Delegation of the European Union to Panama

Коршиносон аз Тоҷикистон барои беҳтар кардани табобати нашъамандӣ меъёрҳои Иттиҳоди Аврупоро омӯхтанд

Dushanbe, 09/04/2019 - 15:26, UNIQUE ID: 190409_24
Press releases

Бисту чор нафар шарикони барномаи CADAP аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти наркологӣ ва Маркази Миллии Мониторинг ва Пешгирии нашъамандӣ дар семинари дурӯза барои тренерон оид ба баланд бардоштани стандартҳои сифати табобати вобастагӣ аз маводҳои нашъаовар ширкат варзиданд.

Тренерон аз Донишкадаи Франкфурт оид ба илмҳои амалӣ, ду нафар мутахассиси амалкунанда аз муассисаи тиббии Олмон, инчунин тренер аз Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (РСММ МНҶ) баромад карда, доир ба стандартҳои қабулшудаи Иттиҳоди Аврупо дар коҳиши талабот ба маводи нашъаовар ва табобати нашъамандӣ дар Олмон ва стандартҳои байналмилалии РСММ МНҶ/ТУТ, презентатсияҳоро пешкаш намуданд.

Дар хусус ба шарикони миллӣ дар бораи хусусиятҳои кор дар байни аҳолӣ ва хизматрасониҳои ҳадди паст дошта (доир ба паст кардани зарар), хизматрасониҳои табобати амбулаторӣ дар сатҳи маҳаллӣ, инчунин дар бораи таҷрибаи табобат дар беморхона ва хона дар Олмон иттилоъ доданд.

Дар навбати худ, шарикони миллӣ таҷрибаи табобаткуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ доданд.

Қисмати барномаи CADAP доир ба табобат, кишварҳои Осиёи Марказиро дар барномаҳои табобат ва паст кардани зарар, бо истифода аз таҷрибаҳои беҳтарини Иттиҳоди Аврупо ва стандартҳои байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Семинар, ки имрӯз ба охир расид, ба омӯзиши мутахассисони миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасонии табобатӣ равона шудааст.

Барномаи CADAP 6 бо худ давомати сиёсати ИА ва ҳамкории дарозмӯҳлатро бо шарикони Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуда, баҳри мусоидат дар минбаъд тақвиятдиҳии сиёсат доир ба паст кардани талабот ба маводи нашъаовар равона шудааст. Барномаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, бо Консортсиуми кишварҳои Недерландия, Ҷумҳурии Чехия, Полша ва Олмон, дар якҷоягӣ бо ташкилоти Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ  (GIZ) амалӣ мегардад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Одинаев Фирдавс, Ҳамоҳангсози миллии Барномаи CADAP дар Тоҷикистон, тел.: (+992) 918837990, почтаи электронӣ: firdavs.odinaev@giz.de

Қисми муҳаррирон: