Иттиҳоди Аврупо стратегияи «Global Gateway»-ро дар Тоҷикистон пешбарӣ менамояд

Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадории худро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон тавассути сармоягузории калидӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси сармоягузории «Global Gateway», бо таваҷҷӯҳ ба устувории иқтисодии Тоҷикистон, гузариши сабз ва рақамӣ ва рушди инфрасохтор тақвият мебахшад. Дар ҷараёни сафараш ба ин кишвар Йозеф Сикела, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ, ташаббусҳои нави маблағгузориро, ки ба таҳкими рушди устувори кишвар равона шудаанд, эълон намуд.

 

 

Дар ҷараёни сафараш ба ин кишвар Йозеф Сикела, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ, ташаббусҳои нави маблағгузориро, ки ба таҳкими рушди устувори кишвар равона шудаанд, эълон намуд.

Аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ду созишномаи муҳим бо шарикони «Team Europe» барои пешбарии рушди устувор дар Тоҷикистон ба имзо расиданд:

 

EU EBRD Financing Agreement to reduce Energy loss, Tajikistan

 

  • Грант дар ҳаҷми 20 миллион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои таҷдиди шабакаҳои барқи Тоҷикистон, коҳиш додани талафоти нерӯи барқ ​​ва омодагӣ ба сармоягузориҳои оянда ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия. Ин ба ҳадафи васеътари Иттиҳоди Аврупо оид ба беҳбуди амнияти энергетикӣ ва дастгирии гузариши сабз дар Осиёи Марказӣ мувофиқат менамояд.

 

EU GIZ Financing agreement on cotton chain, Tajikistan

  • Грант дар ҳаҷми 20 миллион евро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, бо GIZ, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, барои мусоидат ба устуворӣ дар соҳаи пахтакории Тоҷикистон. Ин ташаббус истеҳсоли устувори сертификатсияшудаи пахтаро дастгирӣ менамояд, коркардро барои содироти босифат беҳтар намуда, барои бахши хусусии дохилӣ имконияти бештар фароҳам меорад.

Илова бар ин, пардохти 10 миллион евро аз чорчӯбаи барномаи калонтари дастгирии буҷетӣ ба маблағи 30 миллион евро эълон карда шуд. Маблағгузории мазкур тавассути баланд бардоштани сифат ва аҳамияти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбомӯзӣ, ба татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 ва Барномаи таълими касбии шаҳрвандон барои солҳои 2021-2025  мусоидат менамояд.

Комиссар Сикела ҳамчунин аз Нерӯгоҳи барқию обии Роғун дидан намуд, ки он лоиҳаи муҳим дар инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон буда, дорои иқтидори бузург барои боз ҳам беҳтар намудани амнияти энергетикӣ мебошад.

«Бо стратегияи «Global Gateway», Иттиҳоди Аврупо ба ояндаи Тоҷикистон тавассути дастгирии таҷдиди инфрасохтори муҳим, тавсеаи иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергетика ва таҷдиди бахшҳои асосӣ, аз қабили истеҳсоли пахта сармоягузорӣ фароҳам меоварад. Ин сармоягузориҳо боиси коҳиши талафоти энергетика, таъсиси ҷойҳои корӣ ва кушодани бозорҳои нави содиротӣ мегарданд”, - гуфт Комиссар Сикела.

Стратегияи «Global Gateway» ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупоро барои бартараф кардани тафовутҳои сармоягузории ҷаҳонӣ тавассути пешбурди пайвастагии устувор дар бахшҳои рақамӣ, энергетика ва нақлиёт ва таҳкими системаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ ифода менамояд. Ҳадафи ин ташаббус сафарбар кардани сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ дар ҳаҷми 300 миллиард евро байни солҳои 2021 ва 2027 мебошад, ки он ба рушди устувор ва шарикии қавӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад намуд.