Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо шарикони ҳукуматӣ натиҷаҳои мониторинги конфронси матбуотиро баррасӣ мекунад

Лоиҳаи аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришавандаи «Ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои дастгирии идоракунӣ: Қавӣ гардондани воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳифзи озодиҳои асосӣ ва демократия дар Тоҷикистон тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии  маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» аз тарафи ташкилоти АКТЕД (Фаронса) дар шарикӣ бо ташкилоти ҷамъиявии “Хома” амалӣ мегардад.

 

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирдро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор намуданд. Ҳадафи чорабинӣ баррасии роҳҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва хадамоти матбуоти давлатӣ буд. Дар ҷараёни он инчунин натиҷаҳои мониторинги нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 пешниҳод гардида, роҳҳои васеъ намудани дастрасӣ ба иттилоот ва рушди муколамаи ошкоро байни ВАО ва сохторҳои давлатӣ баррасӣ шуданд.

Лоиҳаи аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришавандаи «Ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои дастгирии идоракунӣ: Қавӣ гардондани воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳифзи озодиҳои асосӣ ва демократия дар Тоҷикистон тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии  маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» аз тарафи ташкилоти АКТЕД (Фаронса) дар шарикӣ бо ташкилоти ҷамъиявии “Хома” амалӣ мегардад.

Дар оғози чорабинӣ, Фаридун Бобозода, муовини сардори Раёсати маориф, фарханг ва иттиоллоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош мекунад, то муҳити иттилоотӣ шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бошад ва асоси ҳуқуқии ин равандро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилоот», Қонуни ҶТ «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин менамоянд. Ин санадҳо барои ҳама ҳуқуқ медиҳанд, ки ба иттилоъ озодона дастрасӣ дошта бошанд. 

Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги кишвар, бобати рушди ВАО ба сифати ниҳоди иҷтимоӣ ва афзоиши расонаҳои иттилоотӣ дар кишвар сухан гуфт. 

Д-р Ясна Ламбер, мушовири сиёсии дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории босифат ва самараноки котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон барои рушди ҳар як узви ҷомеа муҳим мебошад. Вақте ки шаҳрвандон иттилооти дуруст ва саривақтиро дарёфт мекунанд, ниҳодҳо эътимод ва боварӣ пайдо месозанд. Ин на танҳо ҷомеаҳо ва давлатҳоро дар мубориза ба иттилооти бардурӯғ қавӣ месозад, балки ба амнияту шукуфоии онҳо низ кумак мекунад.

EU Round Table_Moniroting Press-conferences_002

 

Насима Назриева, ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳаҳои Acted, таъкид кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Ташкилотҳои ҷамъиятии шаҳрвандӣ барои дастгирии идоракунӣ: Қавӣ гардондани воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳифзи озодиҳои асосӣ ва демократия дар Тоҷикистон тавассути муколамаҳо, беҳтарсозии  маҳорату малакаҳои рақамӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» баланд бардоштани иқтидори ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва мутахассисони марказҳои матбуотӣ дар самти малакаҳои рақамӣ, технологияҳои нав, мониторинг ва муқовимат ба иттилооти бардурӯғ мебошад. Ӯ ҳамчунин мутахассисони марказҳои матбуотиро даъват намуд, то дар доираи Медиа Хакатонҳо, Форумҳо ва Лабораторияҳои лоиҳа барои истифодаи амалии ин малакаҳо иштирок намоянд.

Расул Маҷидзода, муовини роҳбари АМИТ «Ховар», зикр кард, ки нишастҳои матбуотӣ воситаи муҳими ҳамкорӣ бо ҷомеа буда, онҳо дар асоси қонунгузории амалкунанда ва нақшаҳои тасдиқшуда ҳар нимсола баргузор мешаванд.

Дар мизи гирд зиёда аз 50 нафар, аз ҷумла роҳбарони марказҳои матбуот, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар шудани сифати нишастҳои матбуотӣ пешниҳодҳо ва фикру мулоҳизаҳо садо доданд.

Манижа Назирова
Ҳамоҳангсози лоиҳа аз "Хома"
m.nazirova.n@gmail.com 
+992 77 555 55 00