Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) 13 тонна маводҳои тиббиро барои дастгирии вокуниш ба COVID-19 ба Тоҷикситон дастрас карданд

18.05.2020

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон маводҳои тиббии заруриро барои дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди COVID-19 дастрас намуданд.

 

Субҳи якшанбе, маводҳои лозима, ки аз тарафи ЮНИСЕФ Тоҷикистон дастрас шудаанд,аз тарафи Намояндагии Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст ва тақрибан аз 13 тонна маводҳои тиббӣ иборат мебошад, ба Душанбе расиданд. Ин маводҳо аз таҷҳизоти муҳофизатӣ шахсии зарурӣ (ТМШ) - 36,250 либоси муҳофизатӣ, 40,320 ниқобҳои тиббии N95 ва 720 ҳароратсанҷҳои иборат мебошанд. Маводҳои зерин тақрибан 30 фоизи (умумӣ 64 тонна) таҷҳизотҳои маслиҳатшудаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи вокуниши таъҷилии Тоҷикистон ба COVID-19 дар бар мегирад ва  аз ЮНИСЕФ татбиқ карда мешавад.

Тамоми маводҳо дар асоси ҳамкори ва мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тартиб дода, харидорӣ шудаанд. ЮНИСЕФ Тоҷикистон маводҳоро мустақиман ба муассисаҳои интихобшудаи тиббии кишвар дастрас менамояд ва ҳамзамон механизми махсус барои арзёбии ниёзҳо ба маводҳои тибби ба ҷо гузошта мешавад. Бо 1.3 миллион ЕВРО, 1,500 мутахассисони тиббӣ дар беморхонаҳо ва муассисаҳои карантинӣ бо таҷҳизотҳои зарурии муҳофизатии шахсӣ, аз ҷумла ниқобҳои тиббӣ/ҷарроҳӣ, респираторҳо, дастпӯшакҳо ва халатҳо ҷиҳозонида мешаванд, ки ин имконияти лозима барои нигоҳубини 40,000 беморони COVID-19 медиҳад..Чорраҳои ҳадди ақал барои татбиқи самароноки пешгирии сироят ва назорат дар муассиҳаои интихобшуда ба ҷо оварда мешаванд.

Хонум Мэрилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегуянд:“Ин пандемияи бисёрҷониба сатҳи бесобиқаи сафарбаркуниро дар миқёси худи кишварҳо талаб менамояд, ҳам аз ҷиҳати миқёс ва ҳам амал. Аммо, бо таҷрибаи дар Аврупо ва дигар қисмҳои ҷаҳон ҷамъ шуда, - фаъолияти густариши ва якҷоя роҳи аз ҳама самараноки бартараф намудани ҳам буҳрони сахти тиббӣ ва ҳам кам кардани таъсири манфии дарозмуддати иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ҳоло вақти ҳамкорӣ ва якдилӣ аст, чун сироят миёни одамон табъиз ва сарҳадҳоро эътироф намекунад. Танҳо вокуниши зуд, бузург ва ҳамоҳанг метавонад дар наҷоти умрҳо, ҳифзи одамон ва бартараф кардани оқибатҳои манфии иқтисодӣ ёрӣ расонад. Иттиҳоди Аврупо ҳамчун яке аз донорҳои пешсафи дастгирикунандаи низоми тандурустӣ дар Тоҷикистон, дастгирии худро пурзур карда ва кӯмак ба вокуниш ба COVID-19 дар кишварро ҳамчун самти афзалиятноки нав муайян кардааст. Дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, ҳамчун қадами аввал, барои дастгирии таъмини беҳтари кормандони тиб, ки дар сафи пеш амал карда ҷони худро барои наҷоти дигарон дар хатар гузоштаанд, мо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ захираҳои иловагиро сафарбар намудем. Иттиҳоди Аврупо бо ЮНИСЕФ, донорҳои дигар, мақомотҳои давлатӣ, фаъолони ҷомеа инчунин дигар қисмҳои ҷомеа, барои фаъолона илова кардан ба саҳми мо дар кӯшишҳои якҷояи суст кардани эпидемия ва оқибатҳои манфии дарозмуддати онфаъолияти зичро идома хоҳад дод. Ин дави марафон аст, на ин ки спринт.”

ЮНИСЕФ Тоҷикистон ҳамеша тайёр аст ҳамкоронро аз Ҳукумати Тоҷикистон дастгири намояд ва  аз моҳи феврал ин ҷониб, мувофиқи дархости Ҳукумат, чор бастаҳои ТМШ, мафодҳои безараркунӣ ва маҳсулотҳои лозимаи гигиенаро харид ва дастраси ҳамкорон намудааст. ЮНИСЕФ инчунин яке аз пешсафони Иртиботи хатар ва ҷалби ҷомеа (риск коммуникации) буда, тариқи шарикон барои истеҳсоли маводҳои зарурии иртиботӣбаҳри дастгирии пешгирии ва профилактикаи COVID-19 дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла беморхонаҳо ва муассисаҳои асосии тиббӣ, пурзур кардани тавоноии мутахассисони таб ва кормандони сафи пеш дар вокуниши кофӣ ба хатари COVID-19 фаъолият карда истодааст.

Хонум Зайнаб Ал-Аззави, Муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон илова карданд: “Фаъолияти наҷондиҳандаи ҳаёти мутаххасисони тиббии сафи пеш ва мутаххасисони тиббӣ имрӯзҳо аз ҳама зарур аст. Дар авҷи ин пандемия, ҳифз ва бехатарии ин қаҳрамонҳо самти афзалиятнокӣ зарурӣ мебошад. Мо дар паҳлуи шариконамон аз Вазорати тандурустӣ буда бароисафарбар кардани шарикон, шабакаи ҷаҳонии худро барои дастгирии таъмини маводҳои муҳим, ҷалб намоем то ин ки ниёзҳои техникӣ дар иртиботи хатар ва бехатар нигоҳ доштани ҷомеа дастгирӣ шаванд. ”

*Эзоҳ барои муҳаррирон

7 апрел, Иттиҳоди Аврупо нақшаи ҷаҳонии вокуниши пурзур ва интихобшударо барои дастгирии кӯшишҳои кишварҳои шарик дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 эълон кард. Ҳамчун яке аз қисмҳои ин нақша, ИА ба Тоҷикистон 48 миллион ЕВРО барои пурзур кардани омодагии кишвар барои мубориза бар зидди таъсири манфии COVID-19, дастгирии пайдарпаӣи хизматрасониҳои тиббӣ, маориф, дастрасии низомҳои кофии об ва санитария ва кам кардани таъсири иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемия дастгирӣ пешниҳод мекунад.

Барномаи рушди тандурустӣ, киаз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, бо диққати асосӣ ба тандурустӣ, идоракунӣ ва молияи он аз соли 2008 ин ҷониб дар Тоҷикистон амал мекунад. Дар марҳилаи нави (2020-2025) ИА 30 миллион ЕВРО барои пурзур кардани низоми тандурустии ҷамъиятӣ барои ноил шудан ба фарогирии пурраи тандурустӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар вокуниш ба COVID-19 қисмҳои барнома оиди пешгирии сироят, назорат ва дастрасии ҳамгироии кӯмаки аввалияи тиббӣ, маблағгузории иловагии дар маҷмуъ 22 миллион ЕВРО қабул мекунанд, ки ин миқдори захираҳои таҳти барнома дастрасро ба 52 миллион ЕВРО мерасонад. Барнома тамоми ноҳияҳоро дар бар гирифта аз тарафи ЮНИСЕФ, GIZ ва ТУТ татбиқ хоҳад шуд.

#EUSolidarity, #EU4Tajikistan

Оиди барномаҳо ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷо шинос шавед:

Сомона: https://eeas.europa.eu/delegations/tajikistan_en

Facebook: https://www.facebook.com/EUinTajikistan/

Twitter: https://twitter.com/euintajikistan

#EUSolidarity, #EU4Tajikistan, #StrongerTogether

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард. Барои маълумоти иловагӣ дар хусуси COVID-19 ва дастури ҳифзи кӯдакон ва оилаҳо муроҷиат кунед: https://uni.cf/38L M5F9Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар 190 кишварҳо фаъолият карда ба кӯдакони аз ҳама осебпазир кӯмак мекунад. Соли 1946 таъсис ёфта, Хазинаи кӯдакони СММ бо шарикон баҳри аз байн бурдани душвориҳое ки кӯдакон аз сабаби қашоқӣ, зуроварӣ, сироят ва табъиз бо онҳо рӯбару мешаванд, фаъолият мекунад. ЮНИСЕФ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кард. Барои маълумоти иловагӣ дар хусуси COVID-19 ва дастури ҳифзи кӯдакон ва оилаҳо муроҷиат кунед: https://uni.cf/38L M5F9.