ФАО ва ИА таҳияи стратегияи хизматрасониҳои байториро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд

28.02.2020

ФАО ва ИА таҳияи стратегияи хизматрасониҳои байториро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд

 

people sitting around a map

 

Санаи 20-уми феврал дар Душанбе семинари якрӯза барои такмили пурраи стратегияи рушди хизматрасониҳои байторӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳуҷҷати мазкур, ки бар таҳлили дақиқ асос ёфтааст, бо ташаббуси Ассотсиатсияи байторони Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти дастгирии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.

Кишвар ба чунин стратегия барои таъмини хизматрасониҳои нисбатан самараноки байторӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ ҳангоми ҳалли бисёр мушкилиҳои ҷиддӣ ба монанди тағирёбии иқлим, пайдоиши бемориҳои нав ва бемориҳои фаромарзӣ ниёз дорад.

Стратегияи мазкур барои рушди ин бахш ҳамчун роҳнамо баромад намуда  , дар татбиқи он мусоидат хоҳад кард. Инчунин, ҳамчун воситаи пешгӯйии имкониятҳо ва мушкилот дар зерсохтори чорводорӣ хизмат менамояд.

Ғайр аз ин, ҳангоми таҳияи стратегия усули иштироки умум бо машваратҳои васеъ бо тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла вазоратҳо, доираҳои илмӣ ва созмонҳои касбӣ мавриди истифода қарор гирифт. Чунин муносибат ба таҳким ва густариши дастовардҳои солҳои охир ҳангоми фароҳам овардани диди возеҳ, ки ба шароитҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мутобиқ ҳастанд, мусоидат хоҳад кард.

Тавассути корҳои гурӯҳӣ ва презентатсияҳо, иштирокчиёни чорабинӣ бо ҳуҷҷати мазкур шинос гардиданд ва таҷрибаҳои андӯхта, мушкилот ва масъалаҳои бахши байторӣ, соҳаҳо ва масъалаҳои марбутро дар кишвар мубодила намуданд.

«Дар ҳоле ки чорвои хонагӣ аз худ як шакли бонкӣ ё суратҳисобҳои амонатиро муаррифӣ мекунад, хадамотҳои байторӣ барои дастгирии таъмини васоили зиндагӣ дар кишварҳое, ки ҳайвонот асоси иқтисоди деҳотро ташкил медиҳанд, кӯмаки бузург мерасонанд. Системаи боэътимод дар хидматрасониҳои хусусии байторӣ шарти муҳим барои рушди бомуваффақияти соҳаи чорводорӣ дар кишвар мебошад», таъкид намуд Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, Олег Гучгелдиев.

«Татбиқи бомуваффақи ин стратегия дар навбати худ аз ҳисси масъулияти ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи он саҳм гузоштаанд, вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон, ин ҳисоботдиҳӣ ва такмилдиҳии мунтазами механизми азназаргунарониро тақозо мекунад», илова намуд ӯ.

Фаъолиятҳои марбут ба таҳияи стратегияи хизматрасониҳои байторӣ дар чаҳорчубаи лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат» амалӣ гардида, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Иттиҳоди Аврупо ва ФАО аз соли 2016 якҷоя бо мақсади дастгирии ислоҳоти сиёсии соҳаи кишоварзӣ дар кишвар, аз ҷумла таҳияи стратегияҳои мувофиқ, тарҳрезии сохторҳои институтсионалӣ ва таҳкими донишу малакаҳои кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ фаъолият мекунанд.

ТАМОС:

Бунафша Азимова
Мутахассиси кор бо ВАО
ФАО Тоҷикистон
Тел: +992 93 577 33 73
E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org