Раводид

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои гирифтани раводид ба чанде аз давлатҳои шартномаи Шенген (танҳо Австрия, Белгия, Дания, Финляндия, Фаронса, Олмон, Юнон, Италия, Люксембург, Нидерланд, Норвегия, Португалия, Шветсия ва Испания) ба Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Раводид ба дигар мамолик-узвҳои шартномаи Шенген (Ҷумҳурии Чехия, Эстония, Венгрия/Маҷористон, Исландия, Латвия, Литва, Малта, Полша/Лаҳистон, Словакия ва Словения)-ро дар сафоратҳои мамлакатҳои дахлдор дар ҷумҳуриҳои минтақа дастрас намудан мумкин аст.

Барои раводид ба Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Сафорати  Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудан лозим аст.