Delegation of the European Union to Algeria

Намояндаи Олӣ/ Муовини Раиси Комиссия Аврупо Федерика Могеринӣ ба Осиёи Марказӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии солонаи сатҳи вазирон сафар мекунад

Bruxelles, 05/07/2019 - 13:48, UNIQUE ID: 190705_9
Press releases

Рӯзҳои 6 - 7 июл, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ/Муовини Раиси Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ба Туркманистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунад.

EU HRVP Mogherini

 

Ҳадафи  асосии ташриф ин иштирок дар 15-умин Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар шаҳри Бишкек 7 июл доир мегардад, ки имкони манзур ва баррасии татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупоро нисбати Осиёи Марказӣ  фароҳам меорад. Стратегия аз ҷониби Комиссияи Аврупо 15 май ва аз ҷониби Шӯрои корҳои хориҷии Аврупо 17 июн қабул шуд.

 

Стратегияи нави мазкур Стратегияи аввали Иттиҳоди Аврупоро нисбати Осиёи Марказӣ аз соли 2007 таҷдид намуда, равандҳои нави солҳои охир дар минтақа рухдодаро инъикос намуда, барои ҳамкории минтақавӣ ва амалисозии босуръати ташаббус оид ба пайвастани Аврупо ва Осиё дар минтақа такон медиҳад.

 

Дар арафаи вохӯрии вазирон, санаи 6 июл Федерика Могеринӣ ба шаҳри Ашқобод, Туркманистон сафар анҷом хоҳад дод ва бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов вохӯрӣ доир намуда, Созишнома оид ба таъсиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Туркманистонро имзо хоҳад кард. Хадамоти телевизионӣ ва иттилоотии Иттиҳоди Аврупо Аврупо тавассути моҳвораEurope By Satellite  ҷараёни ин конфронси муштараки матбуотиро, ки пас аз маросими имзо доир мешавад, пахш мекунад. Могеринӣ инчунин бо Гулшод Мамедова, Раиси Маҷлиси Туркманистон, вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.

 

Дар шаҳри Бишкек бошад, Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссияи Аврупо бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков вохӯрӣ доир менамояд. Ҳамроҳ бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков, Федерика Могеринӣ дар тасвиби Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурдаи Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон пеш аз доир шудани конфронси матбуотии муштарак иштирок мекунад. Могеринӣ дар якумин Форуми Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо андешаҳои хотимавӣ баромад хоҳад кард, ки он намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро бо ҳам меорад, то онҳо оиди рушди шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо имконияти суханронӣ намоянд.

 

Санаи 7 июл, Могеринӣ дар вохӯрии Вазирони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар он панҷ вазири корҳои хориҷии минтақа ширкат меварзанд, ҳамраисӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ имкон медиҳад, ки Иттиҳоди Аврупо паёми қавии худро оид ба ҷонибдории минтақае, ки торафт муҳимтар шуда истодааст ва дар он равандҳои ҷадид имкониятҳои наверо барои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо фароҳам меоварданд, бирасонад. Дар анҷоми вохӯрии сатҳи вазирон, Намояндаи Олӣ/Муовини Раиси Комиссияи Аврупо
Федерика Могеринӣ ва Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков
конфронси матбуотии муштаракро доир менамоянд. Дар шаҳри Бишкек Могеринӣ ҳамчунин бо занон-вакилони Парлумон ва дипломатҳои Академияи дипломатӣ вомехӯрад.

 

Акс ва наворҳои видеоиро, ки пурра ташрифро инъикос мекунанд, аз ҷониби Аврупо тавассути моҳвора пешниҳод карда мешаванд. Наворҳои видеоӣ оид ба минтақа, кишварҳои алоҳида ва лоиҳаҳои мушаххаси Иттиҳоди Аврупоро ба тариқи онлайн дастрас кардан мумкин аст.

 

Барои маълумоти муфассал оиди робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба сомонаҳои зерин муроҷиат намоед: Варақаи иттилоотӣ оид ба робитаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Қазоқистон (Варақаи иттилоотӣ; сомона), Қирғизистон (Варақаи иттилоотӣ; сомона), Тоҷикистон (Варақаи иттилоотӣ; сомона), Туркманистон (Варақаи иттилоотӣ; сомона) ва Ӯзбекистон (Варақаи иттилоотӣ; сомона).

 

Тамосҳо барои маълумоти бештар:

Мая КосиянчичTel.: +32 229 86570; 

Адам КазновскиTel: +32 229 89359.

Инчуни назар кунед

Қисми муҳаррирон: