Delegation of the European Union to Tajikistan

СЕМИНАР ОИД БА БОРҲОИ ТАВАССУТИ ҲАВОПАЙМО ИНТИҚОЛШАВАНДА БАРОИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ГУМРУКОТИ АФҒОНИСТОН

Душанбе, 17/02/2017 - 07:31, UNIQUE ID: 170217_11
Press releases

Дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир, лоиҳаи БОМНАФ (Лоиҳаи идоракунии сарҳад дар шимоли Афғонистон), ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ маблағгузорӣ мешавад, семинари якҳафтаинаи таълимиро барои маъмурони Раёсати гумрукоти Афғонистон оид ба мавзӯи таҳияи профайл ва ҳадафгирӣ дар чорчӯби амалиётҳои борҳои ҳамли ҳавоӣ баргузор намуд. Дар семинари мазкур, ки дар шаҳри Душанбе дар ҳафтаи дувуми моҳи феврал баргузор шуд, дувоздаҳ нафар иштирок карданд, ки дар фурудгоҳҳои саросари Афғонистон кор мекунанд.

Дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир, лоиҳаи БОМНАФ (Лоиҳаи идоракунии сарҳад дар шимоли Афғонистон), ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ маблағгузорӣ мешавад, семинари якҳафтаинаи таълимиро барои маъмурони Раёсати гумрукоти Афғонистон оид ба мавзӯи таҳияи профайл ва ҳадафгирӣ дар чорчӯби амалиётҳои борҳои ҳамли ҳавоӣ баргузор намуд. Дар семинари мазкур, ки дар шаҳри Душанбе дар ҳафтаи дувуми моҳи феврал баргузор шуд, дувоздаҳ нафар иштирок карданд, ки дар фурудгоҳҳои саросари Афғонистон кор мекунанд.


Бо дастгирии кормандони лоиҳаи БОМНАФ омӯзиш аз ҷониби кормандони Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир ҷаноби Колин Дувал ва Карам Болина, ки дар фурудгоҳи Ҳитроу кор мекунанд, гузаронида шуд.


Муҳтавои семинар ба таҷрибаи васеъи амалиётии Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир асос ёфта буд ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ дар Аврупо, Африқои Ғарбӣ, Амрикои ҷанубӣ ва кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Карибро дар бар мегирад. Барои беҳтар намоиш додани вазъияти стратегии минтақа ба иштироккунандагони хонуми Амелия Ҳаннафорд - раиси дафтари Созмони мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ ҳам ба таври мухтасар дар бораи масирҳои қочоқгарии Осиёи Марказӣ гузориш дод.


Дар Барномаи таълимии семинар ба таври махсус ба методҳои ошкорсозии маводи мухаддир ва молҳои қочоқшуда, ки дар дохили борҳои қонунӣ қочоқ мешаванд, тамаркуз шудааст. Мавзӯъҳои семинар аз таҳлили ҳуҷҷатҳои транспорт ва ошкор кардани маълумоти дурӯғин, шиносоии истифодаи шубҳаомези ҳамлкунандаҳо ва интиқолдиҳандаҳо, таҳияи профайли маҳаллӣ бар асоси маълумот, таъсиси матритсаи идоракунии хатар иборат буданд.


Ба хотири баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштироккунандагон оид ба алоқа доштани маҳоратҳо ва таҷрубаҳои истифодашаванда аз ҷониби гурӯҳҳои байналмилалии ҷинояткор, чанд намуна аз дастгир кардани моҳиронаи маводи мухаддир ва боздошти қочоқбарон аз ҷониби Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир бознигарӣ ва баррасӣ шуданд.


Пас аз бозгашт ба бахшҳои дахлдори худ иштироккунандагон ӯҳдадор ҳастанд, ки ҳолатҳои калидии омӯхташуда ва маводи омӯзиширо ба ҳамкорони худ дар Раёсати Гумрукоти Афғонистон интиқол ва омӯзиш диҳанд. Иштироккунандагон зикр карданд, ки дарсҳои омӯхташуда ба омӯзишҳо ҳангоми кор барои шахсони навбакоромада ворид карда хоҳанд шуд.
Ин навъ ҳамкориҳои Лоиҳаи БОМНАФ-Иттиҳодияи Аврупо ва Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир ба эҳтиёҷоти давомдор барои ҳамкории дар байни муассисаҳо ҷиҳати мубориза бо чунини таҳдидҳои фаромиллӣ, ба мисли қоҷоқчиёни маводи мухаддир ва молҳои ғайриқонунӣ тавассути марзҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд.


Мубодилаи устувори манбаъҳо ва иттилоот миёни тарафҳои манфиатдор ба коҳиши таъсирбахшии амалиётҳои ба хубӣ ташкилшудаи қочоқбарон ва шабакаҳои ҷинояткории байналмилалии созмонёфта мусоидат хоҳад кард.


Яке аз маъмурони гумруки Афғонистон фикри худро дар бораи семинар баён карда, аз ҷумла гуфт: "Мо ҳоло метавонем ҷустуҷӯҳои беҳтари борҳоро тавассути таҳлили манифест, пайдо кардани "парчамҳои сурх"ва нишонаҳои бори шубҳанок анҷом диҳем".


"Ин ҳамкорӣ дар байни БОМНАФ (Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо) ва Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир заминаи хуберо барои расонидани дастгирии зарурии байналмилалиро ба кӯшишҳои васеъи Осиёи Марказӣ барои мубориза бо қочоқ фароҳам месозад. Зимни баррасии масъалаи ҳамкориҳои оянда бо ҷаноби Крис Перкин - менеҷери минтақавии Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир дар Осиё мо мувофиқа кардем, ки заминаи чашмрасе барои давом додани тренингҳои муштарак ва дорои сифати баланд вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ман бо хушҳолӣ мегӯям, ки мо умедвор ҳастем, ки пас аз баргузории бомуваффақияти курси таълимӣ оид ба борҳои ҳамли ҳавоӣ имкониятҳои бештаре барои давраҳои бозомӯзии кормандони гумруки Афғонистону Тоҷикистон дар ояндаи наздик фароҳам хоҳанд шуд, - шарҳ дод Вилям Лоренс, менеҷери Лоиҳаи БОМНАФ (Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо).


Барои маълумоти бештар, лутфан тамос гиред бо Вилям Лоренс, менеҷери Лоиҳаи БОМНАФ (Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо) тавассути: william.lawrence@undp.org

Editorial Sections:

Author