Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюбиятдоштаро эълон менамоянд (03/12/2015)

Душанбе, 03 декабри соли 2015 – Нашри дуввуми Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюбиятдошта рӯзҳои 5-ум ва 6-уми декабри соли 2015 дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор мегардад, қайд карда мешавад. Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ мекунад ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маъюбиятдошта сафарбар мекунад.

Чорабинии якҷоя маълумотнокиро оид ба манфиатҳое, ки аз ҳамгирои шахсони маъюбиятдошта дар ҳар як ҷанбаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда мешавад, баланд мебардорад ва идеали ҷамъияти фарогирро чун роҳи ноил шудан ба рушди устувори воқеӣ пешбарӣ мекунад.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва эътилофи ҳамфикр дастгирӣ карда мешавад, ки он аз 20 ташкилотҳои миллӣ ва байналхалқӣ иборат аст, ки зери шиори “Фарогирӣ муҳим аст: дастгирӣ ва шуғли одамони дорои ҳамаи қобилиятҳо” муттаҳид шуданд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки ду самти муҳими сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёси Миёна алоқаманд карда шавад: аз як тараф рушди иқтисодӣ тавассути дастгирии корхонаҳои хурд, мушаххасан дар соҳаи ҳунармандӣ; аз тарафи дигар таҳкими субъектони ғайридавлатӣ барои ноилшавӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии бештар фарогир ва мустаҳкам.


Намоиши дурӯзаи ҳунармандӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар шарикӣ бо ташкилоти Чезвӣ ташкил карда шудааст, зиёда аз 70 ҳунармандонро ҷамъ оварда комёбиҳои охирини ҳунармандии минтақивро пешкаш менамояд. Барномаи намоишгоҳ мастер классҳои ройгон оид ба гулдӯзӣ, нассоҷӣ, расмкашӣ ва ороишдиҳӣ ва семинарҳои гуногунро дар бар мегирад, ки махсусан барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.


Дар баробари чорабиниҳои ҳунармандон чорабиниҳои фарогир барои ҳам одамони маъюбиятдошта ва бемаъюбият, ба монанди роҳгардӣ дар подиум, сурудхонӣ, намоиши хӯрока, намоиши филмҳо, намоиши иттилоотӣ ва бисёр дигар чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.


Тамос барои маълумоти бештар:

Чезвӣ: (lucapagliara@cesvioverseas.org

Ҳендикеп Интернешнл:  (project.manager.dpo@hi-cis.org)

ИҲТ: (uct.prmanager@mail.ru)                    

ЮНИСЕФ: (skawabata@unicef.org)