Delegation of the European Union to Armenia

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот: Изҳороти Намояндаи олӣ аз номи Иттиҳоди Аврупо

Brussels, 03/05/2021 - 13:20, UNIQUE ID: 210503_10
Press releases

Дар замоне, ки васоити ахбори мустақил ва озод аз ҳарвақта муҳимтаранд, озодии матбуот ҳамоно зери таҳдид қарор дорад. Рӯзноманигорон ҳамчунон ба шароити вазнини кор бо афзоиши фишорҳои молиявӣ ва сиёсӣ, назорат, ҳукмҳои беасоси боздошт ё зӯроварӣ барои иҷрои вазифаҳояшон рӯ ба рӯ мешаванд. Тибқи маълумоти Расадхонаи ЮНЕСКО, аз соли 2020 инҷониб 76 журналист кушта шудааст ва миқдори бисёртаре дар саросари ҷаҳон боздошт, таъқиб ё таҳдид шудаанд. Зӯроварии ҷинсӣ бар зидди занони рӯзноманигор боиси нигаронии хосае аст.

Озодии матбуот як арзиши бунёдии Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки онро бисёр ташаббусҳои ахир дастгирӣ мекунанд. Озодии ВАО ва амнияти рӯзноманигорон афзалиятҳои асосии Нақшаи нави амал барои ҳуқуқи инсон ва демократия ва Нақшаи амалиёти Аврупо барои демократия мебошанд. Дар соли 2020, зиёда аз 400 рӯзноманигорон аз механизми ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқи ИА истифода карданд, дар ҳоле ки ИА барои дастгирии рӯзноманигорон, васоити ахбори оммаи мустақил ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ дар бисёр минтақаҳо чораҳои муҳим андешид.

Дар соли гузашта, Иттиҳоди Аврупо дар чанд маврид тарсондан ва таъқиби рӯзноманигорони мустақил дар кишварҳои ҷаҳонро маҳкум кард. ИА, аз ҷумла тавассути Намояндаи махсуси худ оиди ҳуқуқи инсон, ҳамкориро бо рӯзноманигорони мустақили зери таъқиб қарордошта идома дод ва барои дастгирии рӯзноманигорон ва блогерҳои боздоштшуда дахолат кард.

Намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо садои ИА дар маҳал мебошанд. Онҳо мурофиаҳои судии зидди рӯзноманигоронро бодиққат пайгирӣ карда, алайҳи таъқибот нисбат ба ҳимоятгарони ҳуқуқ ва кормандони ВАО баромад карданд ва нигарониҳоро ба мақомоти миллӣ дар бораи қонунгузории пешниҳодшудаи иртиботот, васоити ахбори омма, иттилоот ва телевизион расониданд.

ИА тасмим гирифтааст, ки дар ин самт боз ҳам бештар кор анҷом диҳад, чӣ дар Аврупо, ва чӣ дар хориҷа. ИА ҳамоҳангиро бо созмонҳо ва механизмҳои байналмилалӣ идома медиҳад ва равишҳои навро таҳия мекунад. Масалан, пешниҳоди Комиссияи Аврупо оид ба Қонуни хизматрасониҳои рақамӣ мебошад, ки масъулияти платформаҳои асосиро барои одилона, бехатар ва шаффофтар кардани системаҳои онҳо таъмин менамояд. Мо инчунин кӯшишҳоямонро барои муқовимат бо иттилооти бардурӯғ идома медиҳем ва бо ҳамаи шарикон барои дарёфти воситаҳои муассири дастгирии моделҳои устувори тиҷорат барои васоити ахбори омма ҳамкорӣ мекунем.

Озодии иттилоот ва озодии сухан бояд дар ҳама ҷо ташвиқ ва ҳимоя карда шавад. Ин бар манфиати ҳар кас ва ҳама мебошад. ИА минбаъд низ бар хилофи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҳама гуна маҳдудиятҳои озодии баён ва сензура, чӣ дар шабака (онлайн) ва чӣ мустақим (оффлайн), мухолифат хоҳад кард. Озодии матбуот асоси ҷомеаҳои демократӣ мебошад, ки танҳо дар сурате рушд карда метавонанд, ки шаҳрвандон ба маълумоти боэътимод дастрасӣ дошта бошанд ва озодии интихоби огоҳона дошта бошанд. Озодии матбуот– ин амният барои ҳама аст.

Қисми муҳаррирон: