Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиш доир ба офиятбахшии психотерапевтии истеъмолкунандагони маводҳои нашъаовар дар Тоҷикистон баргузор гардид

Душанбе, 15/03/2017 - 11:16, UNIQUE ID: 170315_11
Local Statements

Ду нафар коршиносон аз Олмон дувумин омӯзиши дурӯзаи миллиро дар Тоҷикистон доир ба сифати муолиҷа ва беҳтаргардонии стандартҳои офиятбахшии психотерапевтии истеъмолкунандагони маводҳои нашъаовар баргузор карданд.

Ду нафар коршиносон аз Олмон дувумин омӯзиши дурӯзаи миллиро дар Тоҷикистон доир ба сифати муолиҷа ва беҳтаргардонии стандартҳои офиятбахшии психотерапевтии истеъмолкунандагони маводҳои нашъаовар баргузор карданд.

 

Тренерон мавзӯъҳои зеринро дахл карданд, вобастагии якҷоягӣ ва кор бо хешовандон, ихтисоси кормандони иҷтимоӣ дар Олмон ва Тоҷикистон, «аломати сӯхта нобуд шудан» - барвақт муайян кардан ва пешгирӣ, дастгирӣ ва мудохила (рафтори «оперантӣ»: вақте ки шахси истеъмолкунандаи маводҳои нашъаовар, ба ин амали худ иқрор намешавад, атрофиёнаш бо ӯ сӯҳбат карда, мефаҳмонанд, ки масъалаи пайдо шударо эътироф кунад ва ба ёрии тиббӣ ва равонӣ муроҷиат намояд), инчунин масъалаҳои марбут ба алоқа ва ҳамкорӣ дар гурӯҳ ва байни сатҳҳои амбулаторӣ ва беморхона.

 

Гурӯҳи кории миллие, ки иборат аз ҳаждаҳ нафар табибон ва кормандони иҷтимоӣ мебошанд, дар чунин омӯзишҳо давоми солҳои 2016-2017 иштирок меварзанд ва ин омӯзишҳоро коршиносон аз Олмон, Белоруссия ва Австрия хоҳанд гузаронид. Пас аз хотимаи ин силсила  омӯзишҳо ба коршиносони маҳаллӣ сертификатҳои Донишгоҳи фанҳои амалии Франкфурт тақдим карда мешавад.

 

Дар назар дошта шудааст, ки пас аз гузаронидани дарсҳои навъи – омӯзишӣ тренерҳо (ТоТ), иштирокчиёни ин дарсҳо чунин омӯзишҳоро барои ҳамкорони худ баҳри беҳтар кардани стандартҳои муолиҷаи беморони нашъамандӣ мувофиқи таҷрибаи ИА хоҳанд гузаронид.

 

Барномаи CADAP 6 бо худ давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлатро бо шарикони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, баҳри мусоидат ба минбаъд тақвият додани сиёсати миллии онҳо доир ба паст кардани талабот ба маводи нашъаовар мебошад. Барномаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (GIZ) амалӣ гашта истода аст.

 

Барномаи CADAP 6 бо буҷаи 4,9 миллион Евро, дар чаҳорчӯбаи ҳамкории стратегии байни ИА ва Осиёи Марказӣ ва дар асоси Нақшаи амалиётҳои ИА доир ба мубориза бар зиддӣ маводи нашъаовар барои солҳои 2014-2020 амалӣ гашта истода аст. Дар давраи солҳои 2001 то 2013, ИА чорабиниҳои барномаи CADAP дар Осиёи Марказиро дар ҳаҷми 20,7 миллион Евро маблағгузорӣ намуд.

 

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Мавҷигул Азизулоева, Ҳамоҳангсози миллии Барномаи CADAP дар Тоҷикистон, тел.: (+992) 98 584 32 70, почтаи электронӣ: mavjigul.azizulloeva@giz.de

 

Қисми муҳаррирон: