Delegation of the European Union to Namibia

Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷавононро ба мубодилаи афкор оиди қолабҳои шахшудаи гендерӣ даъват мекунад

03/03/2021 - 15:25
News stories

Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди баробарии гендерӣ ҳам дар қаламрави ИА ва ҳам дар ҳамкории зич бо кишварҳои шарик дар тамоми ҷаҳон захираҳои назарраси сиёсӣ ва молиявӣ фароҳам меоварад.

EU #GenderEquality challenges

Моҳи март аслан ба таҷлили занон ва нақши онҳо дар ҷомеа бахшида шудааст. Иттиҳоди Аврупо барои пешбурди баробарии гендерӣ ҳам дар қаламрави ИА ва ҳам дар ҳамкории зич бо кишварҳои шарик дар тамоми ҷаҳон захираҳои назарраси сиёсӣ ва молиявӣ фароҳам меоварад. Тавонмандии занон ва таъмини бархурдошт аз ҳуқуқҳои худ ва ширкат дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа на танҳо барои рушди иқтисодӣ ва шукуфоӣ, балки барои демократия, адолат, сулҳ, амният, муҳити сабзтару тозатар низ муҳиманд. Моҳи ноябр Иттиҳоди Аврупо Нақшаи нави амалро оид ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон дар амалҳои беруна барои солҳои 2021-2025 қабул кард, ва барои татбиқи он ИА бо мақомоти Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз қабили оҷонсиҳои СММ ва тамоми шарикони амалисози барномаҳои рушди ҳамкории ИА ҳамкорӣ мекунад.

Тоҷикон дар ҷомеаи худ тавозуни гендериро дар чӣ мебинанд? Онҳо ояндаро чӣ гуна тасаввур мекунанд? Қолабҳои шахшудаи осебпазир кадомҳоянд? Барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз ин масъалаҳо ва даъват намудани ҷавонони тоҷик барои мубодилаи афкор, Иттиҳоди Аврупо ду иқдомро дар шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз кард.

1 / Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои таҷлил аз Рӯзи мардон (23 феврал) ва Рӯзи модарон (8 март) иқдоми иҷтимоиро бо номи #BeaHero #BreaktheStereotype ташкил мекунад. Мардон ва занон, писарон ва духтаронро даъват мекунем, ки оиди шикастани қолабҳои шахшуда қиссаҳои рӯҳбаландкунандаи хешро нақл кунанд. Видеои 30-60 сониягиро доварони ҳунармандон ва коршиносон, аз ҷумла Сафири ИА Мэрилин Йосефсон, рӯзноманигор Маҳпора Киромова, коргардони кино Искандар Усмонов ва роҳбари Сохтори занони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Азиза Ҳамидова доварӣ хоҳанд кард. Видеоҳои илҳомбахштарин дар форуми виртуалии «Ман!» намоиш дода мешаванд, ки тавассути саҳифаҳои иҷтимоии ИА таблиғ карда мешаванд ва бо тӯҳфаҳои рамзии Намояндагии ИА сарфароз гардонида мешаванд. Силсилаи #BeaHero соли гузашта бо иқдомҳои "Не ба пластик" ва "Соҳибкори зирак бошед" оғоз ёфт ва тадриҷан мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаро фаро хоҳад гирифт. 

2. Сохтори СММ оид ба масоили занон ва Комиссияи Аврупо дар якҷоягӣ бо дигар шарикон озмуни ҷаҳонии кашидаҳои ҳаҷв ва карикатураро бахшида ба 25-умин солгарди Эъломия ва Барномаи амалиёти Пекин, рӯзномаи тавонмандсозии ҳуқуқ ва имкониятҳои занон ва духтарон эълон карданд. Озмун ҷавонони аз 18 то 28-солаи саросари ҷаҳонро ташвиқ мекунад, ки диди худро дар бораи баробарии гендерӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз мубодилаи нигоҳубини бемузд ва корҳои хонагӣ то мубориза барои хотима додан ба озори ҷинсӣ ва ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон пешниҳод кунанд.

Барои дастгирии ин иқдоми ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон даъвати худро бо номи #НаслиБаробарӣ (#GenerationEquality) ташкил кард, то шахсони эҷодкори ба баробарии гендерӣ эътимоддошта тасвири онро пешкаш намоянд, ки насли баробар барояшон чист ва чӣ гуна онро мебинанд. Асарҳои ҳаҷвӣ ва карикатураҳои худро мусаввирони ҷавон метавонанд ба нишонаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тариқи delegation-tajikistan-pic@eeas.europa.eu фиристанд. Кашидаҳои ҳамаи финалистҳо инчунин дар форуми "Ман!" намоиш дода мешаванд ва тавассути саҳифаҳои иҷтимоии ИА тарғиб карда мешаванд. Иштирокчиён метавонанд ҳам дар даъвати маҳаллӣ ва ҳам дар маъракаи умумиҷаҳонии #GenerationEquality ширкат варзанд.

Иқдомҳои {"service" : "frame","src" : "https://europa.eu/webtools/crs/iframe?oriurl=https%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2Fplugins%2Fpost.php%3Fhref%3Dhttps%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2FEUinTajikistan%2Fposts%2F4141445859212714" }">#BeaHero #BreaktheStereotype ва {"service" : "frame","src" : "https://europa.eu/webtools/crs/iframe?oriurl=https%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2Fplugins%2Fpost.php%3Fhref%3Dhttps%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2FEUinTajikistan%2Fposts%2F4116451478378819" }">#GenerationEquality то 14 март давом хоҳанд дошт.

Фикрҳои худро ба мо бигӯед ва дар даъват барои баробарии гендерӣ ҳамроҳ шавед!  

Қисми муҳаррирон: