Delegation of the European Union to the Kyrgyz Republic

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон - 10-уми декабри соли 2018

Bruxelles, 09/12/2018 - 13:52, UNIQUE ID: 181207_8
Statements on behalf of the EU

В этот день 70 лет назад государства — члены Организации Объединенных Наций приняли Всеобщую декларацию прав человека. Этот шаг объединил мир после величайшей трагедии в истории человечества. С тех пор мы достигли значительных успехов.

70 сол қабл дар ҳамин рӯз Давлатҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид барои қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон бо ҳам омаданд. Ин иқдом ҷаҳонро баъд аз фоҷиаи бузургтарин дар таърихи инсоният ба иттифоқ овард. Аз он вақт мо роҳи дарозро тай намудаем.

 

Эъломияи умумиҷаҳонӣ собит сохт, ки он асоси қонун оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсон мебошад, ки дар доираи он бисёр аз мамлакатҳо сутуни қавӣ ва устувори ҳуқуқҳои инсонро бунёд намуданд. Дар таърихи башарият имрӯз шумораи одамоне, ки дар шароити муносиби ҳуқуқи инсон умр ба сар мебаранд, аз ҳама бештар аст. 70-умин солгарди Эъломияи умумиҷаҳонӣ ин фурсати хубест, ки ба он таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шавад, ки чӣ гуна ҳуқуқҳои инсон ба ҷомеаи мо таъсири умумии худро гузоштанд.    

  
Бинобар ин, Иттиҳоди Аврупо имсол бо мамлакатҳои шарикаш аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ташаббуси “Ҳикояҳои хуб дар бораи ҳуқуқҳои инсон”-ро оғоз намуд, ки ба ҷаҳон нишон диҳад, ки чӣ тавр мусоидат ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ба ҷомеаи мо имкон медиҳад, ки устувортар ва қавитар рушд намояд. 

 

Дар ҳоле, ки андешаронӣ оиди ин ҳикояҳо метавонад сарчашмаи умеду эътимод шавад, мо наметавонем, ки ҳуқуқҳои инсонро мусаллам пиндорем. Ба мо маълум аст, ки дар тамоми дунё мубориза то ҳоло идома дорад: халалдор гаштани ҳуқуқҳои инсон, коста гаштани демократия ва маҳдуд шудани фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳануз ҷо дорад.

 

Аз замони қабули Эъломияи умумиҷаҳонӣ инҷониб, тарафдорони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқҳои инсон ба мусоидат ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон тавассути муколамаи осоишта ва бунёди демократияи гуногунақида саҳм гузоштанд. 

 

Дар тамоми олам, фишор ба озодии сухан, бар зидди фазои шаҳрвандӣ, тавассути ҳуҷуми зӯровар, бедаракшавии иҷборӣ ва низоми бақайдгирии ҷазодиҳанда меафзояд. Иттиҳоди Аврупо тарафдори пайвастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ва мо талошҳои худро ҷиҳати амал ва ибрози зидди зӯроварӣ ва таҳдид нисбати ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин занон ва созмонҳои ҷавонон идома медиҳем. Дастгирии ҷонибдорони ҳуқуқҳон инсон, инчунин тарафдорони ҳуқуқҳои шаҳрвандии занон дар меҳвари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқҳои инсон ва яке аз афзалиятҳои муҳими мо мебошад. Иттиҳоди Аврупо донори бузургтарин барои созмонҳои маҳалии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дунё ба шумор меравад ва солона 2 миллиард евро маблағ пешниҳод мекунад, ки аз се ду ҳиссаи дастгириро дар миқёси ҷаҳон ташкил мекунад. 

 

Дар ин рӯз, Иттиҳоди Аврупо ба низоми бисёрҷонибаи ҳуқуқҳои инсон ҳамчун асос барои ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати ба таври том ҳалл намудани вайронкуниҳои ҳуқуқҳои инсон ва чораҷӯӣ чи дар сатҳи байналмилалӣ ва чи дар сатҳи минтақавӣ қавлу ӯҳдадории қатъии худро бори дигар иброз менамояд. Бо татбиқи сохтори байналмилалии ҳуқуқҳои инсон дар доираи Иттиҳоди мо, мо худро дар ҳамон меъёрҳо мегузорем, ки онро мо аз мамлакатҳои шарикамон дар тамоми ҷаҳон интизор дорем. Ин ҷустуҷӯи пайвастаи моро барои беҳтар намудани вазъияти ҳуқуқҳои инсон дар дохил ва хориҷ дарбар мегирад. 

 

Ба ин васила, мо эҳтироми масъулияте, ки 70 сол пеш ба ӯҳда гирифта будем, идома медиҳем, ки дар меҳвари он далели асосӣ аст, ки ҳамаи одамон озод ва баробар ба дунё меоянд ва ишораи он, ки ҳамаи моро зарур аст, ки дар рӯҳияи эҳтиром ва иттифоқ амал намоем. 

Қисми муҳаррирон: