Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: 12-ум ҷаласаи Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният дар Душанбе

Рӯзи 11 июл дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, ҷаласаи 12-уми Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон - баргузор гардид.

 

Рӯзи 11 июл дар шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, ҷаласаи 12-уми Муколамаи солонаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон - баргузор гардид.

Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният дар заминаи густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо пас аз мулоқоти Вазирони корҳои хориҷӣ 27 марти соли 2025 дар Ашхобод ва нахустин Саммити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ 4 апрели соли 2025 дар Самарқанд, ва муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардошт, баргузор гардид.

Ҷаласа имкон дод, ки масъалаҳои умумии амниятии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бар асари таҷовузи низомии Русия алайҳи Украина, инчунин вазъият дар Ховари Миёна ва Афғонистон баррасӣ шаванд.

Дар доираи ҷаласаи мазкур рафти татбиқи «Харитаи роҳ» оид ба тавсеаи равобити байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки самти асосии №4-и он ба ҳалли мушкилоти амниятӣ нигаронида шудааст, баррасӣ шуд.

EU - Central Asia High Level Political and Security Dialogue

 

Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти амният фаъол намоянд ва Иттиҳоди Аврупо бори дигар омодагии худро барои дастгирии ин кӯшишҳо таъкид кард. Муколама ҳамчунин барои табодули афкор оид ба таҳдидҳои нав ба амният, аз қабили маълумоти бардурӯғ, таҳдидҳои киберӣ ва гибридӣ имконият фароҳам овард. Ҳама иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки вазъи ноороми геополитикии кунунӣ ба амният, субот ва рушди иқтисодии ҳарду минтақа таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Муколама инчунин имкон дод, ки таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба як қатор масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, идоракунии сарҳад ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об ва алоқа баррасӣ шавад.

Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният бо нахустин Муколамаи зиддитеррористии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки 10 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, пай дар пай баргузор гардид.

 

EU - Central Asia High Level Political and Security Dialogue

 

Мулоқот таҳти раёсати Олоф Скуг, Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо, баргузор шуд. Дар ин нишаст Медер Абакиров, Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, Исматулло Насредин, Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Музаффар Мадрахимов, Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Станислав Василенко, Сафир оид ба супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ва Аймират Гочмурадов, Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон, иштирок намуданд.