Delegation of the European Union to Cameroon

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 10 декабри соли 2019 доир гардид

Brussels, 11/12/2019 - 06:18, UNIQUE ID: 191211_1
Press releases

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон 10 декабри соли 2019 доир гардид

EU-Tajikistan Cooperation Council

 

Рӯзи сешанбе, 10 декабр, дар шаҳри Брюссел ҳаштум ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷониби Тоҷикистонро дар ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин Муҳриддин раисӣ намуд. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро аз номи ҷаноби Жозе́п Борре́л Фонте́лес, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният, ҷаноби Гордан Грлич Радман, Вазири Хорватия оид ба корҳои хориҷӣ ва умури аврупоӣ, сарварӣ кардааст.

Шӯрои ҳамкорӣ рушди хуби муносибатҳои дуҷонибаро, аз ҷумла дар ислоҳоти сиёсӣ, судӣ ва иқтисодӣ, волоияти қонун, тиҷорат, сармоягузорӣ ва энергетика ва масоили байналмилалӣ, баррасӣ кард. Инчунин Шӯрои ҳамкорӣ масъалаҳои идоракунии самаранок, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чораҳо барои беҳтар намудани фазои соҳибкориро муҳокима намуд. ИА аҳамияти сиёсати макроиқтисодӣ равона ба пойдории субот ва аҳамияти пешрафти минбаъдаро дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ таъкид кард.

 

EU-Tajikistan Cooperation Council

 

"ИА ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушд, амният ва шукуфоии мардуми кишвар ҳадафҳои муштарак доранд. ИА бори дигар омодагии худро барои дастгирии раванди ислоҳот дар кишвар ва талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ изҳор намуд", - гуфт ҷаноби Гордан Грлич Радман, Вазири Хорватия оид ба корҳои хориҷӣ ва умури аврупоӣ.

Инчунин мавзӯъи ҳуқуқи инсон, минҷумла кӯшишҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти муассисаҳои системаи пенитенсиарӣ ва кам кардани осебпазирии маҳкумшудагон ва кормандони ҳабсхонаҳо, мавриди муҳокима қарор гирифт. ИА низ таклиф кард, ки Тоҷикистон фазои сиёсияшро бо назардошти интихоботи парлумонӣ ва президентӣ, ки соли 2020 доир мегарданд, васеътар намояд.

ИА таъкид намуд, ки кӯмаки худро барои пешравии ислоҳот дар Тоҷикистон идома дода, талошҳои кишварро ҷиҳати бардоштани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ва мубориза бо коррупсия дастгирӣ хоҳад кард. Инчунин кӯмаки дуҷонибаи ИА баҳри рушди Тоҷикистон, бахусус дар се бахши муҳим, яъне тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот, муҳокима карда шуд.

ИА рағбати расмии Тоҷикистонро барои такмил додани муносибатҳои кунунӣ ва инчунин рағбати Тоҷикистонро ҷиҳати шомил шудан ба барномаи "Низоми умумишудаи имтиёзҳои тиҷоратии ИА +" ("НУИ+") бо хушнудӣ истиқбол кард.

Шӯрои ҳамкорӣ "Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро нисбати Осиёи Марказӣ", ки моҳи июни соли 2019 қабул шудааст, ва инчунин амалисозии "Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро баҳри таъмини бохампайвастшавии Аврупо ва Осиё", ки моҳи сентябри соли ҷорӣ қабул шудааст, мавриди муҳокима қарор дод. Тарафайн дар иртибот ба вазъи сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд ва ИА нақши муҳими Тоҷикистонро дар пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ ва талошҳои Тоҷикистонро барои ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон бо хушнудӣ пазируфт.

Қисми муҳаррирон: