Delegation of the European Union to Israel

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Моғеринӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот- 3 майи соли 2019

Bruxelles, 02/05/2019 - 12:00, UNIQUE ID: 190426_5
Statements on behalf of the EU

Изҳороти Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо хонум Федерика Моғеринӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот- 3 майи соли 2019

Дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот мо ба нақши муҳиму ҷойгоҳи хоси матбуоти мустақил, ки на танҳо интиқолдиҳандаи иттилооти муътамаду дақиқ, балки сутуни демократия мебошад, ҷашн мегирем.  Сифати равандҳои демократӣ ба сатҳи озодии баён, инчунин озодии васоити ахбори омма (ВАО) ва гуногунандешӣ алоқаманд аст. Бе озодии воқеии матбуот демократия вуҷуд дошта наметавонад.

Васоити ахбори озоду гуногун ва мустақил масъулияти ниҳоят бузургеро ҷиҳати ба мардум расонидани иттилооти санҷидаю муътамад ба дӯш дошта, пояи асосии ҷомеаи озоду гуногунандеш маҳсуб мешаванд. Тадқиқотҳои журналистӣ дар таъмини назорату амнияти ҷомеа нақши муҳимро адо карда, барои аз амалу иқдомҳои худ ҳисобот додани давлатҳо ва муассисаҳои сатҳи гуногун, инчунин ба пайгирию назорати иҷрои уҳдадориҳои онҳо мусоидат менамоянд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам кӯшишҳои зиёди маҳдуд сохтани фазои васоити ахборро, аз ҷумла талошҳои пайваста паст задани онҳоро мушоҳида мекунем. Бисёр рӯзноманигорон бинобар ифшо сохтани ҳақиқат ва далелҳои нохушоянд қурбон мешаванд ё ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Таҷлили 26-умин Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба чолишҳою мушкилоти замони муосир, ки васоити ахбори омма дар давраи интихобот дар давраи пахши ҳар гуна маълумоти бардурӯғу пуртаҳриф ба онҳо дучор мегарданд, инчунин ба имконоти ВАО дар амри дастгирии демократия, сулҳ ва раванди мусолиҳа бахшида шудааст. Иттилооти бардурӯғу таҳрифомез метавонад ба равандҳои демократия ва муҳокимаи озоди масъалаҳо дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ расонад, ки дар ин росто Иттиҳоди Аврупо истисно нест. 

Маҳз ба ин хотир мо “Нақшаи амали Иттиҳоди Аврупо бар зидди иттилооти бардурӯғ”-ро (*) роҳандозӣ намудем, то дар ин самт иқдомҳои ҷавобии Иттиҳоди Аврупоро ба хотири тақвияти устувории ҷомеа бар зидди иттилооти бардурӯғ фаъол намоем. Дар Нақша такмил додани усулҳои шинохту пайгирии иттилооти бардурӯғ, ҳамоҳангсозӣ ва кӯшишу талошҳои муштараки Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он, иҷро шудани уҳдадориҳои бахши хусусӣ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва афзудани имкониятҳои шаҳрвандон пешбинӣ шудаанд. Демократияи солим ба мубоҳисаҳои ошкоро, озод ва одилонаи масъалаҳо такя мекунад ва вазифаи мо муҳофизат кардани ин фазо ва ҷилавгирӣ аз пахши иттилооти бепоя мебошад, ки  ҳисси нафрату адоват, мухолифат ва нобовариро нисбат ба демократия ба миён меорад.

Иттиҳоди Аврупо ба фаъолияти васоити ахбори озоду беғараз на танҳо дар дохили давлатҳои аъзои он, балки дар саросари ҷаҳон дар чаҳорчӯбаи  ҳамкории мутақобил бо кишварҳои дигар мусоидат менамояд.  Чунин иқдом, аз ҷумла бо роҳи маблағгузорӣ кардани лоиҳаҳои мақсаднок ба хотири боло бурдани сатҳу сифати журнализм, тақвияти озодии матбуот ва дастрасии бештар ба иттилооти ҷамъиятӣ ба даст меояд. Дар шароити афзудани фишор ба журналистикаи мустақил Иттиҳоди Аврупо бори дигар омодагии худро барои ҳифзу ҳимояи озодии матбуот ва ВАО дар ҳудуди давлатҳои аъзо ва саросари ҷаҳон изҳор медорад.

(*) 5 декабри соли 2018 Комиссияи Аврупо ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо Баёнияи муштаракро дар бораи "Нақшаи амал бар зидди маълумоти бардурӯғ" қабул намуданд.

https://eeas.europa.eu/headquarters/headquarters-homepage/54866/action-plan-against-disinformation_en

Қисми муҳаррирон: