Суханронии Сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблис дар маросими ҷашни Рӯзи Аврупо
Мӯҳтарам сафирон, мӯҳтарам Вазир Завқизода,
Ҳозирони гиромӣ,
Хонумон ва ҷанобон, ҳамкасбон ва дӯстон,
Дӯстони Аврупо ва Тоҷикистон,
Имрӯз, мо барои таҷлили Рӯзи Аврупо ва қайди 75-умин солгарди назаре, ки ҷараёни қитъаи Аврупоро тағйир дод ва умедро дар саросари ҷаҳон илҳом бахшид, ҷамъ омадаем.
75-солагии Иттиҳоди Аврупо!
9 маи соли 1950 Вазири корҳои хориҷии Фаронса Роберт Шуман бо суханронии таърихӣ баромад кард, ки он боиси таъсиси Ҷамъияти аврупоии ангишт ва пӯлод гардид, то кишварҳо метавонанд истихроҷи ангишт ва пулодро тақсим кунанд ва ҷангро «на танҳо тасаввурнашаванда, балки аз ҷиҳати моддӣ ғайриимкон» гардонанд.
Ҳамаи он, мисли ҳамаи фикрҳои бузург, аз дурандешӣ, далерӣ ва возеҳият оғоз ёфт.
Имрӯз мо рӯзеро қайд мекунем, ки дар он як фард ҷуръати орзуи Аврупои бидуни ҷанг, Аврупои моили ҳамкориро намуд.
Ин марди фаронсавӣ ва як аврупоии бузург ҷуръати орзуи қитъае кард, ки дар он кишварҳо захираҳои худро муттаҳид мекунанд, ихтилофоти худро тавассути мусоҳиба ҳал мекунанд ва якҷоя мустаҳкамтар мешаванд.
Мо имрӯз дар асоси ин назар зиндагӣ мекунем, дар асоси орзуи аврупоие, ки барои тақрибан 450 миллион шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо воқеият гардид. Гурӯҳи давлатҳои демократӣ тасмим гирифтанд, ки на танҳо як бозори умумӣ, балки иттиҳоди сиёсиро ташкил кунанд, ки дар ҷаҳони душвор тадриҷан ба меҳвари иқтисодӣ мубаддал гардад ва макони матлубтаринро барои зиндагӣ, кор ва барпои оила бунёд созад.
Дар тули ин солҳо Иттиҳоди мо — Иттиҳоди 27 кишвари узв - на танҳо ба иттиҳоди сиёсию иктисодӣ, балки ба рамзи ҷаҳонии сулҳ, ваҳдат ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон гардид. Иттиҳоди Аврупо ба ҳамбастагӣ, қавли субот асос ёфтааст ва шарики боэътимоди ҳамаи онҳое, ки оиди арзишҳои он ҳамфикран, боқи мемонад.
Мутаассифона, орзуи Иттиҳоди Аврупо ҳамчун лоиҳаи сулҳ барои ҳама кишварҳои Аврупо воқеият нест, зеро ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина идома дорад. Ҳеҷ кас сулҳро бештар аз Украина намехоҳад. Танҳо сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор барои Украина метавонад асоси барқарорсозии амнияти байналмилалӣ бошад. Украинаи осоишта метавонад як неруи инноватсионӣ, таъминкунандаи амният ва шарики боэътимоди амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бошад.
Дар ҳоле, ки ҷаҳон босуръат тағйир меёбад ва бештар тақсимшуда, баҳсбарангез ва пешгӯинашаванда мегардад, Иттиҳоди Аврупо, фаъолияти худро дар самти қарорҳои устувор ва эҷоди шарикӣ бурда, ҳамкориҳои созандаро бо кишварҳои саросари ҷаҳон идома медиҳад. Мо исбот кардем, ки шарики пешбинишаванда ҳастем ва барои тиҷорати одилона кушодаем. Новобаста аз халалдоршавӣ, Иттиҳоди Аврупо ҳимоя ва пешбурди тартиботи байналмилалиро, ки асоси он на қонуни тарафи қавитарин, балки қоидаҳо мебошад, идома медиҳад.
Бунёди кӯпрукҳо ва шарикӣ дар ин ҷо - дар Тоҷикистон - ба таври равшан намоён аст.
Тайи як соли охир равобити байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон амиқтар, қавитар ва мустаҳкамтар шудааст.
Чанде пеш мо шоҳиди як қатор марҳалаҳое шудем, ки ӯҳдадориҳои моро ба шукуфоӣ ва суботи Тоҷикистон инъикос мекунанд.
Андак пас аз ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кардан, Йозеф Сикела, Комиссари нави Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар моҳи марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Комиссар Сикела ӯҳдадориҳои Иттиҳоди Аврупоро ба ин кишвари зебо ва мардуми он тавассути сармоягузориҳои калидӣ дар доираи ташаббуси сармоягузории Global Gateway тақвият дод, ки дар доираи он афзалият ба робитаҳои энергетикӣ ва об, дар маҷмӯъ ба устувории иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла гузариши сабз ва рақамӣ ва рушди инфрасохтор дода мешавад.
Мо ҳамчунин шоҳиди нишасти 20-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Ашқобод дар охири моҳи март будем. Кайя Каллас, сардипломати нави Иттиҳоди Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амният ва Муовини президенти Комиссияи Аврупо, дар моҳҳои аввали фаъолияташ ба Осиёи Марказӣ барои нишасти мазкур ташриф овард, ки он нишондоди аҳамияти хосаи Иттиҳоди Аврупо ва шахсан Каллас ба минтақа мебошад.
Ба ин муносибат, Намояндаи олӣ Каллас изҳор дошт, ки то чӣ андоза муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ӯҳдадориҳои худро ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва тартиботи байналмилалие, ки ба қоидаҳо асос ёфтааст, риоя кунанд. Ӯ бори дигар унсуреро таъкид намуд, ки мувофиқи он "ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо ҳама кишварҳо бояд бар арзишҳои умумии эҳтиром ба волоияти қонун, демократия ва ҳуқуқҳои бунёдӣ асос ёбад".
Моҳи апрели соли 2025 дар Самарқанд аввалин Саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки ин як лаҳзаи муҳим дар муносибатҳои мо буд.
Саммит бо иштироки Ҷаноби Олӣ Президент Раҳмон, Раиси Шӯрои Аврупо Антонио Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен муносибатҳои моро ба сатҳи нав – шарикии стратегии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бардошт. Дар он Харитаи муштараки роҳ барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти пайвасти рақамӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии об муайян шудааст. Ин Саммит бо эълони бастаи 12 миллиард евро барои дастгирии шарикии стратегии Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ анҷом ёфт. Ин баста миллиардҳо евро барои сохтмони Долони Миёна - масири пайвасткунандаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо - инчунин миллиардҳо евро барои лоиҳаҳои энергетикӣ ва экологӣ, пайвастшавии рақамӣ ва ашёи хом дар бар мегирад.
Марҳилаи дигари равобити мо анҷоми музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густарда байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мебошад.
Ин созишномаи нав муносибатҳои моро васеъ ва амиқтар хоҳад гардонд. Он дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, ҳамкориҳоро аз сиёсати хориҷӣ ва амният то бахшҳои муҳимтарини иқтисодӣ ва молиявӣ вусъат медиҳад.
Созишномаи мазкур барои фаъолият дар самти тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди сабз, идоракунии устувори захираҳои табиӣ, шуғл ва масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф ва тадқиқот имкониятҳоро фароҳам меорад.
Интизорем, ки ин созишномаро дар ҳафтаҳои наздик пас аз анҷоми омодагӣ барои имзои он, парафгузорӣ намоем.
Дӯстии мо на танҳо муколамаву сӯҳбат аст. Мо барои эҳтиёҷоти рушди шарикони худ дастгирии воқеӣ ва аниқ мерасонем.
Аз соли 2021 то 2027 Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи бисёрсолаи индикативии худ барои Тоҷикистон беш аз 142 миллион евро тавассути грант ва дастгирии буҷет ҷудо кардааст.
Аз оғози фаъолияти мо дар Тоҷикистон, кӯмаки молиявии Иттиҳоди Аврупо ба 1,2 миллиард евро расидааст ва ин танҳо аз ҳисоби маблағгузории Комиссияи Аврупо, ки Тоҷикистон бевосита аз он манфиат мебарад.
"Global Gateway" воситаи асосии ҳамкориҳои рушд мебошад.
Дар ин замина, Иттиҳоди Аврупо ба самтҳои афзалиятноки зерин таваҷҷӯҳи хоса медиҳад: (i) иқтисоди фарогири сабз ва рақамӣ; (ii) рушди инсонӣ; ва (iii) идоракунии захираҳои табиӣ, самаранокӣ ва устуворӣ.
Дар ҳамкориҳои худ мо ба ислоҳот дар бахшҳои калидӣ, аз қабили энергетика, об ё тандурустӣ ва маориф, бо ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони иҷрокунандаи худ - ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - таваҷҷӯҳи хоса медиҳем.
Илова бар ин, дастгирии амнияти Тоҷикистон низ як самти фаъолияти мост. Иттиҳоди Аврупо дар таҳкими марзҳои Тоҷикистон, дар сохтмони инфрасохтори муҳим, баланд бардоштани иқтидор ва таҳкими ҷамоатҳои наздисарҳадӣ ҳам дар марз бо Афғонистон ва ҳам бо Қирғизистон, инчунин амалҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез ва мубориза бо терроризм саҳм мегузорад.
Яке аз ҳадафҳои асосии мо ин аст, ки Тоҷикистон аз дастгирии Иттиҳоди Аврупо пурра баҳра барад.
Ҳамаи инҳо танҳо “лоиҳаҳо” нестанд, балки сармоягузорӣ ба мардуми тоҷик ва ояндаи ободи Тоҷикистон аст.
Дӯстони азиз,
Тавре ки бисёре аз шумоён медонанд, дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи инсон, ВАО-и озод ва муҳите, ки дар он ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон кор карда метавонад, мо хеле ҷиддӣ ҳастем. Имрӯз ман мехоҳам на дар бораи гузашта, балки дар бораи ояндаи имконпазир ҳарф занам.
Вақте ки мо ба пеш менигарем, биёед аз ҳамон назар, ки Роберт Шуманро ҳафтоду панҷ сол пеш ба амал овард, илҳом гирем: эътиқод ба он, ки сулҳ имконпазир аст, ваҳдат қувват аст, ҳамкориҳо дар сарҳадҳо ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи шаъну шарафи инсон роҳи боэътимоди пешрафт аст.
Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки бо Тоҷикистон ҳамчун шарики устувор ва боэътимод дар ҷаҳони тағйирёбанда дар ин роҳ қадам мезанад.
Дар ин маврид ман ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва ба ҳамаи шарикони мо – миллӣ ва байналмилалӣ – ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, мардуми Тоҷикистон, миннатдории самимии худро изҳор менамоям. Муваффақияте, ки мо ба даст овардем, бидуни ин ҳамкории пурсамар ғайриимкон мешуд. Ниҳоят, вале албатта на камтар аз он, ташаккури калон ба дастаи ман аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо – офарин!
Бигзор солҳои оянда робитаҳоро байни Аврупо, Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ боз ҳам зичтар гардонанд ва барои мардуми Тоҷикистон уфуқҳои боз ҳам равшантар оваранд.
Рӯзи Аврупо муборак!
Зинда бод дӯстии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо!