Delegation of the European Union to Honduras

Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавиро оид ба масъалаи ишора кардани макони истеҳсоли молҳо доир намуд

Dushanbe, 11/04/2019 - 12:08, UNIQUE ID: 190411_5
Press releases

10-11 апрели соли 2019 Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон конфронси минтақавӣ оид ба масъалаи ишора кардани макони ҷуғрофии молҳои дар Осиёи Марказӣ истеҳсолшавандаро доир намудааст. Дар ин мавзӯъ ингуна конфронси минтақавӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал гузаронида мешавад.

Ҳадафи конфронс амалан нишон додани роҳҳои таҳияи тартиби ишораи макони ҷуғрофии молҳои дар Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда бо мақсади мусоидат ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, тиҷорат ва содирот мебошад.

Бисёре аз маҳсулоти Осиёи Марказӣ дорои хосиятҳои аҷиб ва баландсифат ҳастанд, ки айни ҳол ба таври кофӣ реклама ва фурӯхта намешаванд. Аз ин лиҳоз, ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо яке аз фишангҳои муфиди маркетингӣ ва омили муҳими иқтисодӣ барои истеҳсолкунандагони маҳалие, ки мехоҳанд маҳсулоти худро дар бозори ҷаҳонӣ фурӯшанд, дониста мешавад. Аз таҷрибаи дигар кишварҳо маълум мегардад, ки агар тартиби ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо ба роҳ дуруст монда шавад, он метавонад ҷойҳои нави кориро ташкил карда, донишҳои анъанавиро нигоҳ дошта, огоҳии мардумро дар бораи зарурияти ҳифз намудани муҳити зист баланд бардошта, ба пешбурди рушди деҳот, сайёҳӣ мусоидат намуда, нақшаи муҳимеро дар ҳавасмандсозии иқтисодии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ бозӣ кунад.

Дар конфронс намояндагони баландпоя аз Ташкилоти REDD дар бораи ҳимояи байналмилалии консепсияи ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо нақл карданд. Як чорабинии алоҳидаи конфронс танҳо ба ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз водии Фарғона, ки дар ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷойгир аст, бахшида шудааст.

Истеҳсоли меваву сабзавот дар водии Фарғона аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад, зеро барои ин кор ҷалб кардани захираҳои зиёди меҳнатии маҳаллӣ лозим аст. Ишораи макони ҷуғрофии истеҳсоли молҳо метавонад талаботро ба маҳсулоти ин минтақа зиёд карда, на танҳо ҷойҳои нави корӣ ва даромади бештарро таъмин кунад, балки ба рушди ин минтақа ва "бренди минтақавӣ" мусоидат намояд.

Ғайр аз ин, рӯзи дуюми конфронс ба соҳаи ҳунармандӣ бахшида шуда буд. Маҳсулоти нассоҷӣ, аз қабили қолинҳо ва сӯзанӣ, аз сабаби доштани сифати хуб ва робитаи хос ба мероси фарҳангии ин минтақа барои дохил кардан ба феҳристи молҳое, ки макони ҷуғрофии истеҳсоли онҳо ишора шудааст, пешниҳод гардиданд. Дар охири конфронс як чорабинӣ ба пешрафти намунаҳои либосу матоъҳои миллӣ аз Осиёи Марказӣ ва роҳҳои пешкаши онҳо ба бозори мӯди байналмилалӣ бахшида шуда буд. Дар ин самт, таҷрибаи беназири созмони "Зази Винтаҷ" ва лоиҳаи "Ташаббус баҳри рушди мӯди халқӣ" ба иштирокчиён пешниҳод гардида нишон дод, ки читавр метавон брендинги самарабахшро бо муваффақият бо даромади бештару устувор ва усулҳои истеҳсолӣ бо истифода аз маводҳои органикӣ якҷоя кард.

Дар конфронс истеҳсолкунандагони маҳаллӣ аз ҳамаи соҳаҳо имкон доштанд, ки маҳсулоти худро ба шарикони аврупоӣ нишон диҳанд. Ин конфронс фурсати Тоҷикистонро дар раванди бастани шартномаи эҳтимолии оид ба "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (НУИ +)" зиёд намуда, ба тавсеаи имконоти содироти маҳсулотҳои баландсифати кишвар ба бозори Иттиҳоди Аврупо мусоидат кардааст.

Қисми муҳаррирон: