Delegation of the European Union to Myanmar

Раванди сулҳ дар Афғонистон: Изҳороти муштараки ИА ва Осиёи Марказӣ аз тарафи сафирони махсус ва намояндагони махсуси ИА ва Осиёи Марказӣ

Brussels, 15/04/2021 - 00:00, UNIQUE ID: 210419_14
Press releases

Изҳорот аз тарафи намояндагони вижаи Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон, ки дар раванди вохӯрии маҷозии сафирони махсуси ИА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба Афғонистон санаи 15 апрели соли 2021 қабул гардид.

Мутобиқи хулосаҳои Ҷаласаи 16-уми вазирони корҳои хориҷии ИА ва Осиёи Марказӣ, ки санаи 17 ноябри соли 2020 баргузор гардид, иштирокчиён ҷонибдории умумии худро ҷиҳати ба роҳ мондани шарикии қавӣ, бузургмақсад ва дурандешона тасдиқ карданд. Бо эҳтироми соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва дахлнопазии ҳудудии Афғонистон иштирокчиён дар бораи вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карда, роҳҳои дастгирии минбаъдаи раванди сулҳи фарогир ва ҳамаҷонибаро ба манфиати тамоми мардуми афғон баррасӣ карданд. Бо ин мақсад, иштирокчиён:

 

  1. Вазъиятро баррасӣ намуда, эътироф карданд, ки танҳо созишномаи сулҳи тавассути музокирот бадастомада метавонад ба манфиати тамоми мардуми Афғонистон ба ҷанг хотима бахшида, барои сулҳу суботи минтақавӣ замина гузорад. Дар ин робита, иштирокчиён барои воқеан дубора оғоз кардани гуфтушунидҳои мустақими байни Ҳукумати Афғонистон ва Толибон даъват ба амал оварда, дастгирии худро вобаста ба ҳама форматҳои муколамаи созанда бо мақсади боз намудани пайроҳа ба сӯи раванди сулҳ дар Афғонистон, аз ҷумла музокироти дар Доҳа давомёфтаистода ва дигар конференсияҳои сатҳи баланд оид ба сулҳ, ки дар минтақа баргузор гардида истодааст, инчунин бори дигар дастгирии ҳамаҷонибаи худро ҷиҳати идомаи раванди сулҳ изҳор карданд.
  2. Нигаронии ҷиддии худро нисбат ба сатҳи баланди зӯровариҳои ҳамоно содиршудаистода ва зиёдшавии шумораи ҳамлаҳову кушторҳои ҳадафнок изҳор намуда, ҷонибдории худро барои даъват аз тамоми ҷонибҳо ҷиҳати оташбаси фаврӣ ва ҳамаҷониба изҳор намуданд.
  3. Таъкид намуданд, ки дар ҳама гуна созишномаи сулҳ бояд ҳуқуқи тамоми мардуми Афғонистон, аз ҷумла занон, ҷавонон ва ақаллиятҳои миллӣ риоя гардида, бояд кӯшишҳои қавии мардуми афғонро вобаста ба нигоҳдорӣ ва тақвияти ояндаи дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рушди аз соли 2001 инҷониб бадастовардашуда  дастгирӣ намояд.
  4. Таъкид намуданд, ки татбиқи Созишномаи Доҳа аз 29 феврали соли 2020  иҷрои ӯҳдадориҳои тамоми ҷонибҳоро тақозо менамояд.
  5. Тасдиқ намуданд, ки бо мақсади пеш бурдани раванди сулҳ аз ҷониби ва бо иродаи худи мардуми афғон ҳама гуна тағйирот дар сохтори идоракунии Афғонистон бояд аз ҷониби худи мардуми афғон бо эҳтироми муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба демократия муайян карда шавад.    
  6. Бори дигар зикр намуданд, ки Афғонистони ором ва рушдёфтаи озод аз терроризм бе шубҳа ба рушди тамоми минтақа ва берун аз он мусоидат хоҳад намуд ва омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо оид ба масоили вобаста ба мубориза алайҳи терроризм изҳор намуданд. Иштирокчиён инчунин аҳамияти мубориза бар зидди истеҳсол ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуда, аз тамоми ҷонибҳо даъват ба амал оварданд, ки таҳдиди маводи мухаддир дар дохили Афғонистон ва аз он паҳншаванда бартараф карда шавад.
  7. Нақши муҳими иштирокчиёни минтақавиро тавассути чораҳои фарогир аз ҷониби тамоми кишварҳо ва ташкилотҳои дар Афғонистон фаъол эътироф намуда, аз тамоми кишварҳои дахлдор оид ба дастгирии мардуми афғон ва саҳмгузорӣ дар таъмини сулҳи пойдор ба манфиати ҳамагон даъват ба амал оварданд. Иштирокчиён инчунин аҳамияти корҳои аз ҷониби Миссияи кӯмаки Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон вобаста ба ҳамоҳангсозии кӯшишҳои байналмиллалӣ ҷиҳати тарғиби сулҳу субот дар минтақа иҷрошудаистодаро таъкид намуданд.
  8. Зарурати таҳкими ҳамкории минтақавиро ҳамчун саҳм дар ҳалли фарогир ва сулҳомези низоъ дар Афғонистон таъкид намуда, ба таҷдиди кӯшишҳо ҷиҳати ҳамгироии зичтар (дар соҳаҳои нақлиёт, рушди рақамӣ, энергетика ва равобити байни мардум) байни Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он бар пояи принсипҳои устуворӣ ва имкониятҳои якхелаи иштирок бори дигар даъват намуданд.
  9. Кӯшишҳоро дар ҷодаи тақвияти раванди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва васеъ намудани корҳо оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ дар Афғонистон ва минтақа, аз ҷумла чораҳои мусоидаткунанда оид ба ҳамгироӣ, савдо ва рушди иқтисодии минтақавӣ истиқбол намуданд. Аз татбиқи ташаббусҳои муҳим оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҷодаи ҳамгироӣ, аз ҷумла ҳамгироии Афғонистон таҳти сарпарастии лоиҳаҳои “Стратегияи ҳамгироии ИА бо Осиё” ва Барномаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (ҲИМОМ)  истиқбол намуданд. Иштирокчиён инчунин нақши муколамаҳои минтақавиро оид ба чораҳои вобаста ба баланд бардоштани эътимод бо мақсади таҳкими робитаҳои иқтисодиву сиёсии байни минтақа ва Афғонистон баланд арзёбӣ намуданд.