Имкониятҳои гирифтани раводид ба Аврупо

Агар шумо ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) рафтанӣ бошед, ду роҳи гирифтани виза мавҷуд аст. Якум роҳ ин гирифтани визаи Шенген аст, ки ба шумо имконияти сафар ба ҳамаи кишварҳои минтақаи Шенген медиҳад. Кишварҳои минтақаи Шенген инҳоянд: Австрия, Белгия, Дания, Испания, Италия, Латвия, Лаҳистон, Литва, Люксембург, Малта, Маҷористон, Нидерланд, Олмон, Португалия, Словакия, Словения, Фаронса, Финляндия, Чехия, Шветсия, Эстония ва Юнон.

Гарчи чаҳор кишвари зайл - Исландия, Лихтенштейн, Норвегия ва Швейтсария - узви ИА набошанд ҳам, онҳо дар Созишномаи Шенген иштирок мекунанд. Бо визаи Шенген дар даст шумо метавонед ба ин кишварҳо ҳам равед.

Британияи Кабир, Булғористон, Ирландия, Кипр, Руминия ва Хорватия аъзоёни ИА ҳастанд, аммо ҷониби Созишномаи Шенген нестанд. Барои сафар ба Британияи Кабир ва Ирландия ба шумо гирифтани визаи алоҳида лозим аст. Чор кишвари дигари дар боло зикршуда ният доранд, ки дар оянда ба Созишномаи Шенген қатӣ шаванд. Нисбати шахсони дорои визаи Шенген ё шиноснома ин кишварҳо низоми махсуси бевизаро истифода мебаранд модоме, ки виза ба минтақаи Шенген ақаллан ду бор ворид шуданро иҷозат диҳад ва шумораи воридшавиҳо ва ё мӯҳлати истиқомат аз ҳадд нагузашта бошад.

Якчанд намуди визаҳои Шенген вуҷуд дорад. Визаи Шенгени навъи "C" (Си) ба шумо на зиёдтар аз 3 моҳ/90 рӯз дар давоми шаш моҳ истиқомат карданро иҷозат дода, ба шумо инчунин имкон медиҳад, ки якбор ё чандбор ба минтақаи Шенген ворид шавед. Визаи навъи "C" барои ҳаргуна сафарҳо ба монанди туризм, командировка ва ё дигар мақсад дода мешавад. Мақсади сафари худро шумо бояд дар ҳуҷҷатҳое, ки ба сафорат барои гирифтани виза месупоред, муайян намоед. Сафорат ҳуҷҷатҳои шуморо баррасӣ карда, ҷавобашро дар асоси ҳуҷҷатҳоятон медиҳад.

Визаи Шенгени навъи "D" (Ди) то як сол эътибор дошта, ба шумо барои то 180 рӯз истодан дар минтақаи Шенген имкон медиҳад. Масалан, агар шумо барои визаи донишҷӯӣ муроҷиат карданӣ ва вақти хонданатон дар хориҷа беш аз 90 рӯз аст, пас шумо бояд иҷозати иқоматро дар кишвари таҳсили худ бигиред то дар онҷо зиёдтар истода тавонед. Иҷозати иқомат ба шумо имкон медиҳад, ки дар минтақаи Шенген бемалол сафар карда тавонед. Инчунин, агар шумо ба кишвари минтақаи Шенген барои кор рафтанӣ ва онҷо дар шаш моҳ зиёд аз 90 рӯз истоданӣ бошед, зарур аст, ки иҷозати иқоматро дар ин кишвар ба даст оваред. 

Барои визагирӣ шумо бояд ба сафорати кишваре, ки тавассути он ба минтақаи Шенген дохил шуданӣ ва ё дар ин кишвар аксари вақт истоданӣ бошед, муроҷиат намоед. Мӯҳлати пешниҳоду баррассии ҳуҷҷатҳо барои визагирӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё сафоратҳои кишварҳо фарқ мекунад. Сипас беҳтар аст ба сафорат ё намояндагии дипломатии дахлдор барои фаҳмидани вақту тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро муроҷиат намоед. Шояд зарур меояд, ки пеш аз супоридани ҳуҷҷатҳо, номи худро қаблан сабт намуда, дар сафорати дахлдор мулоқот анҷом бидиҳед. Маълумотро оиди ҳуҷҷатсупорӣ ва саволҳои маъмулӣ дар сомонаи ИА метавон ёфт: http://ec.europa.eu/dgs/home-affairs/what-we-do/policies/borders-and-visas/visa-policy/required_documents/index_en.htm

Роҳи дуюм ин гирифтани визаи миллии ягон давлати узви ИА мебошад. Ингуна визаҳо фақат барои муддати кӯтоҳ ба касоне, ки ба ин ё он кишвар рафтанӣ ва онҷо кам истоданӣ бошанд, дода мешаванд. Барои гирифтани визаи миллӣ шумо бояд ба сафорати кишваре, ки онҷо рафтаниед, муроҷиат намоед. Визаи миллӣ имкон медиҳад, ки танҳо ба ин давлати Аврупо якбор ва ё чандбор ворид гардед. Барои маълумоти бештар дар бораи талаботи нав ва тартиби ҳуҷҷатсупорӣ, дастурҳои дар сомонаи кишвари дахлдор бударо, лутфан бихонед.

Иҷозати иқомат танҳо аз тарафи мақомоти давлати хориҷӣ дода мешавад. Иҷозати иқомат барои муддати кӯтоҳ ва ё дароз содир мешавад. Иҷозати кӯтоҳмуддат барои на зиёдтар аз 5 сол дода мешавад ва он барои мақсадҳои ба монанди кор ё таҳсил ва ё барои мақсадҳои оилавӣ дода мешавад. Бо иҷозати иқомат дар ягон давлати ИА шумо низ метавонед дар минтақаи Шенген озодона сафар кунед. Маълумоти муфассал оиди талаботи ба даст овардани иҷозати иқомат, лутфан аз сомонаҳои кишварҳои дахлдор ҷустҷӯ намоед.