Delegation of the European Union to Panama

ХАОМ конфронси ниҳоиро дар доираи лоиҳа ИА оиди ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ мегузаронад

Dushanbe, 23/07/2019 - 00:00, UNIQUE ID: 190726_3
Press releases

Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон (минбаъд ХАОМ-Тоҷикистон), дар доираи лоиҳаи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 июли соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» ш.Душанбе конфронси ниҳоӣ баргузор менамояд.

EU Amb Tajikistan

 

Хазинаи Авруосиёгии Осиёи МарказӣТоҷикистон (минбаъд ХАОМ-Тоҷикистон), дар доираи лоиҳаи «Такмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 июли соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳилтон» ш.Душанбе конфронси ниҳоӣ баргузор менамояд.

 

Дар конфронс иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила кор мекунанд, ҳамчунин намояндагони сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тољикистон ва шарикони байналмиллалӣ дар назар аст.

 

Мақсади асосии гузаронидани конфронси мазкур, ин пешниҳоди натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда дар муддати амалисозии Лоиҳа дар ҳамкорӣ байни ХАОМТоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Институти Эстониягӣ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа ба беҳтар намудани хизматрасонӣ ба онҳое, ки барои кӯмак муроҷиат менамоянд, ҳамчунин ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои муштарак барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар самти пешгирии зўроварӣ дар оила равона карда шудааст.

 

Бо сухани ифтитоҳӣ ва инчунин кушодашавии конфронс аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Қосимзода Идигул Тағо, ХАОМТоҷикистон Сайфиддинов Азимҷон ва Раиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мерилин ЙосефсонСафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ менамоянд.

 

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул дар бораи ҳамкории ХАОМ-Тоҷикистон ва дастовардҳо дар доираи Лоиҳаи мазкур, ифтитоҳи Маркази захиравӣ ва зарурати чунин ташаббусҳо иттилоъ медиҳанд. Директори ХАОМТоҷикистон Сайфиддинов Азимҷон вобаста ба лоиҳаиТакмили сохтори ҳисоботдиҳӣ ва ҳалли масъалаҳои зӯроварӣ аз рӯйи нишонаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон”, ки дар он маълумоти муфассал оид ба дастовардҳо ва мушкилоти лоиҳа дар давоми амалигардонӣ дода мешавад, пешкаш менамоянд.

 

Дилшод Муллоевкоршинос ва тренери лоиҳа, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири шуъбаи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда, ҳамчунин Райд Юку Калле ва Коорт Екатерина дар мавзуи: Ҳамкорӣ бо ХАОМ - Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи мазкур бо Институти Эстониягӣ оид ба ҳуқуқи инсон, муаррифӣ менамоянд.

                                              

###

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба суроғаи ш. Душанбе, 734024, кўчаи Малика  Собирова 63/2, тел.: (+992) 44 610 21 11, почтаи электронӣ: info@ef-ca.tj муроҷиат намоед.

Қисми муҳаррирон: