиӣ ба таври возеҳ шарҳ медиҳанд, ба иштироккунандагони омӯзиш дода шуд, то ки онҳо дар ҷомеаҳои худ ҳамчун роҳнамоҳои иттилоотии фаврӣ тақсим кунанд.

Пас аз гирифтани бастаи овезаҳои махсуси марбут ба зилзила ва ярч, як шаҳрванди Афғонистон чунин ҷавоб дод: “Хеле олӣ! Яке барои масҷид ва яке барои мактаб!”, - коршиноси барҷаста Алишо Шомаҳмадов, ки оид ба вокуниш нишон додан ба ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон таҷрибаи калон дорад, барои ироа намудани ин давраи омӯзишии амалӣ, санҷида ва собитшуда бо кормандони Лоиҳаи БОМНАФ-Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорӣ кард.

Роҳбари Лоиҳаи БРСММ ҷаноби Вилям Лоренс қайд намуд, ки “осебпазирии афзоишёбанда дар ҳоли тағйирёбӣ аст ва бинобар шароити ғайри қобили пешгӯии обу ҳаво давраҳои омӯзишии ба ин монанд дар минтақа аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад, ғайр аз ин, задухӯрдҳои ахир дар шимоли Афғонистон низ ба вазъият таъсир мерасонанд ва онро барои ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати ташкили чунин омӯзишҳо дар минтақа душвортар мегардонад. Баргузории чунин чорабинии муштарак як муваффақияти калон мебошад. Ҷомеаҳои минтақаҳои сарҳадӣ аксаран аз бисёр ҷиҳат худкифо ҳастанд ва дар як ҷо ба ҳам овардани ҷомеаҳои ду тараф барои омӯзиш оид ба омодагӣ ба ҳолатҳое, ки фардо ё ҳар вақт бидуни огоҳӣ метавонанд рух диҳанд, барои мо имтиёзе буд. Афсарони мақомоти сарҳадии ҳар ду тараф аз ин имконият барои вохӯрии ҳамдигар дар маҳал бо дилгармӣ истиқбол карданд, ки эҳтимолан лозим меояд рӯзе онҳо дар ин ҷо оид ба сабукгардонии таъсири зилзила ё дигар офатҳои табиӣ ҳамкорӣ намоянд.”

Барои маълумоти бештар аз тариқи почтаи электронии зерин бо Вилям ЛОРЕНС, Роҳбари Лоиҳаи БОМНАФ, тамос барқарор намоед: william.lawrence@undp.org

Қисми муҳаррирон: