Delegation of the European Union to Gabon, Equatorial Guinea, Sao Tomé-et-Principe and CEEAC 

Иттиҳоди Аврупо барои беҳтар намудани шароити зисти аҳолии деҳот дар Тоҷикистон 59 миллион евро маблағгузорӣ мекунад

Bruxelles, 16/08/2019 - 13:35, UNIQUE ID: 190816_6
Press releases

Комиссияи Аврупо барномаи дастгириро ба маблағи 59 миллион евро барои рушди деҳот дар Тоҷикистон эълон намуд.

Комиссияи Аврупо  барномаи дастгириро ба маблағи 59 миллион евро барои рушди деҳот дар Тоҷикистон эълон намуд. Соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақрибан чоряки маҳсулоти умумии дохилии кишварро ташкил медиҳад ва тақрибан аз чор се ҳиссаи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди деҳот ба мушкилоти сохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи идоракунии захираҳои табиӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дучор меояд.

 

Комиссар оид ба Ҳамкории байналмилалӣ ва рушд, ҷаноби Невен Мимитса гуфт: Бо сармоягузории нав, ба маблағи 59 миллион евро, мо ба ҷомеаҳои деҳоти Тоҷикистон дар истифодаи устувори захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани устувории онҳо ба шароити ниҳоии иқлим кӯмак хоҳем кард. Ин ба худи ҷамоаҳо ва ҳам барои ҳамаи мо манфиат мерасонад".

 

Илова бар ин, Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат, тақвияти идоракунии захираҳои табиӣ ва пешбурди истифодаи устувору самараноки захираҳои об мусоидат менамояд.

 

Барномае, ки ба навӣ ба тасвиб расонда шудааст, Барномаи II оид ба рушди деҳот, дар асоси фаъолияти қаблии ИА дар ин бахш омода карда шудааст ва барномаҳои ҳозираи ИА Барномаи I оид ба рушди деҳот ва Барнома оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнеси тоҷикро дар бар мегирад.

 

  • Барномаи қаблӣ ислоҳотҳои муҳимро дар идоракунии захираҳои табиӣ, беҳтар намудани васоити зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ нишон додааст. Масалан, дар соҳаи барқарорсозии обёрӣ ва идоракунии ҳавзаҳои дарёҳо, корҳои сафарбаркунии иҷтимоӣ ба 1,992 гиранда ҷойҳои кории муваққатӣ таъмин намуданд, ки 618 нафари онҳо занон мебошанд.
  • Ин инчунин ба афзоиши сармоягузории деҳот оварда расонд. Дар доираи лоиҳа ва дар ҳамкорӣ бо бонкҳои маҳаллӣ, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ 74 қарз дода шуд ва баробари он таҷҳизот барои сертификатсияи бехатарӣ ва сифати маводи хурока таъмин карда шуд, ки ҳоло дар шаш озмоишгоҳи Тоҷикистон истифода шуда истодааст.

 

Барномаи ба навӣ тасдиқшуда, аз ҷумла:

  • рақобатпазирии тиҷоратро тавассути дастгирии таъмини шумораи баробари занон ва мардон байни деҳқонон ва коркардчиёни маводи кишоварзӣ дар идоракунӣ/банақшагирии тиҷорат, кор карда баромадани стратегияҳои маркетинг ва дар муроҷиат намудан барои қарзгирӣ баланд мебардорад.
  • идоракунии захираҳои табииро тавассути муайян ва амалӣ намудани чораҳо оиди паст намудани хатари офатҳои табиӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллӣ тақвият медиҳад.
  • ба истифодаи устувору самараноки об тавассути таъмин ва насби таҷҳизоти андозагирӣ ва нармафзори лозима, ки барои моделсозӣ ва идоракунии ҷараёни об дар ҳавзаҳои минтақаҳои мақсаднок имкон медиҳад, мусоидат менамояд.

 

Тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо агентии Олмон оид ба рушд (GIZ), Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳо амалӣ карда мешаванд.

 

Замина

Муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон аз соли 1991, ҳангоми эълони Комиссияи Аврупо Барномаи кӯмаки техникӣ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ТАСИС), оғоз гардиданд. Тоҷикистон гирандаи бузургтарини кӯмаки дуҷониба дар Осиёи Марказӣ мебошад. Кӯмаки дуҷонибаи ИА дар соҳаи рушд аз тақрибан 20 миллион евро дар аввали солҳои 2000-ум то имрӯз ба тақрибан 33 миллион евро дар як сол афзудааст. Маблағҳои давраи ҳозира барои Тоҷикистон ба беҳтар намудани соҳаи маориф ва тандурустӣ, ба рушди деҳот ва инчунин ба афзоиши сармоягузорӣ равона карда мешаванд.

 

Гирифтани маълумоти бештар

Робитаҳои ИА ва Тоҷикистон, сомона, варақаи ахборотӣ

Робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, варақаи ахборотӣ

Намояндаи волои Иттиҳоди Аврупо қабули барномаи сармоягузории нерӯи барқароршавандаро барои Тоҷикистон эълон менамояд.

Қисми муҳаррирон: