Delegation of the European Union to Namibia

Мақолаи тафсирии муштарак оиди Брекзит

Dushanbe, 03/02/2020 - 08:19, UNIQUE ID: 200203_16
Op-Eds

Намояндаи олӣ/Ноиби президент Жозеп Боррелл ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба гуфтушунид бо Британияи Кабир, Мичел Барнер

Josep Borrell

31 январи соли 2020 Шоҳигарии муттаҳида Иттиҳоди Аврупоро тарк кард. Мо як узви оилаи худро аз даст додем. Ин барои мо ва шаҳрвандони аврупо ва ҳамчунин барои бисёре аз шаҳрвандони Британия низ лаҳзаи ғамангез буд.

Ба ҳар ҳол, мо ҳамеша ба тасмими мустақилонаи 52% интихобкунандагони Британия эҳтиром мегузорем ва ҳоло мо ба фасли тозаи робитаҳои ҳамдигар таваҷҷуҳ мекунем.

Агар эҳсосотро як тараф гузорем, 1 феврал санаи таърихӣ, вале бидуни драматизм буд. Ин асосан ба хотири Созишномаи хориҷшавӣ сурат мегирад, ки мо дар натиҷаи музокира мувофиқа кардем ва ба мо имкон дод, ки “Брекзити муназзамро” анҷом диҳем. Чунин тарзи амал зарару зиёнро барои шаҳрвандони мо, бизнесҳо, идораҳои давлатӣ ва ҳам шарикони байналмилалии мо то ҳадди ақал коҳиш медиҳад.

Мутобиқи ин созишнома Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир (БК) дар мавриди давраи гузариш то охири соли 2020 мувофиқа карданд, ки дар ин давра Британияи Кабир иштироки худро дар Иттиҳоди гумрукӣ ва бозори ягонаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) идома медиҳад ва қонунҳои ИА-ро татбиқ менамояд, ҳарчанд он дигар кишвари узв намебошад. Дар тӯли ин давра Британияи Кабир ба созишномаҳои байналмилалии ИА содиқ мемонад, ҳамон гуна ки мо дар изҳороти шифоҳӣ ба шарикони байналмилалии худ равшан сохтем. 

Ҳамин тавр, ҳангоми давраи гузариш дараҷаи давомдорӣ муайян аст. Бо дарназардошти магнитудаи вазифа ин кори осон набуд. Британияи Кабир ҳангоми зиндагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ба таври худкор, механикӣ ва қонунӣ аз садҳо созишномаи байналмилалӣ, ки аз номи Иттиҳодия ё ба фоидаи кишварҳои узв баста шудаанд, дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла, тиҷорат, авиатсия, моҳипарварӣ ё ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳомези маводи ядроӣ баҳра мебардорад.

Ҳоло мо бояд тарзи нави ҳамкориро байни ИА ва БК ба роҳ монем. Ин дар давоми чанд ҳафтаи оянда оғоз мешавад, дарҳол пас аз он ки ИА 27 ваколати музокиравии пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссияи Аврупоро тасдиқ мекунад ва шартҳо ва муҳлатҳоро барои ҳамкории то ҳадди имкон наздик бо кишвареро муайян мекунад, ки иттифоқчӣ, шарик ва дӯсти мо боқӣ мемонад.

Иттиҳодияи Аврупо ва БК аз нигоҳи таърихӣ, ҷуғрофиё, фарҳанг, арзишҳо ва принсипҳои муштарак ва эътиқоди қавӣ дар робитаҳои бисёрҷонибаи ба қонуну қоидаҳо асосёфта дар пайванд мебошанд. Ҳамкории ояндаи мо ин робитаҳо ва эътиқодҳои муштаракро инъикос мекунанд. Мо мехоҳем аз доираи тиҷорат фаротар равем ва дар мавриди амният ва дифоъ ва соҳаҳое, ки БК таҷриба дорад, ҳамчун талошҳои муштарак ҳамкориро давом диҳем. Дар ҷаҳони пур аз монеаҳо ва тағйирот, ошӯбу беназмӣ ва гузариш мо бояд бо ҳамдигар машварат кунем ва ба таври дуҷониба дар сатҳҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба монанди СММ, Созмони ҷаҳонии савдо, НАТО ё   G20 (Г20) ҳамкорӣ намоем.

Ин шояд ҳамчун як гапи куҳна ба назар расад, вале ҳақиқати ҳол чунин аст, ки мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ  - сар карда аз тағйироти иқлим то ҷинояти киберӣ, терроризим ё нобаробарӣ – вокунишҳои дастаҷамъиро талаб мекунад.

Ҳар қадар, ки БК тавонад наздиктар бо ИА ва ҳамроҳ бо шарикон дар саросари ҷаҳон кор кунад, имкониятҳо барои самарабахш бартараф кардани ин монеаҳо бештар хоҳанд шуд.

Дар маркази лоиҳаи ИА ин идея қарор дорад, ки мо агар якҷо бошем, қавитар ҳастем; мо метавонем захираҳо ва ташаббусҳои худро барои расидан ба ҳадафҳои муштарак беҳтар истифода намоем. Брекзит ин арзишҳоро тағйир намедиҳад ва мо ин лоиҳаро таҳти шумораи 27 идома хоҳем дод.

Ҳамроҳ бо 27 кишвари узв мо барои эҷоди бозори ягона ҷиҳати 450 миллион шаҳрвандон ва 20 миллион бизнесҳо кори худро идома хоҳем дод.

Вақте мо якҷо ҳастем, ҳамчун калонтарин блоки тиҷоратӣ дар ҷаҳон боқӣ хоҳем монд.

Ҳамроҳ бо 27 кишвари узв мо ҳанӯз ҳам калонтарин донор барои рушд ҳастем.

Шарикони мо бояд итминон дошта бошанд, ки мо ба ҳадафҳои худ вафодор ҳастем ва барномаи ояндабини мо диққати асосиро ба тиҷорат ва сармоягузорӣ, иқдомҳои вобаста ба иқлим, пайвастҳои рақамӣ, амният, мубориза бо терроризм, ҳуқуқи башар, демократия, мудофиа ва сиёсати хориҷӣ равона хоҳад кард.

Мо ба баланд бардоштани ӯҳдадориҳои худ идома хоҳем дод. Мо ба созишномаҳое, ки моро бо шарикони байналмилалӣ пайваст месозанд, вафодор хоҳем монд ва минбаъд низ ҳамкориҳоро оид ба рушди устувори иқтисодӣ, деҳот, маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон таҳким бахшида, ба тиҷорати фаросарҳадӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба амният ва мутобиқшавӣ ба иқлим дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, дар саросари ҷаҳон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф ва идома хоҳем дод.

Иттиҳодияи Аврупо шарике мебошад, ки шумо метавонед эътимод намоед.  Ҳамчун мудофеъи устувор робитаҳои бисёрҷониба бар асоси қоидаҳо мо бо шарикони худ кор мекунем, то ҷаҳон бештар амн шавад ва муҳити одилона эҷод гардад.

Қисми муҳаррирон: