Delegation of the European Union to Algeria

Кӯмак ба маҳкумшудагон барои ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди малакаҳои соҳибкории онҳо

Душанбе, 16/02/2021 - 07:36, UNIQUE ID: 210216_41
Press releases

Курсҳои омӯзишӣ ба маҳкумшудагон имконият фароҳам меорад, ки онхо маблағ ба даст оранд ва сатҳи даромади худро баланд бардоранд. Ниҳоят ин ба маҳкумшудагон барои ҳамгироии иҷтимоии онҳо ва идома додани ҳаёти худ бо риояи қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ кӯмак хоҳад кард.

Курси омӯзишӣ оид ба банақшагирии тиҷорат барои 70 нафар занону мардони маҳкумшуда дар ду муассисаи ислоҳӣ (МИ): ш.Норак ва н.Ёвон ташкил карда мешавад. Курсҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи соҳибкории маҳкумшудагон ва омода намудани онҳо барои рушди мустақили идеяҳо ва нақшаҳои тиҷоратӣ мусоидат мекунад. Иштирокчиёни курсҳои қаблии касбӣ тарзи оғоз намудани тиҷорати нав ва талаботи қонунҳои маҳаллии андозро меомӯзанд. Курсҳои омӯзишӣ ба маҳкумшудагон имконият фароҳам меорад, ки онхо маблағ ба даст оранд ва сатҳи даромади худро баланд бардоранд. Ниҳоят ин ба маҳкумшудагон барои ҳамгироии иҷтимоии онҳо ва идома додани ҳаёти худ бо риояи қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ кӯмак хоҳад кард.

Тайёр кардани маводхои курси омӯзишӣ дар асоси шаблонҳои нақшаи кории ташкилотҳои дахлдор, ки грант ва қарз пешниҳод мекунанд (масалан, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ), омода карда мешаванд, то инки занон ва мардони маҳкумшуда ҳангоми дарсҳои амалӣ имконияти таҳия намудани нақшаҳои тиҷоратиро пайдо намоянд.

Натиҷаҳои курсҳои хатмкардаи касбӣ дар ду МИ: ш.Норак ва н.Ёвон таваҷҷӯҳи зиёди маҳкумшудагонро барои иштирок дар чорабиниҳои дигари лоиҳа, махсусан дар соҳаи банақшагирии тиҷорат ва тарҳрезии лоиҳаро.нишон медихад.

Омӯзгорон барномаҳои таълимии худро бо назардошти режими муассисахои ислоҳӣ мутобиқ мекунанд. Ҳангоми омӯзиш тамоми чораҳои пешгирӣ аз хавфи сироятии КОВИД-19 (ниқобҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоӣ) риоя карда мешавад.

Тренингҳоро ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» дар ҳамкорӣ бо Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” (SECRET-3), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ мешавад, ташкил менамояд. Лоиҳа аз ҷониби намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ: "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" ва "Ҷаҳон" амалӣ карда мешавад.

Барои дарёфти иттилои муфассал, лутфан муроҷиат намоед ба:

Зарина Холиқова, директори Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон тавассути почтаи электронии khalikova@dvv-international.tj

Шаҳло Абдунабизода, директори ТЧ «Ҷаҳон», тавассути почтаи электронии ngo.jahon@gmail.com

Қисми муҳаррирон: