Delegation of the European Union to Honduras

Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузории конфронсро оид ба мубориза бо терроризм дастгирӣ мекунад

Dushanbe, 17/05/2019 - 14:12, UNIQUE ID: 190517_16
Press releases

Иттиҳоди Аврупо яке аз сарпарастони баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” дар таърихи 17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе хоҳад буд.

EU DSG Serrano - Conference Dushanbe 001

 

Иттиҳоди Аврупо яке аз сарпарастони баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони  “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” дар таърихи 17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе хоҳад буд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ин чорабинӣ ҷаноби Педро Серрано, Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА оид ба масъалаҳои cиёсати амният, мудофиа ва бартарафсозии буҳронҳо роҳбарӣ мекунад. Ҷаноби Ҷон Гатт-Руттер, Сардори Шуъбаи зиддитеррористии Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА низ дар кори конфронс ширкат меварзад. Дар ҳошияи ин конфронс Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бахшида ба мавзӯи бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ ва ҳифзи оилаҳои ҷангиёни террористи хориҷӣ, аз ҷумла кӯдакон, наврасон ва занон, як чорабинии алоҳидаро барпо менамояд.

 

Баҳри шикаст додани терроризм ҳамоҳанг кардани кӯшишҳои ҷомеаи башарӣ зарур мебошад. Мубориза бо терроризм, пешгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизми хушунатомез барои ИА аз авлавиятҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Нақшаи амал барои пешгирии экстремизми хушунатомез санадҳои асосӣ барои фаъолияти ИА дар самти муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез мебошанд. ИА ба муносибату равиши амиқу ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза бо терроризм, аз ҷумла тавассути таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи иттилоот, бартарафсозии истифодаи интернет барои мақсадҳои террористӣ ва хотима бахшидан ба маблағгузории терроризм ва дар ин самт пурра риоя кардани қонунгузории байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҷодаи ҳуқуқи инсон ва қонуни байналмилалии гуманитарӣ, аҳамияти калон медиҳад. ИА дар татбиқи пурраи "Созишномаи ҷаҳонии СММ дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ" фаъолона иштирок мекунад.

 

Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА ҷаноби Педро Серрано дар ин бобат чунин иброз намуд: "Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати стратегӣ минтақаи муҳим ба шумор рафта, дар он талабот ва имкониятҳои зиёд барои роҳандозии муносибатҳои нави шарикӣ вуҷуд доранд. Мо дар тақвият додани ҳамкории худ – чи дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва пешгирии экстремизм ва чи дар самти ривоҷи тиҷорат, энергетика, ҳамбастагӣ ва  рушд манфиатҳои муштарак дорем". 

 

Замина

Мубориза бо терроризм дар фаъолияти берунии ИА торафт мавқеи намоёнро касб мекунад. Баъд аз ҳамлае, ки ба идораи маҷаллаи "Шарли Эбдо" дар шаҳри Париж моҳи январи соли 2015 сурат гирифт, Шӯрои Аврупо барои тақвият додани фаъолияти берунии ИА дар самти мубориза бо терроризм дастурҳои мушаххас додааст. Ин боиси таъсиси фишангҳои наву муҳим ва роҳандозии иқдомҳои ҷадид дар ин самт, аз ҷумла таъсиси шабакаи коршиносони ИА дар як қатор намояндагиҳои ИА дар кишварҳои мухталиф, оғози муколамаҳо ва нақшаҳои амали зиддитеррористӣ бо шарикони асосии байналмилалии ИА гардидааст. Ҷавобан ба дигаргуншавии таҳдидҳои террористӣ, Шӯрои Аврупо ҳуҷҷати роҳнамои стратегии худро моҳи июни соли 2017 таҳия карда, ба сиёсати худ дар самти мубориза ба муқобили софкории пул ва пешгирии маблағгузории терроризм такони нав бахшид.

 

Соли 2018 ҷомеаи башарӣ шоҳиди шикасти қариб пурраи Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) -  ҳамчун созмони ифротгарои дар ҳудуди муайян амалкунанда гардид. Бо вуҷуди ин, ин пирӯзӣ таҳдидҳои террористиро бартараф накарда, балки шакли онро тағйир додааст. Бозгашти ҷанговарони террористи хориҷӣ аз маҳалҳое, ки қаблан аз ҷониби ДИИШ тасарруф шуда буданд ва ҷустуҷӯи паноҳгоҳҳои нав аз сӯи онҳо дар кишварҳои ИА ё кишварҳои шарик ва ҳамсояи ИА, аз Иттиҳоди Аврупо ва шарикони он амалҳои муштаракро талаб мекунад, то мушкилоту ситезаҳо, аз ҷумла  хатари интишори ифротгароӣ ва экстремизми зӯровар дар ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ИА ва берун аз он, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани террористони баргашта, дигаршавии тарзҳои софкории пул ва маблағгузории терроризм, эҳё ва бозгашти дигар созмонҳои террористӣ, аз қабили "Ал-Қоида", гурӯҳҳои дар каминбудаи террористон, террористони алоҳидаи ба таври пӯшида амалкунанда ва тарғиботи доимии терроризм дар шабакаи Интернет ҳалли худро пайдо намоянд.

 

ИА фаъолият ва ҳамкории худро бо кишварҳои шарик дар Осиёи Марказӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм муҳим арзёбӣ мекунад. 15 майи соли 2019 Комиссияи Аврупо ва Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА "Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо нисбати Осиёи Марказӣ"-ро таҳти унвони "Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: имкониятҳои нав барои шарикии устувор" якҷоя қабул карданд. Дар ин Стратегия ба ҳамкорӣ миёни ИА ва шарикони он дар Осиёи Марказӣ дар самти пешгирии экстремизм ва ифротгароӣ, маблағгузории терроризм ва ҳалли масъалаи бозгашти ҷангиёни террорист дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояи доимии ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. ИА ба табодули таҷрибаи пешқадам дар амри пешгирии экстремизми хушунатомез, аз ҷумла таҳқиқ намудани омилҳои афзоиши экстремизм ва тадбирҳои пешгирикунандаи таблиғоти террористӣ мусоидат хоҳад кард. ИА барои мустаҳкам кардани устувории ҷомеаҳои маҳаллӣ дар муқобили ифротгароии хушунатомез ва ҳамзамон риоя кардани ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, инчунин ба инобат гирифтани ҷанбаҳои гендерӣ тибқи Нақшаи амали СММ барои пешгирии экстремизми зӯровар талош хоҳад кард. Ғайр аз ин, ИА тасмим гирифтааст, ки ба наздикӣ як коршиноси махсуси масоили амният ва фаъолияти зиддитеррористиро, ки бо шароити минтақа огоҳ аст, ба Осиёи Марказӣ сафарбар намояд.

Қисми муҳаррирон: