Иттиҳоди Аврупо ва ФАО ба кишоварзони тоҷик 60 тонна тухмии картошка дастрас намуданд

14.05.2020

Фаъолияти мазкур ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони хурд ва беҳтар кардани васоити таъминоти зиндагӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод кӯмак мекунад.

Имрӯз Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, тақсимоти 60 тонна тухмии картошкаи баландсифатро ба иттифоқҳои кооперативи кишоварзон ҷамъбаст намуд. Фаъолияти мазкур ба баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони хурд ва беҳтар кардани васоити таъминоти зиндагӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Нуробод кӯмак мекунад. ФАО дар умум интиқол додани 80 тонна тухмии элитаи аълосифати картошкаро ба кишоварзон дар назар дорад, ки дар мавсими ояндаи кишоварзӣ ҷамъоварии 1000 тонна ҳосил интизор меравад.

Занҷираҳои истеҳсоливу фурушоти тухмии картошка дар Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд бархурдор мегардад. Ба чунин машкилиҳо дохил мешаванд сифати пасти тухмӣ, монеаи воридоти маҳсулот бо сабаби COVID-19 ва афзоиш ёфтани талабот ба тухмӣ дар арафаи мавсими кишт. Инчунин тухмии хушсифати картошка дастрасии маҳдуд ва нархи гарон дорад; Илова бар ин, дастрасӣ ба пеститсидҳо, нуриҳо ва дигар захираҳо ба кишоварзон барои ба даст овардани даромади баландтар имкон намедиҳад.

Иттифоқҳои кооперативӣ, ки тухмиҳои картошкаи Ред Скарлеттро аз Ҳолланд гирифтаанд, ҳамагӣ зиёда аз 120 кишоварзонро ба ҳайси аъзо доранд. Азбаски онҳо бонкҳои тухмии картошкаро пешбарӣ мекунанд, кишоварзони маҳаллӣ имконият пайдо мекунанд, ки бо усулҳои инноватсионии истеҳсоли тухмии картошка шинос шаванд ва бо системаи GLOBAL GAP - стандарти ихтиёрии бехатарии озуқаворӣ муаррифӣ карда шаванд.

“Мо истеҳсоли тухмиро дар бахши хусусӣ тавассути рушди кооператив дастгирӣ менамоем. Кооперативҳо бояд як унсури асосии занҷираи истеҳсолу фурӯши тухмии картошка бошанд, ки ба кишоварзон имкон диҳанд, ки дар асоси унсурҳои демократӣ соҳибӣ ва назорати фаъолияти корхонаҳои тиҷоратиеро, ки маҳсулот ва хизматрасониҳои онҳоро харидорӣ менамоянд ва мефурушанд, амалӣ намоянд," таъкид кард Гучгелддиев. "Ин, дар якҷоягӣ бо ҳамгироии минбаъдаи тухмипарварӣ дар бахши хусусӣ, ба аъзоёни кооператив бо таври дарозмуддат фоида меорад."

Тавре ки роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо Сафир Йосефсон қайд кард, ин иқдом як қисми вокуниши ИА дар ҳалли таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемияи глобалии COVID-19 ба Тоҷикистон мебошад. Таъмини тухмии сермаҳсули картошка барои хоҷагиҳои кишоварзии хурд на танҳо ба баланд шудани самаранокии занҷираи истеҳсоливу фуруши картошка мусоидат мекунад, инчунин картошкаҳои истеҳсолшуда барои истеъмоли дохилӣ дастрас мегардад, ки амнияти озуқавории аҳолии деҳотро беҳтар мекунад.

Лоиҳа, ки аз ҷониби ИА маблағгуорӣ мешавад барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд, ки ҳадафи он мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишоварзон мебошад; Лоиҳа инчунин ба рушд ва ташкили иттифоқҳои кооперативии самаранок ва амалкунанда мусоидат менамояд. Ин, дар навбати худ, метавонад ба таъсиси сохторҳои миллӣ, ки манфиатҳои саҳмдорони худро дар тамоми сатҳҳои идоракунии соҳаи кишоварзӣ ифода мекунанд, бурда расонад.

GLOBAL GAP -  стандарти ихтиёрии амнияти озуқаворӣ мебошад, ки мутобиқати он аз ҷониби бисёр занҷираҳои супермаркет дар Аврупо талаб карда мешавад. Ин стандартҳо барои кишоварзон муҳим мебошанд, зеро онҳо тамоми раванди истеҳсолоти кишоварзиро, сар карда аз захираҳо то истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишовразӣ фаро мегиранд.

 

ТАМОС:

Бунафша Азимова

Мутахассиси кор бо ВАО

ФАО Тоҷикистон

Тел: +992 93 577 33 73

E-mail: Bunafsha.Azimova@fao.org