Delegation of the European Union to Namibia

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо маросими ифтитоҳи бинои Кумитаи маҳалла дар ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид

Dushanbe, 18/12/2019 - 08:32, UNIQUE ID: 191218_3
Press releases

Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо маросими ифтитоҳи бинои Кумитаи маҳалла дар ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид

Дар доираи лоиҳаи “Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон (ХАОМ - Тоҷикистон) 24 ноябр маросими ифтитоҳи бинои кумитаи маҳалларо дар ҷамоати деҳоти Унҷи, ноҳияи Б. Ғафуров баргузор намуд.

 

Кушодашавии бинои маъмурӣ дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи Ташкилотҳои ҷомеаи ҳаҳрвандӣ (ТҶШ), ки ҳоло амалӣ шуда истодаанд, баргузор карда шуд.

 

Дар маросими ифтитоҳӣ муовини раиси ноҳияи Б.Ғафуров Ф. Абдуллозода дар мавзӯи «Рушди маҳалла, нақш ва масъулияти шарикони иҷтимоӣ дар ин раванд» баромад намуд. Директори ХАОМ -Тоҷикистон Сайфиддинов Азимҷон дар мавзӯи “Лоиҳаҳои кунунии ХАОМ-Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани нерӯи СҶШ ва кумитаи маҳаллаҳо нигаронида шудаанд” суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи маҳаллаи “МусаффоУ. Ҷӯраев инчунин дар мавзӯи “Дурнамои фаъолияти маъмурияти деҳа” суханронӣ намуд. Соҳибкори маҳаллӣ - Анваров Нарзулло дар мавзӯи «Ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ бо саъйи муштараки сокинони деҳот» суханронӣ намуд. Дар маросими ифтитоҳӣ инчунин раиси ҷамоат, Акпарходжаева С., раиси кумитаи маҳаллаи "Даштак" - Оқилов К., инчунин сокинони ноҳия, ки баҳрабардорони ин ташаббус мебошанд, иштирок карданд.

                                                                            

Барои гирифтани маълумоти муфассал муроҷиат намоед: ш. Душанбе, 734024, кўчаи Малика  Собирова 63/2, тел.: (+992) 44 610 21 11, почтаи электронӣ: info@ef-ca.tj

Қисми муҳаррирон: